Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Воҳидхон Қосиддинов, раиси шуъбаи интихобот, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ
– Дар ин се, чаҳор соли ахир дар робитаи давлати Тоҷикистон бо дин тирагӣ ва сардиҳое ба вуҷуд омад, ки беш аз пеш печидатар мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки мақомот дар симои диндорон ва рӯҳониёни мӯътабар як гурӯҳи мухолифро кашф кардаанд, ки пайваста онҳо мавриди таъқиб ва фишор қарор мегиранд. Барои ҷомеаи кишвар паёмад ва авоқиби ин сиёсат бо чӣ анҷом хоҳад ёфт?
-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Воқеан аз соли 2011 ин ҷониб сиёсати давлат нисбат ба дин комилан тағйир хӯрд. Рӯҳониёне, ки авомири динро холисона ва бериё, тибқи фармоиши Китоб, Суннат ва фиқҳи ҳанафӣ баён менамуданд, мавриди таъқибу фишор қарор гирифта, аз минбари масоҷид дур карда шуданд. Дар симои онҳо “мухолифони давлат” ва ҳатто дар баъзе мавридҳо “душманони давлату миллат”-ро кашф намуданд. Аз ҷониби баъзе аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, имрӯз рӯҳоният ба ду гурӯҳ, худиву бегона тақсим карда шудааст. Ба гурӯҳи худиҳо онҳое шомиланд, ки аз хатти кашидаи ҳукумат қадам берун намегузоранд ва ҳамаи фармудаҳои онҳоро ҷомаи шаръӣ мепӯшонанд. Ба гурӯҳи дуввум онҳое шомиланд, ки ҳақиқатро бе парда баён менамоянд, ҳарчанд муқобил ба хоҳишоти шахсият ё ниҳоде ҳам бошад. Гурӯҳи аввал аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ дастгирӣ ёфта, соҳиби минбари масоҷид гардидаанд ва онҳо мавриди истифодаи ниҳодҳои ҳукумати алайҳи гурӯҳи дуввумӣ, ба хусус ҲНИТ истифода мешаванд. Татбиқ ва амалӣ намудани чунин сиёсат оқибатҳои нохуш дорад ва боиси сар задани ҳар гуна норозигиҳо шуданаш аз имкон дур нест ва натиҷаи як чунин сиёсати нодурустро миллати тоҷик солҳои 1992-1997 аз сар гузаронидааст ва набояд он дубора такрор шавад.
– Бо ин ки мақомот, ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ алайҳи ин қишр як навъи муборизаро ба роҳ андохтааст, тамоюли ҷомеа ба дин бештар мешавад. Бахусус гароиши ҷавонон ба дин афзоиши бештар пайдо кард. Далели чунин натиҷа ба бор оварданро дар чӣ мебинед ва ба андешаи шумо чаро тадобири ҳукумат ҷиҳати коҳиши нуфузи дин ва рӯҳониён муассир нест?
