Ҳамдиёрони азиз!
Инак, иди саиди Фитр пас аз сипарӣ гаштани моҳи нузули Қуръон, моҳи ибодат, раҳмат ва раҳоӣ аз оташи дузах фаро расид ва онро ба якояки Шумо табрик гуфта, аз даргоҳи Худованд қабули ибодатҳо ва мағфирати гуноҳҳоро барои ҳамагон таманно дорам. Худованд худаш рӯзаро аз дигар ибодатҳо ҷудо намуда, хос барои худ донистааст ” Ассавму ли ва ано аҷзӣ биҳӣ” – рӯза барои ман аст ва подошашро худам хоҳам дод. Имсол моҳи шарифи Рамазон ба рӯзҳои гарму тӯлонии сол рост омад, ки бори дигар устувории мӯъмининро дар баробари ташнагиву гуруснагӣ ва тобеъ кардани нафси аммора, инчунин имони онҳоро дар баробари итоат аз амри Парвардигор мавриди имтиҳон қарор дод. Табиист, ки имтиҳон саҳлу осон нест, бахусус, имтиҳони ақида ва имони инсон. Сабр дар баробари сахтиҳо, анҷоми ибодатҳо ва садақа аз моли ҳалоли хеш дар ин моҳи муборак тасдиқи амалии имон ба Офаридгор аст, ки мӯъминон онро ҳамчун ибодат, имтиҳон ва исботи эътиқоди худ қабул доранд ва анҷом медиҳанд.
Баъди ин хама ранҷу заҳматҳо Худованд (ҷ) рӯзеро барои бандагонаш муайян кардааст, то якдигарро барои сарбаландӣ дар имтиҳони душвор, қабули ибодатҳо табрику таҳсин бигӯянд, шодиву фараҳ дошта бошанд ва онро ҷашн бигиранд, ки он рӯз иди саиди Фитр мебошад. Ин рӯзро мо мусалмонон аз ду ҷиҳат бо шодиву сурур пешвоз мегирем. Нахуст, инсон аз нерӯи имонӣ ва иродаи қавии хеш меболад ва мефахрад, ки тавонист аз имтиҳони сахти илоҳӣ бигзарад. Дуввум, пешвози ин рӯз ба масобаи адои шукр ва сипос барои неъматҳост, ки тавонист рукне аз аркони дини мубини Исломро адо кунад ва тӯшаеро барои саодатмандии хеш дар охират омода созад.
Дар баробари имтиҳони имону ақида ва ибодатҳо, як қисме аз ҳамватанони азизи мо бо имтиҳонҳои дигаре низ дар шабу рӯзҳои рӯзадорӣ рӯбарӯ гаштанд, ки таҳаммули онҳо аз сабр дар баробари гуруснагиву ташнагӣ камтар набуд ва нест. Дурӣ ҷустан аз фитнаву иғво ва сабр дар баробари тӯҳмату таҳқир ба хотири миллат, ватан ва дин, инчунин, усутуворӣ дар роҳу ақида, натиҷаи тарбияи имонии инсонҳо дар мактаби Рамазон мебошад, ки дар рафтору кирдори бародарону хоҳарон имрӯзҳо мушоҳида мешавад. Бешак таъсири маънавии моҳи шарифи Рамазон дар марҳалаи баъдӣниз барои ҳифзи субот, оромӣ ва ваҳдати миллати азизамон кӯмак хоҳад кард.
Бори дигар Шумо, ҳамватанони азизро ба фарорасии иди саиди Фитр муборакбод гуфта, аз Худованд (ҷ) шодиву фараҳи доимӣ, дастархони пурғановат ва саломатиро барои ҳамагон таманно дорам. Дуо мекунам, ки сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳми миёни миллати мо пойдору абадӣ бимонад ва Парвардигор инсонҳоеро, ки ноогоҳона ё ба хотири мансабу мақому моликият ва ё ҳисси интиқом ваҳдату бародариро дар кишвар барҳам мезананд, ҳидояту ислоҳро насиб бигардонад.
Муҳиддин Кабирӣ,
раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон