Ҳамасола тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ дар моҳи мубораки Рамазон пахши барномаҳои телевизионӣ бо ширкати уламо ва рӯҳониён сурат мегирифт. Аммо имсол бо гузашти 20 рӯзи аввали ин моҳ ҳанӯз ҳам барномае ба намоиш гузошта нашудааст. Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои кишвар имрӯз, 7-уми июн зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигор чунин шарҳ дод: “Маркази исломӣ як барномаеро рӯйи даст ҳам дошт ва бояд барномаҳо таҳия шаванд”.
Ин гуфтаи раиси Кумитаи дин дар ҳолест, ки то фарҷоми моҳи Рамазон ҳамагӣ 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Бо вуҷуди иддаои он ки 98% сокинони Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд, ин мавқеъгириро бисёри мунтақидони ҳукумат сиёсати иштибоҳӣ ва динситезӣ арзёбӣ мекунанд. Бархе соҳибназарон баринанд, ки дар ҷомеае, ки аксари онро мусалмонон ташкил медиҳанд, худдорӣ кардан аз пахши барномаҳои динӣ халои иттилоотиро ба вуҷуд меорад, ки аз он доираҳои дигар истифода мебаранд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳам дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи мардуми мусалмон ба барномаҳои исломии шабакаҳои дигари ҷаҳонӣ хеле бештар шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз дар ибтидои моҳи апрели соли равон Шӯрои уламо иттилоъ дода буд, ки барои радио ва телевизиони Тоҷикистон барномаҳои мазҳабӣ таҳия хоҳад кард ва ҳатто бар асоси ваъдаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо масъалаи вақту замони пахши ин барномаҳо дар шабакаи якум ва радиоҳои давлатӣ дар ҳоли ҳал шудан аст. Раиси Шӯрои уламо инчунин таҳияи ин барномаҳоро ба супориши Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон марбут дониста, ҳадаф аз таҳияи онҳоро бароварди ниёзҳои динии мардум унвон намуда буд.
Дар робита ба намоиш надодани барномаҳои динӣ Қобил Зафаров, як сокини пойтахт чанд омилро сабаб медонад. Ба ақидаи ин сокини пойтахт аввал аз ҳама фишорҳое, ки имсол болои мусалмонон оварда шуд, ягон соли пеш вуҷуд надошт, шояд масъулини ҳукумат бо таҳқиру паст задани арзишҳои динии мардум ва танқиду таҳқири либоси мазҳабӣ аз пахши барномаҳои динӣ шарм доштанд. Дуюм шояд мақомот бо таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи воқеъии рӯҳониёни дарбориро дарк карданд, ки онҳо обрӯ ва ҳайсияти дар байни мардум надоранд. Ва сеюм, Қ. Зафаров тарси ҳукуматро ҳатто аз рӯҳониёни дарборияш шояд сабаби пахш нашудани барномаҳо медонад.