-Дар ҷомеае, ки зиёда аз 98%- и он мусалмон аст, садгузорӣ, фишору озор дар роҳи анҷоми рукнҳои динӣ аз рӯи мантиқ нест ва он барои кам кардани нуфуз ва ё аз байн бурдани маҳбубияти дин ва диндорон бошад, табиист, ки натиҷае нахоҳад дод. Агар ҳамаи уламои дин, ҲНИТ ва мардуми озодандешро аз байн баранд, ҳам наметавонанд пеши роҳи густариши Исломро гиранд. Мардуми мусалмон бо ҳар роҳе набошад, рукнҳои Исломро анҷом хоҳанд дод ва ҳеҷ чиз садди роҳи онҳо шуда наметавонад. Эҷоди монеа натиҷаҳои баръакс хоҳад дод. Оё метавон инсонро аз хӯрдану ошомидан манъ кард, дар ҳоле, ки зиндагии инсон аз он вобаста аст? Барои фарди мусулмон адои рукнҳои Ислом мисли хӯрдану ошомидан аст. Намешавад онро манъ кард. Фишору монеагузориҳо ҳатман гароиши ҷавононро ба дин афзун хоҳад гардонд. Чунки табиати инсон тақозо мекунад, ки ба чизи манъшуда ҳарис бошад. Эҷоди низоъҳо ва қатли омми мардуми мусалмон дар саросари ҷаҳон аз ҷониби абарқудратҳо барои чист? Ҳамааш ба хотири гирифтани пеши роҳи густариши Ислом аст. Дар аввалҳои қарни нав Ватикан ва Тел-Авив аз нуфузи рӯзафзуни Ислом дар тамоми олам бонги изтироб заданд ва онро хатари аз байн рафтани масеҳият ва яҳудият маънидод намуданд. Барои гирифтани пеши роҳи густариши Ислом сарони кишварҳои ғарб ҷамъ шуда нақшаҳо омода намуданд. Аз ҳама роҳи беҳтари мубориза сиёҳ намудани чеҳраи Ислом бо часпонидани тамғаи терроризм ва экстремизм, эҷоди ихтилоф байни мусалмонон ва кишварҳои исломӣ муайян гардид. Аввалин иқдоми густарда баъд аз воқеаи пешакӣ таҳрезишудаи 11-сентябри соли 2001 дар ИМА рух дода, оғоз гардид. Бо баҳонаи аз байн бурдани лонаи гурӯҳи террористии “Ал-қоида” қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ғарбӣ вориди Афғонистон гардиданд. Гурӯҳҳо ва созмонҳои нав ба нав ташкил дода шуда, дар мамолики мусалмоннишин сафарбар карда мешаванд, ки намунаи охири он ДИИШ мебошад.
– Як масъалаи муҳим пешорӯи кишварамон ин ташаккул ва такмил додани ормони миллӣ аст, ки дар оянда ҳамагонро даври худ бояд муттаҳид созад. Аз нигоҳи шумо илоҷи ҳалли ин мушкил чӣ буда метавонад?
-Маълум аст, ки барои ҳар кишвар доштани идеяи миллӣ мардумашро муттаҳид хоҳад кард. Мутаассифона имрӯз бархе аз олимони мо идеяи миллиро дар ақидаҳои зиддидинӣ, бахусус исломӣ меҷӯянд. Гурӯҳе ба он ақидаанд, ки Ислом барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод менамояд ва баъзеи онҳо хатари парокандашавии миллат ва давлатро дар рушди Ислом мебинанд. Аз ин рӯ, ҳамеша ҳукуматро ҳушдор медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз рушди Ислом барномарезӣ намояд ва ба ҳар васила пеши роҳи Исломи сиёсӣ гирифта шавад. Онҳое, ки аз Ислом огоҳӣ доранд, ба хубӣ дарк мекунанд, ки Ислом на танҳо барои пешравӣ монеъ намешавад, балки барои рушди ҷомеа ва давлат мусоидат хоҳад намуд. Албатта, агар аз он истифодаи дуруст ба амал ояд. Коршиносон ва олимони моро зарур аст. ки ба ҷои душмантарошӣ аз Ислому муслимин, асосҳои идеяи миллиро дар дохили Ислом ҷустуҷӯ намоянд, то ин ки аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфта, боиси таҳкими истиқлолият, ваҳдат ва якпорчагии миллӣ гардад.
– Аз васоити ахбори омма роҷеъ ба қазияи полковник Гулмурод Ҳалимов-сардори дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и вазорати кишвар огаҳӣ дорем. Вай ин амали худро, ки мақомот “хиёнат ба ватан” унвон кард, вокуниши эътирозӣ ба амалкарди Вазири умури дохилӣ дар қиболи масоили мазҳабӣ, аз ҷумла таҳти фишор ва таъқиб қарор додани бонувон барои пӯшидани ҳиҷоб ва сатр ва манъ кардани ширкати ҷавонони зери синни 18 дар намоз дар масҷид эълом ва дар чанде аз сӯҳбатҳои видеоияш ҳукуматдорони кишварро “тоғут” номид. Ба назари шумо ин тавҷеҳи сарҳанг самимона буд ва ё инҷо сабабҳои дигаре ҳам ҳаст? Ин сарҳанг аз лиҳози молиявӣ таъмин буд, яъне фақир ва камбағал набуд ва аз сӯи дигар ӯ бо тамоми ҷузъиёт авоқиби амали худро медонист. Медонист, ки баъди чунин амал ӯро чӣ интизор аст? Пас, дар воқеъ сиёсати давлат дар баробари дин то ба ҳаддест, ки “ҷонҳоро ба сутӯҳ овардааст” ва як нафар шахсияти муҳим ва аз ниҳоди муҳим даст ба як чунин эътироз задааст?
