Азизи Нақибзод: Мақомот ҷашни ваҳдатро “тоқа” таҷлил карданиянд

  • Home
  • -
  • Азизи Нақибзод: Мақомот ҷашни ваҳдатро “тоқа” таҷлил карданиянд

Азизи Нақибзод: Мақомот ҷашни ваҳдатро “тоқа” таҷлил карданиянд

Ҳамасола 27 июн ҳамчун рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо Ваҳдати миллии имсола, аз гузаштаҳо хеле фарқ дорад. Кинатӯзиву душманҷӯӣ байни қишрҳо, фишору таҳдид барои хориҷ шудан аз узвияти ҲНИТ, як ҷониби сулҳу субот ва оромии кишвар ҷой муҳаббату дӯстӣ, бародариву хештаншиносиро гирифта. Атрофи мавзӯи Ваҳдати миллӣ “Наҳзат” силсилапурсишеҳоеро дар байни коршиносону сиёсатмадорон анҷом дода истодааст.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигор

Ҳамин мафҳуми ваҳдат ва ҷашни ваҳдат замоне сари забонҳо шуд, ки ду тарафи даргир, Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ҷонибдорони ҳукумати Тоҷикистон мехостанд ба ҳам биёянд. Дар солҳои аввали сулҳ воқеан миёни мухолифон ва тарафдорони ҳукумат як навъ ваҳдат ба миён омада буд ё дар ҳоли шаклгирӣ буд. Аммо оҳиста-оҳиста ин падида ранги дигар гирифт, намояндаҳои мухолиф ба фишор аз сӯйи мақомот дучор гардиданд. Натиҷа ин шуд, ки мақомот дар арафаи ҷашни ваҳдат аз паси барҳам додани муҳимтарин ҳизби мухолиф ҲНИТ ҳастанд ва ҷашни ваҳдатро ба қавли мардуми “тоқа” таҷлил карданиянд.

 

Саъдиддини Рустам, мушовири раиси ҲНИТ

Қабл аз ҳама тамоми мардуми Тоҷикистонро ба фарорасии иди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи ваҳдат аст, аз даргоҳи Худованд талаб дорам, ки то рӯзи қиёмат ин ваҳдат побарҷо бошад.

Қатра шуд селоб, восил шуд ба баҳр аз иҷтимо,

То ба кай бошанд ин беҳосилон аз ҳам ҷудо?

Яке аз омилҳои ваҳдат ин аст, ки инсонҳо вақте ваҳдат мекунанд, бояд якдигарро бубахшанд, кинаву нафрат нисбати якдигар надошта бошанд. Аммо вақте мебинанд, ки як тараф пойбанд ба ҳамон асосҳои ваҳдат асту он Ваҳдат вуҷуд надорад ё ин ки эҳсоси нобоварӣ мекунад, пас оҳиста-оҳиста ин ҷониб низ робитаҳои худро кандан мегирад.

Хатарҳо ба Ваҳдати миллӣ ин ҳисси нобоварӣ нисбати тарафи муқобил, ҳасад доштан, буғзу кинаву пушт гардонидан аст, ин ҳама хатарҳое ҳастанд, ки тарафи муқобилро дур карда, масири Ваҳдат дигар мешавад. Зеро ҳазрати Паёмбар Муҳаммади Мустафо (с) гуфтаанд, “Шумо ба якдигар ҳасад набаред, ба як дигар кина наварзед, ба якдигар пушт нагардонед ва ҳамон тавре, ки Худо фармудааст, бояд, ки бо ҳам бародар бошед”. Пушт гардонидан дар ин ваҳдат дар мисоли он аст, ки вақте ҷаласаву нишастҳое доир ба ин ваҳдат мешавад, тарафи муқобил даъват намешаваду дар он ҷо ҳузур надорад, оҳиста-оҳиста тарафи дигар худро қафо кашида, он умеде, ки дошт коста мегардад ва ин хатар ба Ваҳдати миллӣ дорад.

 

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ

Ба ваҳдати комили миллӣ ҳанӯз 18 сол қабл дар ҳамон рӯзи оштии Ваҳдати миллӣ расида будем. Чун агар 18 сол қабл оштиии миллӣ, яъне сулҳу субот намебуд, мо ба як хулоса намеомадем. Дар атрофи Ваҳдати миллӣ, коршиносон, улмои исломӣ, таърихшиносон, донишмандон бояд корҳои зиёди таҳқиқотӣ ва илмиро ба анҷом расонанд. Мутаассифона, ба ҳамин рӯзи Ваҳдати миллӣ то имрӯз аз ҷониби донишмандони худ баҳои дуруст дода нашудааст, яъне ин масъала ба таври бояду шояд омӯхта нашуда, дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ карда нашудааст. Аммо мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ нисбати сулҳи тоҷикон чандин асарҳои мухталиф дар дигар ҷойҳо навиштаанд.

Воқеан имрӯз бо сипарӣ шудани 18 сол душманони миллати тоҷик аз ин Ваҳдати миллӣ хеле нигаронанд, онҳо ҳар лаҳза омодаанд, ки бо баҳонаҳоии гуногун Ваҳадати миллӣ ва сулҳу суботи кишвари моро барҳам зада, ноором созанд. Аз ин рӯ, гурӯҳҳое, ки 18 сол қабл оташбас эълон карданд, бояд ба ҳар як дасиса, ҳар як пешниҳоду барномаҳои душманони Тоҷикистон дуруст назар афкананд. Зеро ин сулҳу суботе, ки чӣ аз ҷонибдории ҳукумати кишвар бо дастгирии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби худи роҳбари опозитсиюн шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва бо ибтикори Аҳмадшоҳи Масъуд, ки имрӯз мо соҳиби ҳамин сулҳ гаштем, пас инро мо бояд ҳифз кунем. Имрӯз ҳамин оромиши Ватан мухолифону душманони Ватани моро ноором кардаааст. Аз ин рӯ, албатта хатар вуҷуд дорад ва мо бояд, ки душманшинос бошем. Барои шинохти душманшиносиву хатаршиносӣ як институти махсус дар Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар доираи ҳамаи донишмандони тоҷик новобаста бо аъзои кадом ҳизб таъсис дода шавад. Дар ин мактаб дар бораи душманшиносӣ ва хатаршиносӣ дар бораи омилҳое, ки ба Ваҳдати милливу суботи кившари мо таҳдид мекунад, онҳоро биомӯзем ва ба тамоми шаҳрвандон бирасонем, ки ҳамин хатарро дарк карда, ҳаргиз ба дасисаву тавтеа дода нашаванд.

Tags:

Share:

Leave Comment