Вақте интихобот баргузор шуд, аввалин фишорҳо дар Кӯҳистони Мастчоҳ шурӯъ шуданд. Аз мо даъват карданд, ки бояд фаъолияти ҳизбро қатъ кунем. Мо, ки ҳамеша дар доираи қонун амал мекардем, сабабашро пурсидем, ки аз фаъолияти мо дар ноҳия чӣ изҳори хатар доред ва чаро моро маҷбур мекунед, ки ин ҳизбро тарк кунем? Ҳама медонад, ки дар ҳар ҷое, ки баромад мекардем, ягон вақт зидди ҳукумат ҳарфе нагуфтаем. Устод М. Кабирӣ, ки дар ҷаласаҳо моро борҳо таъкид мекарданд, ки собир бошем ва нашавад рӯзе, ки мо сабукӣ кунем ва имрӯз ҳамаро ба хотири миллату Ватан таҳаммул карда истодаем. Онҳо бошанд, дар ҷавоб гуфтанд, ки аз боло дастур гирифтаанд ва бояд дар муддати 2 моҳ фаъолияти ҲНИТ қатъ шавад.
Ҳакиме мегӯяд, аз 3 нафар иҷро шудани қонунро умедвор нашавед. Касе, ки қонунро риоя намекунад, ӯ девона аст, касе ки қонунро риоя намекунад, вай мутакабир аст ва севвумин нафар кофир мебошад.
Ҳарчанд, ки имрӯз наҳзатиҳоро ҳамчун як инсонҳои бегона барои худ қабул кардаанд, аммо мо онҳоро ин гуна қабул намекунем, онҳоро бародарони худ медонем. Дар ҳамин моҳи мубораки Рамазон дуо мекунем, ки Худованд онҳоро ҳидоят кунад, то ин ки болои миллате, ки дар дунё миллати таҳқиршуда аст, аз ин зиёд таҳқир нашавад. Мо намехоҳем дигар ин миллат парокандаву дарбадар шавад, вале дар ҳар сӯҳбат онҳо моро тӯҳмат мезананд, ки “шумо гунаҳкоред, шумо мехоҳед миллатро ба ҷанг кашед”. Вале Худо шоҳид аст, ки мо аз рӯзи аввал ин хел ният надоштем, агар ҲНИТ ҷанг мехост, дар як ҳолате баромада сулҳ кард, ки тамоми имконотро дошт.
Имрӯз аз Президенти кишвар сар карда то дигар роҳбарон, ки бо ҲНИТ як робитаи хеле бадеро шурӯъ кардаанд, дуо мекунам, ки аз ин кирдорҳои худ даст кашанд. Ҳеҷ вақт фаромӯш накунанд, ки ҲНИТ душмани ин миллат нест, агарчӣ имрӯз аксарияти наҳзатиҳо дар Ватан ҷойи кор надорему дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошем, аз касе тақозои ҷой кор накардаем
Ҳамин ҳукумату кишвар обод бошад ва Конститутсия тавре, ки ҳаст, риоя шавад ва мардум дар дохил ҳамчун инсон зиндагӣ кунанд, барои мо кофӣ аст. Намефаҳмам чӣ гап аст, ки тоҷики бечора на дар дохил зиндагии хуб дорад ва на дар хориҷ, яъне таҳқир мешавад. То кай ин кор давом мекунад, албатта як рӯзе фаро мерасад он нафароне, ки нодуруст рафтор кардаанд, дар назди Худову миллату кишвар ҷавоб мегӯянд.
Аз суханронии Мирзоолим Холов, раиси бахши ҲНИТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ дар нишасти матбуотии ҲНИТ, 22 июни соли 2015, ш. Душанбе