-Самимона будан ё набудани сабабҳои зикршуда барои ман айён нест ва баъзе саволҳо низ ба дунбол дорад. Аммо ба назари ман байни сарҳанг ва шахс ё гурӯҳе муноқишаи сахте ба вуҷуд омадааст, ки бо вуҷуди доро будани сифатҳои зикршуда, аз ҷумлаи таъмин будан аз ҷиҳати молӣ ва доштани вазифаву ҷои кори хуб ӯ ба чунин амал даст задааст. Ба ҳар ҳол, он далелҳое, ки барои пайвастанаш ба ДИИШ-ро шарҳ додааст, то ҷое мантиқӣ ҳаст ва бояд мақомот ин масъалаҳоро ба назар бигиранд, то ин ки сафи чунин нафарон зиёд нагардад.
– Ҳоло ки як полковники вазорати кишвар, нафаре бо ин гуна ҷойгоҳи баланд аз муносибати давлат бо дин чунин навмед ва норозӣ шудааст, вазъи “поёниҳо” чи гуна бошад? Фикр мекунед, “поёниҳо” то кай тоқат ва таҳаммул хоҳанд кард? Агар як кам андеша кунед, бароятон равшан мешавад, ки тоҷик ба ҳайси мусалмон “дар миёни чор дарё …”мондааст. Бояд миёни фармудаи Худо ва талаботи қонуни давлат интихоб кунад.
-Воқеан вазъияти кишвар дар муносибат ба диндорон нигаронкунанда аст. Интихоб байни фармони Худо ва қонун барои шаҳрвандони кишвар ниҳоят душвории сахтеро ба вуҷуд овардааст. Аксари мардум барои анҷоми фароизи динии худ маҷбур қонунро поймол менамоянд, чунки дигар роҳ надоранд. Онҳо ҳамагӣ мехоҳанд, ки қонун риоя шавад. Вале дар ин мавридҳо онҳо наметавонанд барои иҷрои қонун аз амри Худо даст кашанд. Имрӯз мардуми худро дидаву дониста ба қонуншиканӣ одат мекунонем, ки ин раванд оқибати хуб надорад.
– Мушкили дигар дар масоили динӣ боз ҳам аз қавонини давлат сарчашма мегирад. Вақте то синни 18 иҷозаи гирифтани таълими диниро як нафар надорад, вай ба осонӣ тӯъмаи миссионерон ва мубаллиғони “салафия”-ву “таҳрир”-у “ваҳҳобия”-ву ғайраву ғайра мешаванд. Дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?
-Воқеан дуруст қайд кардед. Боиси ҳамаи ин мушкилот таҳия ва тарҳезии қонунҳои нодуруст ва носанҷидаи баъзе аз диншиносони атеист, ки дар парлумон қабул шудаанд, мебошад. Сабаби тӯъмаи гурӯҳҳои ифротӣ гардидани ҷавонони ноогоҳи тоҷик, маҳз ин нафаронанд. Бояд қонунҳое, ки дар роҳи адои рукнҳои Ислом барои шаҳрвандон боиси эҷоди монеа мешавад ва ҳамчунин мухолиф ба Конститутсия аст, бознигарӣ шаванд. Тадбир танҳо дар бознигарӣ ва ислоҳи қонунҳост, то мардум аз мушкилӣ наҷот ёбанд ва волоияти қонун ҳам таъмин гардад.
