Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки тағйири ном карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон шудааст, аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта, қадам ба қадам ташаккул ёфта, дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузоштааст. Айни ҳол ҳамчун ҳаракат фаъолиятро худро идома медиҳад.
Аввалин қадамҳо
Таърихи НИТ аз рӯзи 20 апрели соли 1973 оғоз мешавад. Он вақт, дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, гурӯҳе аз шахсиятҳои далеру огоҳ – Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов (Қорӣ Муҳаммадҷон), Неъматуллоҳ Эшонзода, Одинабеки Абдусалом ва Қаландар Садруддинов – ҷунбиши пинҳониеро бо номи «Наҳзати ҷавонон» таъсис доданд. Ҳарчанд он рӯзҳо озодӣ набуд ва фаъолияти динӣ сахт маҳдуд мешуд, ин гурӯҳ орзуи ҷомеаи адолатпарвар, ахлоқӣ ва ваҳдатофарро зинда нигоҳ дошт.
Дар таърихи 9 июли соли 1990, вақте ки дар Иттиҳоди Шуравӣ равандҳои ислоҳот оғоз ёфт, намояндагони тоҷик, Сайидиброҳим Гадоев, Саидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуллоҳи Хитоб, Абдушариф Боқизода (Домулло Салмон), Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон дар анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Астрахан ширкат карданд. Ин падида оғози қадами расмии тоҷикон дар майдони сиёсат буд.
Таҳаввули расмӣ
- 26 октябри 1990 – анҷумани муассисони ҲНИТ дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин анҷуман Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо овоздиҳии умумӣ раиси ҳизб интихоб гардид.
- 26 октябри 1991 – дар айёми истиқлолияти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ ба таври расмӣ сабти ном гардид ва нахустин ҳизби исломии қонунии тамоми Осиёи Марказӣ шуд. Ин рӯз оғози марҳилаи нав буд: ҲНИТ ба минбари қонунӣ табдил ёфт, садои мардум ва рамзи эҳё гардид.
Арзишҳо ва ҳадафҳо
НИТ аз оғоз то имрӯз бо чунин арзишҳо ва ҳадафҳо қадам мезанад:
- Адолати иҷтимоӣ ва қонуният – то ҳар шаҳрванди тоҷик худро баробар ва ҳифзшуда ҳис кунад.
- Мардумсолорӣ ва иштироки фаъолона – то сарнавишти миллатро худи мардум муайян намоянд.
- Каромати инсонӣ – то ҳар як шахс бо иззат ва озодӣ зиндагӣ кунад.
- Сулҳ ва ваҳдат – ҳамчун заминаи асосии рушди давлат ва ҷомеа.
Шоистасолорӣ ва масъулият – то раҳбарӣ хизмат бошад, на манфиат.
Нақш дар таърихи Тоҷикистон
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997), ҲНИТ роҳи сулҳ ба ҷои ҷанг ва музокирот ба ҷои душманӣ-ро интихоб кард. Маҳз ҳамин мавқеъ роҳро барои имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамвор кард, ки барои ҳазорҳо оила сулҳ, умед ва ояндаи нав бахшид.
ҲНИТ дар интихоботҳои порлумонӣ (2000, 2005, 2010) намояндагони худро ба парлумон ворид карда, садои мардум шуд. Дар интихоботи президентӣ низ бо пешниҳоди номзадҳо ва барномаҳои худ саҳм гузошт. Нашрияҳои ҳизбӣ – ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» – дар тарбияи маърифатӣ ва маънавии ҷомеа нақши созанда доштанд.
Роҳбарон
- Муҳаммадшариф Ҳимматзода – аввалин раиси расмии ҳизб.
- Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – муассиси ҲНИТ, меъмори сулҳи тоҷикон ва рамзи ваҳдатофарӣ.
Муҳиддин Кабирӣ – аз 6 сентябри соли 2006 то 19 сентябри соли 2026 роҳбариро ба уҳда дошт
Исломҷон Саидов – роҳбари феълии НИТ
НИТ имрӯз
Бо вуҷуди маҳдудиятҳо, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз низ ҳамчун рамзи муборизаи осоишта барои адолат ва озодӣ боқӣ мондааст. Айни ҳол дар натиҷаи ислоҳоту тағйирот, вобаста ба самти минбаъдаи фаъолият, ҲНИТ номи худро тағйир дода, калимаи ҳизб аз номи ин созмон ҳазф шуда, минбаъд бо номи Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳаракат фаъолият мекунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ҳаракати иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва маърифатӣ фаъолияти худро бар пояи арзишҳои исломӣ ва манфиатҳои миллӣ идома медиҳад. НИТ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта, эҳтироми гуногунандешӣ ва рушди илму маърифатро аз ҳадафҳои асосии худ медонад ва дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо бо нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунад.
Паёми мо ба миллат
Мо мегӯем:
- Тоҷикистон метавонад озод бошад!
- Тоҷикистон метавонад адолатпарвар бошад!
- Тоҷикистон метавонад сарзамини ваҳдат ва умед бошад!
Мо аз гузашта илҳом мегирем, имрӯз масъулиятро ба дӯш мегирем ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорем.
НИТ — мактаби ваҳдат, адолат ва умед барои миллати тоҷик!
Мо барои Тоҷикистон – Тоҷикистон барои ҳама!
Ҳастем, мемонем, месозем!