Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Амруллоҳи Низом, хабарнигори тоҷик, ходими ҳафтаномаи мустақили “Нигоҳ”
–Ба унвони як хабарнигор, дар бораи сатҳ ва мизони озодии баён дар Тоҷикистон чӣ назар доред?
-Ба номи Худои меҳрубон. Озодии баён дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бар асоси қонунгузориҳои амалкунанда ва дар чорчӯбаи муайяне аз урфу одатҳо муқаррар шудааст. Аз сӯи дигар, озодии баён маънои таҳқиру тавҳин, тӯҳмату ҳақорат ва носазо гуфтани дигаронро надорад. Бар илова, хатҳои қирмизе дар ин самт вуҷуд дорад, ки бо убур кардани онҳо ҳар инсоне метавонад ҷони худро зери хатар гузорад.
–Шахсан худи Шумо дар навиштани матлаб то кадом ҳадду марз озоду мухтор ҳастед? Он чи ки дилатон мехоҳад, навишта ва нашр карда метавонед?
– Ман ҳамеша талош мекунам, ки аз чорчӯбаи дар боло зикр шуда хориҷ нашавам. Ба ҳамин хотир, ҳар он чи ки фаротар аз он дилам мехоҳад, аксар марид онҳоро дар хотираам ҳаккокӣ мекунам, вале айни замон ҷуръати рӯи коғаз овардану чоп кардани онҳоро надорам.
– Аз интихобот то интихоботи дигар, бахусус интихоботи президентӣ, ҳукумати Тоҷикистон бештар худкома мешавад ва бештар андаруни худ пинҳон ва панаҳ мешавад ва аз дигар тараф бо истифода аз аҳрум ва фишангҳое, ки дорад, минҷумла зӯрӣ ва қудрат пеши роҳи гуногунандешӣ дар ҷомеаро мегирад. Аммо яке аз нишонаҳо дар низомҳои демократӣ, яке аз шурути аслӣ ва усулии демократия мавҷудияти афкору ақидаи гуногун ва баҳсу баррасии аланӣ ва ошкорои онҳост, то ки як натиҷаи мусбате барои ҷомеа ба бор ва ба кор ояд. Нақши матбуот дар чунин вазъият аз чӣ иборат аст?
– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар яке аз мусоҳибаҳояш ба ин маъно гуфта буд, ки “демократия ба осонӣ ба даст намеояд”. Вақте нафари аввали кишвар чунин мегӯяд, маънои онро дорад, ки мо дар кишваре комилан демократӣ зиндагӣ намекунем. Ба ҳамин хотир, демократия гуфта, шитоб задани матбуот ҳам дарди сарсоз хоҳад шуд. Матбуот дар ҳама давру замон рисолати худашро анҷом медиҳад. Дар вақтҳои тангдастӣ матбуот метавонад ҳақиқати ҳолро ба қадри тавон гоҳ ниҳону гоҳе дигар ба истифода аз истиъораву киноя ва ғайра ба мардум бирасонад. Лекин инро ҳам бояд ба назар гирифт, касоне, ки дар матбуот кор мекунанд, одам ҳастанд, тани сиҳат, фазои озоду обод ва мисли дигарон мехоҳанд, ки дар канори зану фарзанд ва хонаводаҳояшон солим бошанд. Аз худгузаштагии аз ҳад зиёди матбуот ба марги он оварда мерасонад.
– Гоҳҳо дар нашрияҳои хусусӣ (мутаассифона дар ин авохир чунин тарзи навишт тақрибан ба раванд ва ҷараён табдил шудааст) матолибе ба нашр мерасад, ки ҳатто дар нашрияҳои расмӣ ва давлатӣ ин гунаашро пайдо намекунед. Ошкоро ва бидуни эҳтиром ба касб тамҷид ва тавсифи “калонҳо” ва “калон” мекунанд, ки хушомадгӯӣ ва косалесии қаламбадастони дарборӣ пеши онҳо ҳеҷ аст. Ин ба хотири чӣ бошад? Ба хотири “чор танга”…..
– Дар ҷомеа ҳақиқатро ҳама якранг намешиносанд. Зеро пардаҳои донишу биниш ва ҷаҳонбинии мардум аз ҳам фарқ мекунад. Як гурӯҳ он қадар ба таърифу тавсифи дигарон одат кардаанд, ки ба ғайр аз чанд нуктаи мусбат дигар чизеро дида наметавонанд, аммо гурӯҳҳои дигар баръакси он мебошанд. Аз ҷониби дигар, мардум мегӯянд, “зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад”. Эҳтимол он идда аз қаламбадастоне, ки ба қавли машҳур хушомадгӯӣ ва косалесӣ мекунанд, ба меҳру муҳаббат ё лутфу икрому инъоми фармонравоёни худ мӯҳтоҷ ҳастанд, ба ҳамин хотир даст пеши бар гузошта, таърифу тавсиф мекунанд. Яъне бо таърифу тавсифҳои худ иззату шараф ва обурӯяшонро дар гарави “чор танга” мефурӯшанд. Аз сӯи дигар, чунин афрод бо хушомадгӯӣ мехоҳанд баъзе ҷурм ё кабудиҳои худро ҷуброн кунанд, ки инаш ба назари банда хеле бад аст.
– Ба ақидаи бархе аз коршиносон дар ин авохир дар навиштаҳои хабарнигорони тоҷик, дар нашрияҳои даврӣ худсонсурӣ (тасвир ва инъикоси масъала ва мавзӯъ то ба умқ, то ба жарфно) бештар эҳсос мешавад? Ба андешаи шумо сабаб ва омилҳои пеш омадани ин муҳит ва ин вазъ чӣ аст?
– Дар панҷ соли ахир пои журналистони тоҷик чандин маротиба ба судҳои кишвар кашида шуд. Ин судбозиҳо сабаб шуд, ки хабарнигорон баъзе воқеиятҳои талхи рӯзгорро таҷриба кунанд. Баъд аз он журналистон талош мекунанд, ки муҳитро дониста ҳарфашонро гӯянд. Ба иборати дигар, агар дар навиштани баъзе матолиб худсонсурӣ накунанд, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки дар зиндагӣ аз баъзе чизҳо маҳрум шаванд. Барои мисол, оддитарин он ҷои кор аст.
– Нашрияҳои чопи Душанбе дар ташаккули афкори ҷомеа, то чӣ ҳад нақш ва асар доранд, чун ҳеҷ яке аз онҳо ҳатто 5 ҳазор тираж надоранд?
– Ман дар ин роста таҳқиқ накардаам. Аммо як нуктаро бояд зикр кунам, ки вақте тираж кам аст, табиист, ки теъдоди хонандаҳо низ маҳдуд мешаванд ва ин теъдоди маҳдуд низ чун ками андар камро ташкил дода, дар натиҷа наметавонанд дар ҷомеа таъсиргузор бошанд.
– Ба пиндори таҳлилгарон адами матолиби интиқодӣ дар нашрияҳо, набуди ҷуръат ва ҷасорат яке аз сабабҳои умдаи уфти тираж аст. Ба унвони яке аз хонандаҳои доимии нашрияҳо дар ин даҳ-дувоздаҳ соли ахир, ман ба ин фикр розиам, чун мебинам, ки теғи қалами журналистони тоҷик беш аз пеш кундтар мешавад. Шумо ба ин ақида мувофиқед ё мухолиф?
– Ман наметавонам, ба ин фикри шумо 100 дарсад розӣ бошам, чун фикр намекунам теғи қалами журналистон қасдан кунд шуда бошад, балки омилҳои дигаре ин ҷо вуҷуд доранд, ки фаъолияти журналистонро дар ин чорчӯба ба “танзим” медароранд. Ноиттифоқии журналистони тоҷик ҷамъи онҳоро парешон ва нерӯяшонро заъиф кардааст. Ин парокандагӣ ва заъфи онҳо боис шудааст, ки ҳар нафаре дар вақти навиштани матлаб аввал аз оқибати он андеша мекунад. Аз сӯи дигар, интернет то рафт ҷои матбуотро дар кишваре назири Тоҷикистони камбизоат хеле танг кардааст.
– “Фабрикаи ҷавоб”. Бархе аз матолиби бадномкунанда, ки алайҳи шахсиятҳои шинохта ва матраҳи ҷомеа ва ҳамчунин аҳзоби мухолиф ва роҳбарияти он ва бо имзоҳои мустаор ба нашр мерасанд, “мол”-и ин муассисаи зери парда гуфта мешавад. Ба унвони як хабарнигор роҷеъ ба матолиби ин фабрика ва усули пешгирифтаи он чӣ назар доред?
– Агар ҳадаф аз рисолати “фабрикаи ҷавоб” бадном кардани мухолифини фикрӣ ва сиёсии ҳукумат бошад, бояд гуфт, ки ҳар касе дар дунё бадгӯӣ карда метавонад, вале масъулини ин фабрика беҳуда заҳмат мекашанд, чун афроди “бадномшуда” ба ҳар сурате кори худашонро идома медиҳанд. Аммо агар ҳадафи он дар симои мухолифини ҳукумат бадном кардани миллат бошад, пас бояд таъкид кард, ки он хиёнат аст. Хиёнат ба ин маъно, ки аз боварҳои мардум сӯиистифода карда, бо пулу мол ва имконоти давлатӣ миллатро бадном мекунанд.
– Авоили солҳои навадумро яке аз давраҳои беҳтарини рушди матбуот ва журналитикаи тоҷик арзёбӣ мекунанд. Бархе аз соҳибназарон ҳатто нақш ва нуфузи нашрияҳои алоҳида, барои мисол “Чароғи рӯз”-ро бартар аз як ҳизби сиёсӣ арзёбӣ ва баҳогузорӣ мекарданд. Чаро имрӯз мо наметавонем чунин журналистика дошта бошем?
– Наслҳо фарқ мекунанд. Он замон насли бедору бо донишҳои рӯз мусаллат майдондорӣ мекарданд. Мисли имрӯз наздик ба ду миллон муҳоҷири овораву саргардон надоштем, ки аксарашон аз илм маҳрум бошанд. Инчунин онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ мисли ҷавонону рӯзноманигорони имрӯз мушкилоти фаровоне надоштанд. Муҳити коргузорӣ ҳам дар он солҳо фарқ мекард. Муҳимтар аз ҳама, чун насли бедору ҳушёр ва донишпараст буданд, иродаи мустаҳкам доштанд. Шуҷоати насли он замон нисбат ба тарсашон зиёдтар буд, аз мо,ҳамнаслони мо бошанд баръкс, тарсамон аз шуҷоатамон дида бештар аст. Зеро таъсири ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо ба тафаккури мардуми оддӣ, ҳамчунин аҳли қалам ва аз ҷумла хабарнигорон низ нақши худро гузоштааст.
– Матбуотро ба тариқи рамзӣ “ҳокимияти чаҳорум” унвон кардаанд. Барои он ки журналистика ва матбуоти тоҷик соҳиби чунин ҷойгоҳ ва мақом шавад, чӣ бояд кард? Мешавад матбуоти тоҷикро “ҳокимияти чаҳорум” унвон кард?
– Дар боло ишора кардам, ки расонаҳои Тоҷикистон аз ноиттифоқӣ ранҷ мебаранд. Ин парокандагӣ боис мешавад, ки “ҳокимияти чаҳорум” ташаккул наёбад. Ҳамаи расонаҳоро зери як чатр ҷамъ кардан душвор аст, вале агар аксари онҳо бо ҳадафи ташаккули ин ҳокимият бо ҳам муттаҳид шаванд, орзӯи бунёди ин ҳокимияти рамз метавонад дар ояндаи наздик ба воқеият табдил ёбад.
– Ба назари Шумо кадом мавзӯъ ё мавзӯъҳо харидори зиёдтар дорад?
– Фикр мекунам, дар ҳоли ҳозир фазои динии кишвар холӣ мондааст, мавзӯъҳое, ки дар робита ба дину диндорӣ навишта мешаванд, харидори зиёдтаре доранд. Ва инро шумори нисбатан бештари комментҳое, ки зери навиштаҳои сомонаҳо роҷеъ ба ин мавзӯъ меоянд, тасдиқ мекунад.
– Нақши расонаҳои байналмилалӣ дар бозори матбуоти кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? ВВС, яке аз расонаҳои маъруф ва мӯътабари ҷаҳонӣ мутаассифона барномаҳои худ ба забони тоҷикро қатъ кард. Ин расона ва низ “Озодӣ” барои нашрияҳои чопи Душанбе ба ҳайси манбаъи хабар хидмат мекарданд ва то ҳатто таъсири онҳо дар расонаҳо ба хубӣ мушоҳида мешуд. Оё ҳоло низ барои мисол “Озодӣ” дар мақоми пешинааш қарор дорад? Ё иваз шудааст, мисли пешина нест, чун бисёре аз хонандагони сайти он мегӯянд, ки мавзӯъҳое, ки дар ин се чаҳор соли ахир дар ин расона инъикос меёбад шабеҳи навиштаҳои “Чархи гардун” ва “Оила” аст. Назари шумо дар ин бора чӣ аст?
– Аз ин ки сатҳи “Чархи гардун” ва “Оила” нисбатан каме боло шудааст, шояд назари шумо фарқ кунад, вале “Озодӣ” бо он қадар сармояи зеҳнӣ ва пулие, ки барои Тоҷикистон харҷ мекунад, табиист, ки дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсиргузор аст. Ҳоло хубу бади онро ба хонанда ҳавола мекунем. Аз сӯи дигар, ин расонаи хориҷӣ асту ҳадафҳояш аз дигар расонаҳои дохилӣ фарқ мекунанд. Вақтҳои охир низ аз он шиддати интиқодие, ки дошт костааст. Ҳамчун хонанда фикр мекунам, ки дар сиёсати хабариаш тағйирот ба вуҷуд омадааст. Барои мисол, аз тарзи инъокиси масоили ҳамҷинсгароӣ, фаҳшгароӣ ва тарғиби сиёсатҳои ғарбӣ ҳар хонандае дарк мекунад, ки ин расона Тоҷикистонро бо чашми дигар менигарад.
– Навиштаҳои кадоме аз хабарнигорони тоҷик, ҳампешаҳоятонро бо майли тамом мутолиа мекунед?
– Тайи се чор соли ахир ҳеҷ гоҳ талош накардаам, ки пайваста матолиби навиштаи як нафарро ҷӯё шавам, балки кӯшиш мекунам, аз байни матолиби фаровон беҳтаринҳояшро ба қадри тавон мутолеа кунам.