Ахиран ҲНИТ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фишорҳо алайҳи аъзову ҷонибдоронаш ба созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, ИТ, Созмони ҳамкориҳои исломӣ) ва роҳбарони кишварҳои кафил, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон муроҷиат намуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки ҲНИТ тамоми марҳилаҳои қонунӣ, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Президенти ҶТ- паси сар намуд ва натиҷае барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ба бор наовард. Шумо иқдоми ҲНИТ-ро чигуна арзёбӣ мекунед, оё роҳбарияти ҲНИТ кори дигаре метавонист дар ин замина ба анҷом расонад?
Дар аввал ҲНИТ ба тамоми мақомотҳои зидахл муроҷиат кард ва ягон посухи муносибе пайдо накард. Сипас ба Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кард, ки посухи ӯ низ як моҳ тӯл мекашад. Дигар Шӯрои сиёсии ҳизб ихтиёр доранд, ки ба созмонҳои байналмилаӣ муроҷиат кунанд, ки ин ҳам дар салоҳияти худи онҳо аст. Ин ҳамаро ҲНИТ ба хотири ҳифзи манофеи худ анҷом дода истодааст.
Муроҷиат ба ин созмонҳо ба назари мо яктарафа шудааст, зеро он замон аз дигар ҳизбҳо низ иштирок дошта буданд. Қабл аз муроҷиат ба ин созмону давлатҳои кафили сулҳ ҲНИТ бояд, ки дар якҷоягӣ бо дигар ҳизбҳое, ки имзо гузошта буданд, маслиҳат мекард, то дигарон ҳам нуқтаи назари худро мегуфтанд. Бинобарин як ҳизб худ танҳо муроҷиат карданаш хуб нест ва ҳоҷати муроҷиат кардан ба беруна набуд, зеро ҳизб фаъолият дорад, расман манъ нашудааст. ҲНИТ метавонист дар ҳоли баста шуданаш муроҷиат мекард.
Норозигие, ки ҲНИТ худро ҳамчун як тарафи асосии сулҳ ба давлатҳои кафили сулҳ ва СММ эълон кард, ин мантиқан нодуруст буд. Аз ин рӯ, мо инро ғайримантиқиву ғайривоқеӣ донистем. Чаро, ки дар ин ҷо ИНОТ ҳам буд, танҳо ҲНИТ набуд. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон бо иттиҳоди мухолифин имзои сулҳ карда буданд. Оё намешавад, ки Наҳзат гӯяд, ки ҳукумати кишвар иттифоқи сулҳ ва ё имзои Созишномаи сулҳро танҳо бо мо карда буд. Ин ғайримантиқӣ буд ва мо дидем, ки дар ин хабар барои оромии кишвар ва парешонии мардуми мусалмон хатар аст, Маркази исломӣ ҳамчун як тавсияву насиҳат ба мардуми кишвар насиҳат кард, ки мардум огоҳу ҳушёр бошед, ба гуфтаи ҳар ҳизбе фирефта нашавед. Бедор кардани мардум ин дахолат ба сиёсат надорад, балки ҳамчун як насиҳат ба онҳо мебошад.
Ин кори худи ҳизб аст, ки онҳо чӣ кор мекард? ҲНИТ аз рӯи қонун ва мантиқу ҳикмат бояд, ки кор мегирифтанд. Хоҳ корманди Маркази исломӣ бошад ё корманди ходими дину Дастгоҳи иҷроияи президент ва кадом вазорате набошад, фарқ надорад, кӣ ҳаст, вақте ҷиноят содир кард бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд. Вақте бояд ҷинояткор назди қонун ҷавоб бигӯяд, ин маънои онро надорад, ки ин халалдор ба сулҳи тоҷикон шуда бошад. Аз ин нуқтаи назар, бояд воқеъбин ва ҳақиқатбин бошем!