– Як мушкилии дигар, ки дар равобити давлат ва дин пеш омада аст, риоя нашудани принсипи аслии ҷудоии дин аз давлат ва мудохила накардани давлат ба умури динӣ ва ҳамин тавр баръакс аст. Ҳоло мақомот ошкоро ба умури дин мудохила мекунад ва ҳатто имомхатибонро мисли як мансабдори давлатӣ таъин мекунанд ва барояшон моҳона ҳам муқаррар карданд. Дар чаҳорчӯби ин барнома, ки шартан онро “лаҷомзании дин” метавон унвон кард, мақомот мавъизаҳои имомхатибонро ҳам омода мекунанд ва минбари масоҷид ба минбари “лекторон”-и собиқ ҷамъияти “Дониш”-и замони шӯравӣ мубаддал шудааст. Ростӣ, чунин намози ҷумъаҳо боис ва сабаби нарафтан ва по пас кашидани садҳо нафар аз масҷидҳо шудааст. Бархеҳо ошкоро мегӯянд, ки таҳаммули шунидани чунин ҳарфу сухани номуносиб ва бемавқеъро надоранд ва аз ин ҷиҳат тарҷеҳ додаанд, ки аз савоби салоти ҷумъа бебаҳра монанд ҳам аммо дигар тоқат ва сабрашон сар рафтааст ва ба нишони эътироз аз ширкат дар чунин намозҳо даст кашидаанд. Ин тамоюлро чи гуна арзёбӣ мекунед?
– Дар моддаи 8-и Конститутсияи ҶТ омадааст, ки “Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”. Ин моддаи Конститутсия мутаассифона аз ҷониби ҳукумат риоя намешавад. Бо муайян кардани маош ба имомхатибон мақомот лаҷоми ҳамаи онҳоро ба дасти худ гирифта, ба вазифа таъину озод ва мавъизаҳои ҳар ҳафтаинаи онҳоро омода мекунанд, ки ин хилофи Конститутсияи ҶТ аст. Бо ин кори худ мақомот мехоҳанд ҳамаи умури диниро зери контроли худ нигоҳ доранд ва мутаассифона натиҷа баръакс аст. Накӯҳишу мазаммати шахсиятҳои мӯътабар ва ҳизбу созмонҳо, бахусус ҲНИТ аз ҷониби имомхатибон обрӯю иззати онҳоро аз байн бурдааст. Ин тамоюл боиси он гардидааст, ки мардум аз ин гуна амалҳо дилсард шаванд.
– Вале, ба ҳар сурат, чунин тағйироти бунёдӣ дар муносибати дин ва давлатро дар чӣ мебинед? Чаҳор-панҷ соли пеш авзоъ комилан фарқ дошт.
-Воқеан то соли 2011 вазъият комилан дигар буд. Ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни намояндаҳои дин, аҳзоби сиёсӣ ва ҳукумат вуҷуд дошт. Аз нигоҳи ман якчанд омилҳое вуҷуд доранд, ки боиси сард шудани муносибатҳо гардиданд. Омили аввал тағйири вазъи олами Ислом мебошад. Муносибати давлатҳои абарқудрат нисбат ба Ислом дар сиёсатҳои кишвари мо таъсири амиқи худро расонид. РуйдодҳоиХовариМиёна ва бахусус кудатои низомии артиши Миср алайҳи нахустин раиси ҷумҳури мунтахаби мардумииин кишвар ва бархурди хасмона бобузургтарин ташкилотисиёсии исломӣ – ҷамоати “Ихвон-ул-муслимин”, ҳукумати Тоҷикистонро водор намудааст,то ҳамин сиёсатро дар муқобала бо чеҳраҳои саршиноси Ислом, ҲНИТ ва мухолифин дар пеш гиранд.
