Ҳамасола 27 июн ҳамчун рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо Ваҳдати миллии имсола, аз гузаштаҳо хеле фарқ дорад. Кинатӯзиву душманҷӯӣ байни қишрҳо, фишору таҳдид барои хориҷ шудан аз узвияти ҲНИТ, як ҷониби сулҳу субот ва оромии кишвар ҷой муҳаббату дӯстӣ, бародариву хештаншиносиро гирифтааст. Атрофи мавзӯи Ваҳдати миллӣ “Наҳзат” силсилапурсишеҳоеро дар байни коршиносону сиёсатмадорон анҷом дода истодааст.

Домулло Муҳаммадалии Файзмуҳаммад,собиқ узви Комиссияи Оштии Миллӣ, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ
Аз ин сулҳ 18 сол миллати тоҷик истифода бурд. Агарчӣ мушкилоти зиёди иқтисодиву сиёсӣ домангири мардум бошанд ҳам, вале ин сулҳ оромиро таъмин намуд. Шукри Аллоҳ, ки сулҳ ба мардум манфиатҳо дод. Мутаассифона, афроде дониставу надониста нисбат ба аъзои ҲНИТ назарногирӣ доранд ва фишору таҳқирҳоро нисбати онҳо раво мебинанд. Гуноҳи ҳамдигарро гузаштану ҳамдигарро эҳтиром кардан ва ваъдаву аҳду паймонҳои ду ҷониб имрӯз аз ин чизҳо чизе боқӣ намондааст. Ростӣ ин ҳамаро дида, шахс дар як ҳолати ногувор мемонад. Набояд ин хел шавад. Калимаҳои сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ калимаҳои бисёр муқаддасу бузург ва ҷомеасозанд. Худо кунад, ки дастандаркорон моҳияти ин калимот ва фарҳанги воқеияшро дарк кунанд. Ин фишорҳое, ки болои нерӯҳои равшанфикр ва ҲНИТ меоранд, роҳи ҳал ва кори хубе нест. Бори дигар, бояд сари ақл биёянд ва як фаросати хубро пеша кунанд. Агар ҳамдигарнофаҳмӣ ва нисбати якдигар беэҳтиромӣ кунанд, ин ба ноҳинҷорӣ бурда мерасонад. Ҳамчунин дар муқобили муқаддасот ва арзишҳои исломие, ки 1400 сол мешавад, мардум аз он пайравӣ доранд, ҳар кас, ҳар сухане мегӯяд, қобили қабул нест. Инро бояд фаҳманд, ки хилофи ақидаҳои динии мардум кор кардан, хилофи ҷараён кор кардан аст ва ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳояшон намерасанд. Аз ин рӯ, ба мардум бояд фаҳмонд, ки бо дини худ, бо оромӣ ва сулҳу амонӣ зиндагӣ кунанд. Дар ин моҳи муборак дуо мекунам, ҳар касе, ки иродаи носолим барои ҷомеаи Тоҷикистон дорад, мақсади нопок дорад, ҳеҷ гоҳ ба мақсад нарасад. Дуо мекунам, ки Худо кишвари моро орому обод кунад, имрӯз мардум соҳиби нон шуданд, душманони миллат коре накунанд, ки миллатро ба бесуботӣ бикашанд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон
Ваҳдати миллии кишвар Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд дар сатҳи байналмилалӣ шиносонд. Кулли дунё бо мо муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ доранд, ки ин натиҷаи дастоварди сулҳ аст. Шахсан ман фикр мекунам, ки албатта ба ваҳдати комил, ки ба якпорчагии Тоҷикистон, риояи волоияти қонун, риояи Конститутсия ва дигар ҳуқуқҳои худ, ки болои инсон аст, расидаем ва ин аз ваҳдати комил дарак медиҳад.
Албатта, дар ҳама ҳолат бояд ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар ҷомеа нигоҳ дошта шавад. Пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ, ҷараёни демократикунонии ҷомеа, ҳалли масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани зиндагии мардум бояд, ки дар мадди аввал гузошта шавад, то ин ки хатаре ба ваҳдати комили мардуми тоҷик нарасад. Президенти кишвар гуфта буд, ки “ман ба шумо сулҳ меорам”, мардуми Тоҷикитсонро мутмаин сохт, ки барои ҳифзи манфиатҳои кишвар камари ҳиммат баста, дар асоси Конститутсия зич муттаҳид шаванд.

Мунаввар Мунавварзод, таҳлилгар
Мутааассифона, коғаз ҳама чизро мебардорад, сулҳи тоҷикон фиребу найранг буд. Муддати бисту чанд сол аз тахт нафаромадани як шахс бозгӯйи он аст, ки “мухолифин-демократҳо”-ро системаи комунистӣ бародар эътироф накардааст. Гап бисёр…