Ҳамасола 27 июн ҳамчун рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо Ваҳдати миллии имсола, аз гузаштаҳо хеле фарқ дорад. Кинатӯзиву душманҷӯӣ байни қишрҳо, фишору таҳдид барои хориҷ шудан аз узвияти ҲНИТ, як ҷониби сулҳу субот ва оромии кишвар ҷой муҳаббату дӯстӣ, бародариву хештаншиносиро гирифтааст. Атрофи мавзӯи Ваҳдати миллӣ “Наҳзат” силсилапурсишеҳоеро дар байни коршиносону сиёсатмадорон анҷом дода истодааст.

Умедвор будем, ки меваҳои ширини ваҳдатро мечашем. Аммо афсӯс, ки сол аз сол мӯҳлат мегузараду мебинем, ки ҷомеа тақсим шуда истодааст. Вақти имзои созишнома тарафҳо даст ба якдигар дода, қасамҳо ёд карданд, ки аз сулҳу созиш ва ваҳдат пуштибонӣ хоҳанд кард. Аммо имрӯз дида истодаем, ки гӯё сулҳу ваҳдат танҳо ба як гурӯҳ вобаста бошад. Намефаҳмам, ки ин чӣ маъно дорад. Ваҳдатро ман ҳамин хел мефаҳмам, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо як чашм ба ҳама нигарад ва ҳамаро як ҳисоб карда, ба ҳама имконияти кор карданро бидиҳад, то субот дар ҷомеа побарҷо бошад. Дар ҷаласаҳо мебинем, ки танҳо як ҷониб, фақат ҳукуматдорон дар он ширкат доранд. Ба фикри ман фишор болои ҳизбҳои мухолифу болои шахсони алоҳида ин ваҳдат нест. Асосан дар тамоми ҷаҳон мухолифонро хуб қабул мекунанд, зеро танқиди созанда ҷомеаро пеш мебарад ва ваҳдатро нигоҳ медорад. Тақсимоти ҷомеа бо худиву бегона оқибати хуб надорад. Пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ин маънои онро дорад, ки ин афрод ҷой худро дар ҷомеа пайдо накарданд. Ман ба ҷуз Гулмурод Ҳалимов дигаронро дар назар дорам, ки аксарият чунин эҳсос доранд. Вақте дар ҷомеа нобоварӣ зиёд мешавад, ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ рӯ меоранд, ин худ хатари хеле бузург аст ва метавонад суботи ҷомеаро барҳам занад. Дар кишварҳои ҳамсоя Афғонистон, суботу оромӣ нест, аз тарафи дигар бо Ӯзбекистон ҳам муносибатҳои хуб надорем, барои Чин бошад, ҳуқуқи инсон арзише надорад. Барои ҳамин метавон гуфт, ки аз ҷиҳати географӣ низ мо дар мавқеъе ҷойгир ҳастем, ки метавонад суботи мо халалдор шавад. Бо мардуми худ машварат кардан омили асосии барои таҳкими субот дар кишвар аст. Ҳукумат бояд гӯяд, ки шумо чӣ мехоҳед, чӣ пешниҳодҳое доред, биёед якҷоя мушкилиҳоро бартараф кунем. Ҳаводиси давлатҳои арабиро дидем, сабабаш дур шудани ҳукуматҳо аз мардуми худашон буд.

Дар ин шабу рӯз дигар ҷои пинҳон кардани иқдому амалкарди бархе мақомот номумкин гардидааст ва ҷуз ваҳдатшиканӣ чизи дигаре онро номидан имкон надорад. Вақте бо тамоми имконот ниҳодҳои қудратӣ барои фалаҷ сохтани фаъолияти ҲНИТ бо дастури возеҳу рӯшан як ҳаракати мардумиеро, ки сутунмӯҳраи нерӯҳои мухолифини вақтро, ки пешгоми сулҳу нигаҳдорандаи ин неъмати илоҳӣ дар кишвар дониста мешавад, монеъ фаъолияташ мешаванд, пас дигар ҷое барои мулоҳиза нест. Агарчи зимни сӯҳбати рӯбарӯ ин гуна амалкарди хилофи Конститутсияро пайваста инкор мекунанд ва агар инкор ҳам мекунанд, пас дар кишвари доираҳои дигаре ҳастанд, ки ҷанги чирикиро ба муқобили ҲНИТ роҳандозӣ карда, мардумро бори дигар ба дӯсту душман тақсим карданианд. Ҳеҷ фаҳмида намешавад, ки гуноҳи аъзои ҲНИТ дар чист? Оё агар узвияти онҳо дар ҲНИТ ҷиноят аст, пас ин масъаларо мешавад, аз роҳи қонунӣ дар миён гузошт ва набояд аз таъқибу фишор кор гирифт. Савол ба миён меояд, ки чаро фармудаҳои санади ҳамдигарбахшӣ ва воқеъиятҳои имрӯза дар таззоди ҳам қарор гирифтаанд? Фикр мекунам, чунин шакл додани як раванд хиёнат ба азму талошҳои КОМ, Сарвари давлат ва дар умум тамоми нерӯҳои сиёсии ҷомеа, ки ба хотири ҳифзи суботу оромӣ талош доранд, мебошад. Мо ба сулҳу ваҳдат расидем, вале ҳар амалу раванде, ки имрӯз оғоз ёфтаву идома дорад, ба сулҳу ваҳдат кадом рабте надорад, равандест хатарзо барои кишвар ва давлат.

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад гуфтаанд, дар бораи ваҳдат он вақт сухан гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро як хел нигоҳ кунанд. Ба ибораи дигар, нафареро, ки падари миллат мехонанд, набояд фарзанди угай дошта бошад.