Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар вохӯрии худ бо донишҷӯён ба ифтихори 18-умин солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ масъалаи ба бар кардани ҳиҷобро бемаърифатӣ, гумроҳӣ ва бесаводӣ номид. Сомонаи “Наҳзат” дар мавриди то кадом андоза таъсиргузор будани ҳиҷобпӯширо ба сатҳи донишандӯзӣ ва маърифатнокии ҷавондухтарон аз коршиносону рӯшанфикрон пурсон шуд.
Ҷамолиддин Хомӯшов, раиси бахши фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Ҳиҷобе, ки гузаштагони мо мепӯшиданд васеъу фарох буд, вале ҳозира ҳиҷобро чун муд ба бар мекунанд. Албатта, аз нигоҳи шаръӣ либосҳое, ки фарох аст ва он чизе, ки дар сураи “Нур” Худованд фармудааст, барои донишандӯзӣ аз нигоҳи динӣ ягон зарар надорад. Донишандӯзӣ вобастагӣ ба либос надорад, дониш як малакае ҳаст, ки ба истеъдоду кӯшиши инсон вобаста аст. Ва ин маънои онро надорад, ки инсон пӯшида ё бараҳна бошад, дониш андӯхта натавонад.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҲНИТ
Ба назари ман ҳеҷ сару либос ё пӯшиш барои илм омӯхтан ва савод гирифтан садди роҳ шуда наметавонад. Маърифат низ ҳамоне ҳаст, ки инсон худро мешиносад. Инсон вақте Худо ва худро шинохт соҳиби маърифат, илму савод шуда, ба камоли ҳастӣ мерасад. Интихоби сару либос бошад, ҳаққи худи инсон аст. Дар ҷомеаи озоду демократӣ касе ҳуқуқ надорад, ки инсонҳоро маҷбур ба пӯшидани либосе намояд, ки ба он майл надорад. Аммо саводу илмомӯзӣ ҳеҷ рабте ба пӯшиши исломӣ ва ё пӯшишҳои дигар надорад.
Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон занону духтарони ҳиҷобдор ба қуллаҳои баланди илмӣ ва техникии муосир расидаанд. Ҳар як мусалмон бояд фаризаи Худовандро анҷом бидиҳад ва ин пӯшиши исломиро адо кунад. Яъне ин дар чаҳорчӯби шариату қавонини Ислом ҳаст, ки бояд ҳиҷоб риоя шавад. Дар баробари пӯшиши исломӣ фарз будан, савод гирифтан ҳам аз ҷумлаи муқаддасоти Ислом аст.
Зулфиқор Исмоилиён, коршинос
Ин як мавзӯи мавриди баҳс ҳам ҳаст ва маърифату дониш гирифтан ба ҳиҷобу либос ҳеҷ робитае надорад. Чунки либос ин завқи ҳар як нафар аст ва ба донишомӯзӣ алоқаманд нест. Аз гузашта медонем, ки афроде дар адабиёти классики мо буданд, ки бо вуҷуди ҳиҷобдор будан, мақоми хеле болое доштанд.
Ин масъалае ҳаст, ки дар Тоҷикистони мо дар ин авохир пайдо шудааст. Воқеан ҳам масъалаи ҳиҷобро дар Тоҷикистон баҳс кардан мумкин аст, чунки баъзе духтарони мо, ки ҳиҷоб мепӯшанд, вале ҳамааш сохтакорона ҳаст. Ба монанди он ки гӯё агар ҳиҷоб пӯшанд, мусалмонии бештар доранд, ин иштибоҳ аст.
Агар мо таърихро нигарем, як замоне буд, ки ҳиҷоб мепӯшиданд, вале ҳиҷоби тоҷикӣ умуман вуҷуд надорад, мо инро аз дигар мардум ба худ гирифтем. Мо дар кӯчаҳо мебинем, ки баъзе аз духтарон либосҳое ба бар мекунанд, ки ҳамаашонро мепӯшонанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки бо кишварҳои арабӣ ва кишварҳои дигар робита доранд. Як қисми дигарро мо мебинем, ки сатре мепӯшанд, ки шабеҳи як навъ муд аст. Ин бештар ба хотири он аст, ки ҳамқадами ҳаёти худро пайдо кунанд. Зеро дар Тоҷикистон писарон дар чанд вақти охир бештар ба Ислом гаравидаанд. Дар Тоҷикистон гӯё 90 фисад фаҳмиши мардум исломӣ ҳаст, ин хурофот аст, танҳо 10 фисади мардуми мо намоз мехонанду рӯза медоранд. Вале боқимонда ҳамаи он чизе, ки дар Тоҷикистон ҳаст, хурофот мебошад, чунки ҷавонони мо Қуръони воқеиро намехонанду намедонанд. Ҳар касе, ки амри маъруф мекунад, онро гӯш мекунанд.
Сафо Зикиров, сокини пойтахт
Аввалан ҳиҷоб фарзи илоҳӣ ва фармудаи Парвардигор аст. Дар ҳамин вохӯрӣ Президент бори дигар аз “пири мо будани Имоми Аъзам” сӯҳбат кард, вале магар духтарону ҳамсарони Имоми Аъзам (р) беҳиҷоб буданд? Ё модари Имоми Аъзам кӣ буд? Мутаассифона дар мо ҳеҷ духтари муҳаҷҷаба на дар донишгоҳе мехонад ва на дар мактабе, ки бидонем маърифату саводи онҳо аз духтарони беҳиҷоб то чӣ андоза паст аст? Афсӯс, ҳамарӯза мешунавем, ки талабаҳо дар мактаб таҷовуз ё худкушӣ мекунанд ва садҳо амалҳои ғайришаръиву корҳои дигар мекунанд ва ҳатто наворҳояшон дар интернет ҳам ҳаст. Агар ҳиҷобдорон дар макотиби олӣ мехонданд, баъдан имкон буд, ки бесаводиву бемаърифатии ҳиҷобдоронро аз беҳиҷобҳо қиёс намоем.
Нуктаи бисёр муҳим ва тааҷҷубовар он аст, ки вақте ҳукуматдорони моро ба сиёсати зиддиисломӣ муттаҳам мекунанд, чунин ҳарфҳо далели дигар ба гурӯҳҳои ифротӣ медиҳад. Чанд рӯз мешавад, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ин суханони президентро муҳокима шуда истодаанд. Бигузор, Президент ин суханро барои як гурӯҳи донишҷӯён гуфт, вале чаро мушовирон, роҳбарияти шабакаҳои телевизиони давлатӣ иҷозат додан, ки ин сухан аз тариқи телевизион пахш шавад? Аз ин гуна суханҳо садҳо ҳазор модарону хоҳарони тоҷике, ки ҳиҷоб доранд рӯҳафтода мешаванд. Аслан бояд занону духтарони ҳиҷобдор ташаббус нишон бидиҳанд ва ба додгоҳ муроҷиат карда, бемаърифату гумроҳу бесавод набудани худро собит кунанд. Ба ибораи дигар ҳиҷоб бесаводӣ, бемаърифатӣ ва гумроҳӣ нест.