Омили дуввум ин густариши табиии Ислом дар Тоҷикистон ва бахусус ширкати фаъоли мардум дар интихоботи парлумонии соли 2010 ва касби зиёди раъйи мардум аз ҷониби ҲНИТ (гарчанде тақаллуб сурат гирифт, аммо шумораи ҳақиқии раъй ба мақомот маълум буд) боиси он гардид, ки мақомот эҳсоси хатари аз даст рафтани қудрат намуда, бо як ҳизби қонунмеҳвар муборизаро бо шаклҳои гуногун ва хашин роҳандозӣ намояд. Омили беруна ҳам метавонад бошад, чаро не? Мо аз воқеаҳое, ки дар кишвари Чин нисбат ба таҳқири мусалмонон сурат гирифт аз расонаҳо огоҳӣ дорем, ки чӣ гуна имомхатибонро дар як хиёбон бароварда бо шиори “намоз барои саломатии инсон зарар дорад” ба рақс маҷбур намуданд. Моҳи Рамазони имсол бошад, ҳамаи кормандони давлатиро, ки аъзои ҳизб мебошанд, аз гирифтани рӯза манъ намуданд. Агар муқоиса намоем, дар Тоҷикистон низ нисбат ба аркони Ислом қариб, ки чунин як кор сурат гирифта истодааст. Аз ин ҷо метавон натиҷа гирифт, ки шояд дар тасмимгириҳои мақомоти Тоҷикистон таъсири сиёсатҳои Чин бошад. Дигар ин ки ҳамчуноне, ки ҳамаи мо аз воқеаҳои дар мамлакати Миср ба вуқӯъ пайваста аз расонаҳо огоҳӣ дорем ва шоҳиди он гардидем, ки пас аз кудато бо ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин” чӣ муносибате сурат гирифт. Шояд ин гуна мавзеъгириҳо ва сиёсатҳо дар ин кишвар дар қиболи мусалмонҳо мақомоти моро илҳом дода бошад. Таъсири сиёсати ҳамсоякишвари мо Узбекистон нисбат ба дин ба ҳама пӯшида нест. Метавонад он ҳам таъсири худро расонида бошад. Набояд фаромӯш кард, ки дасти сионизми байналмилалӣ ҳам хеле дароз аст. Ин ҳам аз имкон дур нест. Ҳамаи ин шоядҳо бармегардад боз ба худи сиёсати дохилии кишвар.
– Ҳоло дар сафи ДИИШ, ба гуфтаи масъулини кишвар чаҳорсад тан аз атбои тоҷик пайвастааст. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин шумораро ба карат зиёдтар мешуморанд. Ба назари шумо чаро ҷавонони тоҷик бо онҳо мепайванданд?
-Фишори рӯзафзунимақомот алайҳидиндорон дар кишвар,фазоероэҷод намудааст,ки мардум аз ҳама гуна қонунмеҳвариву ислоҳот, демократияву озодӣ ноумед гардида, барои ҳалли мушкилоти худ банерӯҳоиифротӣ ва тундгаро гароиш пайдо кунанд. Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки беш аз садҳо ҷавони тоҷик ба гурӯҳиДИИШпайваста ва дар суфуфи ононмеҷанганд.Ин натиҷаи сиёсати нодурустест,кимутаассифона дар солҳоиахир дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. ДавлатиТоҷикистонро зарур аст, ҳарчӣ зудтар аз сиёсатисаркӯб намудан ва истифодаи зӯр даст кашад вагуфтугӯи созандаробайни масъулини давлатӣ, ниҳодҳои динӣ, нухбагони сиёсӣ ва гурӯҳҳои оппозисиюн ба роҳ монад. Танҳо дар якҷоягӣ ҳамаи нерӯҳои солими кишвар метавонанд пеши ҷалби ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ бигиранд.
– Як нуктаи дигар. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилӣ мақомоти кишвар бо ҲНИТ- ҳизби озмудашуда, шарики сулҳ, гурӯҳи мӯътадили исломи сиёсӣ бархӯрд ва муносибаташро комилан иваз карда ва беш аз пеш болои он ва аъзояш фишор ворид мекунад ва дар тангно қарор додааст. Ба назари шумо дар ин мавриди хос мақомоти кишвар сари чӣ эътимод доранд, ё чӣ қувва ва пуштибонҳое онҳоро чунин шердилу ҷасорат бахшидааст, ки ҳатто аз баҳри шарики сулҳи худ гузаштанианд?
– Авзоъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ба ҳукумати Тоҷикистон як шароитеро барои аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани рақиби асосии худ фароҳам овардааст. Ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти Ироқу Сурия, ДИИШ-у Украина банд аст. Исломбадбинӣ дар афзоиш аст ва ҳама дар фикри мубориза бо эктремизм ва терроризми исломӣ банд мебошанд. Ин гирудорҳо фурсати хуб барои ҳукумат аст, то аз дигарандешон ва мухолифини дунявию динии худ ба осонӣ халосӣ ёбанд. Онҳо ба андешаи ман ба ин умед бастаанд. Аммо ҳар як солимфикр медонад, ки дар кишвар ба нооромӣ роҳ додан ба хотири ҲНИТ-ро ҳамчун созмони радикалӣ нишон додан ин кори оқилона нест. Аз саҳнаи сиёсӣ дур намудани ҲНИТ дар ин шароит роҳро барои пайвастани мардум ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳамвор хоҳад кард ва дар он сурат барои онҳое, ки дар камин мунтазир ҳастанд, бо дасти худ фурсати муносиб эҷод хоҳем кард. ҲНИТ-ро аз саҳнаи сиёсии кишвар дур кардан бо бастани он имконият дорад, вале онро аз байн бурдан ғайриимкон аст. Имрӯз хатари аз байн рафтани сулҳи бо хуни ҷигар ба амал омада дар миён аст ва нигаронии ман ҳам бештар аз ин аст. Зеро вақте сулҳ аз байн меравад, онро баргардонида намешавад ё хеле мушкилот дорад. Нигаҳдории сулҳу субот барои мо муҳимтар аз ҳама чиз аст. Мо ҳама фарзандони ин марзу бумем, барои ҳамаамон ин кишвар азиз аст. Тоҷикистон – хонаи умеди ҳар яки мост! Мо ҳама аҳли як хонадонем. Дар ҳар хонадон баъзан нофаҳмиҳо сурат мегирад. Онро мешавад дар сари миз бо ҳам ҳаллу фасл намуд.
– Ва суоли охир, барои ба ҳолати оддӣ бозгардонидани робитаҳои давлат бо дин чи тавсияҳо медиҳед? Чӣ корҳоро бояд анҷом дод, то ки осоиштагӣ ва оромиву субот дар кишвари ҷангзада ҳифз шавад?
-Бояд ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, мақомот аз амалҳои ғайриқонунӣ ва саркӯбкунанда даст бикашанд. Ба ҷои ҳамаи ин корҳои ғайриқонунӣ бояд ҷонибҳо сари мизи муколима ва музокироти созанда нишаста бо истифода аз нерӯҳои солим роҳи ҳалли мушкилиҳои мавҷударо пайдо кунанд. Ҳифзи оромиву субот танҳо бо роҳи гуфтушунид ва ба ҳам омадани ҳама қишрҳои ҷомеа ба даст хоҳад омад. Бо роҳи фишору зӯр ҳеҷ як масъала роҳи ҳал пайдо нахоҳад кард. Умед дорем, ки ҳама, аз он ҷумла кишварҳои дӯст-кафили сулҳи Тоҷикистон ҳам бояд бетараф набошанд, нагузоранд, ки оштӣ ва сулҳи бо ин ҳама душворӣ ба дастомадаи тоҷикон ба осонӣ аз байн биравад ва ниёзҳои мардум нодида гирифта шавад, ҳуқуқи мардум поймол шавад. Агар як ҳизбе, ки бо ин ҳама азхудгузаштагиҳо, бо ин ҳама суботу оромиҳову мавзеъгириҳои мӯътадил аз саҳна биравад, пас ҳеҷ далели дигар барои ҷавонони тоҷик нахоҳем дошт, ки онҳо биёянд, дар чорчӯби қонун ва механизмҳои демократӣ фаъолияти сиёсии худро пеш бибаранд!