Бобоназарова: Муроҷиат ба созмонҳои беруна ягон қонуншиканӣ нест

  • Home
  • -
  • Бобоназарова: Муроҷиат ба созмонҳои беруна ягон қонуншиканӣ нест

Бобоназарова: Муроҷиат ба созмонҳои беруна ягон қонуншиканӣ нест

Ахиран ҲНИТ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фишорҳо алайҳи аъзову ҷонибдоронаш ба созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ) ва роҳбарони кишварҳои кафил, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон муроҷиат намуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки ҲНИТ тамоми марҳилаҳои қонунӣ, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Президенти ҶТ- паси сар намуд ва натиҷае барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ба бор наовард. Шумо иқдоми ҲНИТ-ро чигуна арзёбӣ мекунед, оё роҳбарияти ҲНИТ кори дигаре метавонист дар ин замина ба анҷом расонад?

 

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос

Ҳар як шахс, ҳизб, созмон ва ё ягон ташкилот ҳуқуқ дорад, ки ба ҳама ҷо муроҷиат кунад. Танҳо баъзе корҳои судӣ ҳаст, ки онҳо бояд ҳама зинаҳоро гузаранд. Баъд ба ташкилотҳои оид ба ҳуқуқи инсони ҷаҳон муроҷиат мекунанд, яъне зина ба зина, ки дар қонун нишон дода шудааст. Аммо шахсони алоҳида, ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, ки ба ҳар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунанд. Вале дар масъалаи ҲНИТ бошад, онҳо ба тамоми ҷо дар дохили кишвар муроҷиат карданд. Ман фикр намекунам, ки ҲНИТ гӯё ин ки ба мақомотҳои дохила муроҷиат накарда бошад. Албатта, он муроҷиате, ки ҲНИТ ба мақомотҳои давлатӣ карда буду агар онҳо ба таври ҷиддӣ муроҷиати ҳизбро ба назар мегирифтанд ва ҳамон факту рақамҳоро месанҷиданд, дигар ба берун муроҷиат кардан ҳам зарурат набуд. Хуб мешавад, ки ҳамаи мушкилотро дар Ватан ҳал кардан даркор, вақте дар Тоҷикистон ҳал нашуд, дигар мардум, гурӯҳ ва ё ягон ташкилоту ҳизб ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунанд. Азбаски Тоҷикистон аъзои созмонҳои бисёри ҷаҳонӣ аст ва ҳар як ҳизбу шахс метавонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд. Муроҷиат ба созмонҳои беруна ягон қонуншиканӣ нест.

 

Абдулло Давлатов,раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Ман дар он фикрам, ки ин иқдом ҳатмӣ, хеле зарур ва иҷборӣ аст! Пайгириҳои ин масъала нишон медиҳанд, ки сабру таҳаммул ва кӯшишҳои дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал кардани масъалаҳои сохтаи худи масъулин натиҷае надоданд . Дидем, ки ҳама навиштаҳову дархостҳои қонунии ҲНИТ беэътибор монданд. Кафилони сулҳи Тоҷикистон бояд дахолат кунанд.

 

 

 

 

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос: ҲНИТ дар доираи қонун бо эҳтиром ба қонун амал намуда, тули 2-3 соли ахир ба тамоми фишору таҳдид, таҳқиру дунболгирии аъзоени худро таҳаммул кард. Дар минтақаҳо ба узви ҳизб хеле зулм карданд, бо роҳи иръобу фишор аз онҳо аризаи хориҷшавӣ аз ҳизбро гирифтанд, як қатор сабти наворҳои фаҳш, ҲНИТ-ро барои тамоми бадбахтии дунё мутаҳҳам карданд, аммо ҲНИТ сабр кард ва аз доираи қонун берун пой наниҳод. Боз ҳам ба ҳамин мақомотҳо бовару эҳтиром намуда, муроҷиат кард. Кор то ҷое расид, ки ба мақомҳои олии кишвар, аз он ҷумла ба Президент, Прокурори генералӣ муроҷиат намуда, посухе дарёфт накард ва маҷбур шуд ба ташкилотҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқ ва кафили сулқи тоҷикон арз намояд. Ба созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат намудани ҲНИТ низ дар доираи қонун мебошад. Моддаи 10- и Сарқонун санадҳои ҳуқуқӣ байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумхурӣ донистааст. Аз ин рӯ, ҲНИТ бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба созмонҳои байналмиллӣ муроҷиат намудааст.

Tags:

Share:

Leave Comment