М. Нарзиев: Дар Тоҷикистон ягон хел ваҳдат нест

  • Home
  • -
  • М. Нарзиев: Дар Тоҷикистон ягон хел ваҳдат нест

М. Нарзиев: Дар Тоҷикистон ягон хел ваҳдат нест

Ҳамасола 27 июн ҳамчун рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо Ваҳдати миллии имсола, аз гузаштаҳо хеле фарқ дорад. Кинатӯзиву душманҷӯӣ байни қишрҳо, фишору таҳдид барои хориҷ шудан аз узвияти ҲНИТ, як ҷониби сулҳу субот ва оромии кишвар ҷой муҳаббату дӯстӣ, бародариву хештаншиносиро гирифтааст. Атрофи мавзӯи Ваҳдати миллӣ “Наҳзат” силсилапурсишеҳоеро дар байни коршиносону сиёсатмадорон анҷом дода истодааст.

Мӯътабари Раштӣ, ҷомеашинос
Мӯътабари Раштӣ, ҷомеашинос

Мӯътабари Раштӣ, ҷомеашинос

Як тараф ҳеҷ гоҳ соҳиби сулҳ шуда наметавонад, соҳиби сулҳи Тоҷикистон дуҷониб буд ва дуҷонибро бояд воқеъбинона эътироф кард ва эҳтиром гузошт. Дар 18 соли Ваҳдати миллӣ чӣ қадар мушкилиҳо пушти сар шуданд ва як насли нав ба камол расид. Бандҳои созишномаи сулҳ, ки имзо шуда буданд, мутаассифона иҷро нагардиданд. Ваҳдати миллиро якҷониба ба насли ҷавон, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ хабар надоранд, шарҳ медиҳанд. Роҳҳои ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба инобат гирифта намешаванд, ки оянда ба Ваҳдати миллии мо хатар дорад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ҳизбҳои сиёсӣ ҳамкории мустақим дошта бошад, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар гуфтугӯи воқеъбинона бошад, то Ваҳдати миллӣ эҳсос шавад. Аммо, хатарҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки аз худи Тоҷикистон вобаста нестанд. Хатарҳое ҳастанд, ки натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба Осиёи Миёна таҳдид мекунанд. Ман ҳамчун як зан сулҳи Тоҷикистонро эҳтиром дошта, арҷ мегузорам. Ин сулҳ набояд аз ҷониби касе халалдор шавад. Ҳукумат бояд бо шаҳрвандони худ дар ҳамдигарфаҳмиву дар таҳаммулпазирӣ бошанд.

 

 

 

 

 

Мирҳусайн Нарзиев, коршинос
Мирҳусайн Нарзиев, коршинос

Мирҳусайн Нарзиев, коршинос

Ҷои таассуф он аст, ки ҳукумати феълӣ бо ибораи ваҳдат таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ ҷалб карда, худро ҳамчун ваҳдатдӯст муаррифӣ мекунад. Ваҳдат аслан байни гурӯҳҳои мухталиф, байни қишрҳои гуногуни ҷомеа як созишу ҳамдигарфаҳмӣ мешавад, ки ин чиз маънии ваҳдатро дорад. Аммо, дар ҳоле, ки як ҷониб ваҳдат мегӯяду ба фаъолияти ҷониби дигар халал ворид мекунанд, ин ба ҳеҷ ваҷҳ ваҳдат нест. Агар ба ҳаёти сиёсии кишвар назар афканем мо мебинем, ки он чизе, ки ҳукумат мехоҳад ба мардум гӯяд, ҳадафҳояш танҳо ба хотири манфиатҳои худи ҳукумат аст. Мехоҳанд, ки бо ҳамин иборабозӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кунанду ҷомеа ба ин баҳо дода, гӯяд, ки ҳукумат ваҳдатдӯст будаст. Аммо дар амал он муносибате, ки бо ҳизбҳои сиёсӣ карда истодаанд, ин идеологияи сирф пуч ва бемантиқ аст, яъне дар ин ҷо ягон хел ваҳдат нест.

Вақте дар ҷомеа ваҳдат нест, вақте проблемаҳои иҷтимоии ҷомеа солҳои дароз ҳал намешаванд ва шумораи коргарон зиёд шуда, таъмини ҷойҳои корӣ мушкилтар мешавад, вақте масъалаи маошу нафақа ба таври зарурӣ пардохт намешавад, ин ҳама хатар барои ваҳдат ва ҷомеа Тоҷикистон аст.

 

Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор
Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор

Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор

Танҳо солҳои аввал ба назар мерасид, ки созишномаи сулҳи тоҷикон марҳила ба марҳила татбиқ мешавад. Вале баъдан ин ҳам аз миён рафт. Хатарҳои зиёде имрӯз Тоҷикистонро таҳдид мекунанд ва муҳимтарини он хатари ифротгароист. Ба ҳошия ронда шудани исломиёни мӯътадил метавонад хатари ифротгароиро дучанд кунад. Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар хатари гароиши ҷавонон ба созмонҳои тундгаро афзудааст. Аммо гумон намекунам тадобире, ки ҳукумат меандешад, кофӣ бошад.

 

Tags:

Share:

Leave Comment