И. Амон: ҲНИТ далели кофӣ дар даст дорад, ки…

  • Home
  • -
  • И. Амон: ҲНИТ далели кофӣ дар даст дорад, ки…

И. Амон: ҲНИТ далели кофӣ дар даст дорад, ки…

nahzat August 7, 2015 0 Comments

Ахиран ҲНИТ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фишорҳо алайҳи аъзову ҷонибдоронаш ба созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ) ва роҳбарони кишварҳои кафил, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон муроҷиат намуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки ҲНИТ тамоми марҳилаҳои қонунӣ, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Президенти ҶТ- паси сар намуд ва натиҷае барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ба даст наовард. Шумо ин иқдоми ҲНИТ-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед, оё роҳбарияти ҲНИТ кори дигаре метавонист дар ин замина анҷом бидиҳад?

 

Иззат Амон, роҳбари Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Ба гумони ман муроҷиати ҲНИТ ба кафилони сулҳ саривақтӣ ва ба маврид аст. Албатта, ҷониби ҳукумат ин иқдоми ҲНИТ-ро ҳамчун як амали душманона қабул намуданд ва вокуниши хашин ҳам нишон доданд, ки мо натиҷаи ин вокунишро ҳар рӯз дида истодаем. ҲНИТ ҷуз ин муроҷиат чораи дигаре надошт. Ба ҳар ҳол ҲНИТ масъулияти худро анҷом дод. Дар ҳолати рух додани кадом як вазъияти фавқуллода барои бегуноҳияш дар назди миллату таърих ҲНИТ далели кофӣ дар даст дорад.

 

 

 

 

 

 

Фархундаи Ҳикматуллоҳ, донишҷӯ

ҲНИТ роҳи дигаре ба ғайр аз муроҷиат надошт ва барои аз зери зулму фишори ҳукумат наҷот ёфтан роҳи дигар танҳо ба хиёбон ва кӯчаҳо баромадан буд. Ҳукумат, баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва рӯҳониёни дарборие, ки аз ин изҳороти ҲНИТ зиқ шуданд, дониста бошанд, ки ҲНИТ-ро мардум доим ба сабри зиёд доштанаш муттаҳам мекунад. Бештари мардум аз онҳо як инқилобро интизоранд. Аммо ҲНИТ боз ҳам ба созмонҳову кишварҳои ҷаҳон барои наҷоташ муроҷиат кардааст. Агар ба ҷои ҲНИТ мухолифони дигаре, ки дар берун ҳастанд, мебуданд, кайҳо ба кӯча мебаромаданд. Онҳое, ки аз ин тасмими ҲНИТ ранҷидан бояд як маротиба мард шуда биандешанд, ки онҳо дар чунин ҳолат барои ҳимояи худ чӣ кор мекарданд. Наход беномусона боз пои золимонро мебӯсиданд?

 

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ як нафари босавод, боодобу бофаҳм ҳаст, вале дар ҳамин муроҷиати худ шояд зери таъсири ягон гурӯҳе буд, ки мо инро ғайричашмдошту иғвогарона ҳисобида маҳкум кардем. Ҳоло ҳам вақт аст, ки Раёсати олии ҲНИТ бо ҳамроҳии роҳбараш сари ин масъала баргашта, фикри худро тағйир диҳанд. ҲНИТ комилан вориси як тараф буда наметавонад, зеро дар вақти Комиссияи Оштии Миллӣ ба фаъолият шуруъ кардан аз ҷониби ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки роҳбар буд ба сулҳ имзо кард ва онҳо дар дохили ИНОТ 25%, яъне аз чаҳор 1 ҳиссаро ташкил мекарданд. Имрӯз вақте мегӯянд, мо ҷониби дуввуми сулҳ ҳастем, фикр мекунам хато мекунанд.

 

 

 

 

 

Шӯҳрат Латифов, ҷомеашинос

Хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ аввал ба ИНОТ муроҷиат менамуд, баъдан ба кафилҳо. Зеро ҲНИТ дар ҳайати ИНОТ бо ҳукумат сулҳ баст, гарчанде дар музокирот ИНОТ-ро раҳбарӣ мекард, лекин аз номи ИНОТ сулҳ баста шудааст, на аз номи ҳизби алоҳида.

Tags:

Share:

Leave Comment