Ваҳдати олуда бо ғараз қобили пазириш нест

  • Home
  • -
  • Ваҳдати олуда бо ғараз қобили пазириш нест

Ваҳдати олуда бо ғараз қобили пазириш нест

 

Мардуми кишвар дар остонаи 18-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор доранд. Аз сулҳи ба дастомада якҷониб – ҳукумат ифтихору худситоӣ дорад, аммо ҷониби дигари сулҳ, бахусус ҲНИТ зери таъқибу таҳқиру таҳдиди мақомоти кишвар қарор дорад. Ин ҳама хушунаткориҳо алайҳи аъзои ҲНИТ, аз заиф кардани фаъолияти чашмраси ҲНИТ аз ҷониби мақомот далолат мекунад.

Дар баъзе аз ташкилоту муассисот аз боби ваҳдату ба имзорасии созишномаи умумии истиқрори сулҳ бо ҳарорат ҳарф мезананд ва ин ҳама дастоварду пешрафту музаффариятҳо ва ноил шудан ба сулҳро талошу заҳмати як ҷониб маънидод мекунанд. Бигузор, аммо чаро дар остонаи ҷашнгирии рӯзи Ваҳдат чунин тасмимгириҳои олуда бо хушунати мақомот алайҳи ҲНИТ ҷоннок шудааст? Мақомоти кишвар бошанд, ҳар гуна фишору таҳдид болои аъзои ҲНИТ-ро рад мекунанд.

Зимни баромаду суханрониҳои масъулин нафаре ҳам аз нақши устодони зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нуриву Муҳаммадшариф Ҳимматзода ёдовар намешаванд, намегӯянд, ки эшон барои расидан ба сулҳ чӣ ҷонбозиҳое кардаанд? Итминони комил дорам, ки агар ҳамин афкору андеша дар сар доранд, он гоҳ ҷониби собиқ мухолифинро саҳим дар сулҳи бадастомада нахоҳанд шумурд.

Миёни мардум гуфтаест: некӣ куну ба дарё парто, дарё қадри некиат надонад, моҳиҳо медонанд, моҳиҳо надонистанд, он ҳама ба Худои якто маълум аст. Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нуриву марҳум устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва дигар ёрону атрофиёнашон танҳо ба хотири ризоияти Худованд ва осоиштагии мардум дасти сулҳу оштӣ суи рақибонашон дароз карданд. Ғаму ранҷи миллат билохира он ҳар ду ҷонфидоёни Ватанро ба бистари марг кашид.

Ин ҳама тасмимгириҳои олуда бо хушунати мақомоти кишвар алайҳи ҲНИТ кас дидаву шунида, ба худ суол медиҳад: оё метавон, итминон варзид, ки сулҳи комил дар кишвар танинандоз аст? Не, зеро теъдоде аз масъул пайи халалдор кардани рукну бандҳои созишномаи сулҳ дасту остин боло кардаанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба имзорасии созишномаи сулҳ, теъдоде аз сулҳи якҷониба тавсифшуда изҳори ташвиш карда, онро фиребу найрангу макр маънидод карда, ба фоидаи як ҷониб маънидод мекарданд. То ҷойе ин пешбиниҳову пешгӯиҳо амалӣ гаштанд: ҷониби ҳукумат дигар намехоҳад собиқ ИНОТ-ро чун сулҳовар пазироиву муаррифӣ кунад. Болои ин ҳама якҷонибабаҳогузориҳо, тасмимгириҳои олуда бо хушунати мақомотро чӣ гуна метавон шарҳу эзоҳ дод? Аз сулҳе, ки танҳо дар забон аст, аз он магар манфиате ба миллат мерасад?

Аксари масъулинро чунин хулосаронӣ нороҳат мекунад, ки ҲНИТ таҳти таъқибу фишори мақомот қарор дорад. Магар чунин нест? Худ қазоват кунед: аз рӯзи ба фаъолияти расмӣ оғоз кардани ҲНИТ болои аъзои он фишору таҳдидҳо сурат гирифта истодааст. Гоҳе узви фаъоли ҳизбро бо иттиҳомоти сохтаву эҷодкардаашон паси панҷара мешинониданд, гаҳи дигар аз зарбу лат худдорӣ намекарданд. Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот” Ҳ. Сайфуллоҳзодаро мавриди латукуби шадид қарор доданд. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаитро низ чанд авбошсурати супоришгирифтае сару даҳон шикастанд, аммо милисаву амнияту прокуратураву дигар ниҳодҳои қонунбадаст чорае надиданд. Қароргоҳи ҲНИТ-ро, ки он ҷо масҷиде буд, оташ заданд, роҳбари ҳизб устод М. Кабириро аснои дидору мулоқоташ бо мардуми минтақаи Кулоб мавриди ҳамла қарор доданд. Ба муовини раиси ҲНИТ С. Ҳусайнӣ ҳам ҳамла сурат гирифт ва даҳҳо тавтиаву дасисаи эҷодкардаашонро болои аъзои ҲНИТ таҳмил карданд.

Чун интихоботи вакилон ба парлумони кишвар сурат гирифт, рақобати носолим рӯйи кор омад ва мақомот дар муқобили ҲНИТ муборизаи рӯйросту ошкоро гирифт. Шабакаҳои телевизионии кишвар дар ҳар барномаҳои шомгоҳонаашон наворҳои сохтаву бофтаи худро ҷиҳати бадномсозии фаъолони ҳизб таҳияву пахш менамуд. Ва тӯҳматпароканиҳову таҳдиду фишори аъзои ҲНИТ идома дорад. Аммо то ба кай?

Ҳар чӣ бошаду набошад, ҷашни Ваҳдат ба кулли мардуми кишвар муборак бод. Бошад, ки ақл аз болои нафс ғолиб ояду ҳамдигарфаҳмии воқеӣ дар зеҳну замири масъулин лона гузорад.

Tags:

Share:

Leave Comment