Дар қисмати баъдии ин нишаст муовини аввали раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ, дар робита ба вазъияти кунунии ҳизб, раванди интихоботҳои гузашта, марҳилаҳои фишор ва муносибати мақомот дар маҳалҳо бо ҲНИТ сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ муддатҳост, ки ин фишорҳо дар шаклҳои гуногун ҷараён дорад. С. Ҳусайнӣ ин равандро ба 3 марҳила: марҳилаи то интихобот, марҳилаи интихобот ва марҳилаи баъд аз интихобот ҷудо намуд. Ӯ зимни тавзеҳи марҳилаи аввал аз “Протоколи 32-20” ёдовар шуда, гуфт, баъди ошкор шудани ин санад Прокуратураи генералӣ ҲНИТ-ро ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода, фишорҳо дар маҳалҳо оғоз шуданд. Дар мавриди интихоботи парлумонии моҳи март С. Ҳусайнӣ таъкид кард, ки ҳарчанд ба онҳо зиёд тавсия шуда буд, ки дар интихоб ширкат накунанд, вале ба хотири обрӯ ва имиҷи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ҲНИТ бо як фаъолияти хубе дар маъракаи пешазинтихоботӣ ҳузур пайдо намуд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд мегуфтанд, ки дар ин интихобот ҳеҷ маъние надорад ва беҳтар он аст, ки таҳрим карда шавад, вале ҲНИТ чун обрӯйи кишварро мехост дар ин интихобот ширкат кард. Дар ҳоле, ки чунин эҳсос аз қабл вуҷуд дошт, ки фишорҳои баъдӣ аз ин шадидтар хоҳанд буд.
Ба гуфтаи С. Ҳусайнӣ дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ номзадии зиёда аз 700 нафарро дар маҳалҳо пешниҳод кард, аммо номзадии аксари онҳо бе ягон далел ба қайд гирифта нашуд. Дар рӯзи интихобот бисёр қонуншиканиҳои гушношунид ба вуҷуд омаданд. Нозирони ҲНИТ ба участкаҳои интихоботӣ роҳ дода нашуданд. Ҳатто шумориши овозҳо дар ҷойҳои дигар ва берун аз участкаҳои интихоботӣ сурат гирифт. Баъдан натиҷаеро, ки худ мехостанд, барои ҲНИТ эълон карданд. Баъди шунидани ин натиҷа ҲНИТ ба ин хулоса омад, ки ба ҳеҷ куҷо шикояту даъвое набарад, чунки даъво кардан ҳам барояш беманфиат ба назар мерасид ва мо ҳамин натиҷаро қабул кардем. Дар ҳоле, ки ба воқеъӣ ва ҳаққонӣ буданаш боварӣ нест, таъкид мекунад, С. Ҳусайнӣ.
Бо ёдоварӣ аз марҳилаи севвум, марҳилаи зиёд шудани фишору таҳдидҳо барои хориҷ шудан аз узвияти ҳизб муовини аввали раиси ҲНИТ гуфт, дар ин марҳила фишору таъқибҳо оғоз гардиданд, ки аз ду марҳилаи қаблӣ шадидтару қонуншикантар ба назар мерасанд. Ин фишорҳое, ки дар кишвари мо дида мешавад аз ҳама бадтараш он аст, ки эҳтироми қонун аз байн рафт. Қонун ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби онҳое, ки ин сиёсатро ба роҳ мондаанд, арзише надорад. Чунки садҳо маротиб ба онҳо гуфта мешавад, ки бародарони азиз Конститутсияи кишвар барои ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ додааст ва шумо онро поймол доред, аммо ҳеҷ гуши шунавое пайдо намешавад.
Дар идома Сайидумар Ҳусайнӣ аз муроҷиатҳои роҳбарияти ҲНИТ ба мақомот ёд карда, афзуд, рӯзи 21-уми апрел ба Прокуратураи генералӣ, 28-уми апрел ба ВКД, 4-уми май ба КДАМ ва ҳамчунин нисбати қонуншиканиҳо ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон муроҷиат кардем. Мутаассифона, аз баъзе ин мақомот ҷавобҳое гирифтем, ки дар он маълум мешуд, ки ҳеҷ назорати воқеъӣ баргузор нашуда, ҷавобҳои бисёр рӯякӣ ба мо доданд. Ин сабаб шуд, ки мо муроҷиати ахири худро ба Президенти кишвар кардему то имрӯз умед дорем, ки ин мақоми болотарини кишвар, ин муроҷиати моро ба инобат гирифта, пеши роҳи қонуншиканиҳое, ки дар кишвар ҷараён доранд, хоҳад гирифт. Ба онҳое, ки ин қонуншиканиҳоро ба роҳ мондаанд, умедворем, ки дар асоси қонунгузории кишвар ҷавоби муносибе дода хоҳад шуд. Яъне ин умед ҳоло ҳам аз мо салб нашудааст. Ҳарчанд то имрӯз ягон дигаргунӣ дар раванди дар ҷараёнбуда эҳсос намешавад, таъкид мекунад, муовини аввали раиси ҲНИТ,
– Муҳимтарин коре, ки мо дар муқобили қонуншиканиҳо дар ин муддат кардем, ин аризаҳое, ки аз аъзои ҳизб бо роҳи фишору тазйиқ аз ҷониби мақомот кишвар гирифта мешавад ва ҳамчунин дар чанд рӯзҳои ахир, ки бисёр пофишории мақомот барои барҳам додани шуъбаву бахшҳои ҳизб дар минтақаву маҳалҳо, ки аризаву протоколҳо гирифта мешавад, ҳамаи инро ғайриқонунӣ эълон кардем. Онҳо ариза нестанд, онҳо фишор ҳастанд, ки дар мақомотҳои амнияту дигар ҷо навишта мешаванд. Яъне қаблан мақомот худ аризаҳоро омода мекунанду ба раисони шаҳру навоҳӣ мерасонанд, ки ин нафарон аз ҳизб баромаданд. Вале ба ҳар сурат метавон гуфт, ки мо ин бахш барҳамзаниҳоро, ки дар маҳалҳо дар ҷараён аст, мухолиф ба Оинномаи ҳизб ва қонунгузории кишвар медонем, мегӯяд, муовини аввали раиси ҲНИТ.
М. Ҳаит бори дигар таъкид кард, ки аризаҳое, ки ҷамъоварӣ шудааст, мувофиқи қарори Шӯрои сиёсӣ беэътиборанд. Барои мисол, танҳо дар шаҳри Панҷакент 278 ариза аз тарафи амният, умури дохила ва ҳокимияти иҷроия аз аъзову ғайриаъзо ҷамъоварӣ шуда, Шоҳида Худойбердиева, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ дар ихтиёри раиси бахш Сино Ҳасанзода гузоштааст, ки зимни санҷиш маълум гашт, ки танҳо 52 нафар узви ҳизб ҳастанду тамом.
Дар фарҷом М. Ҳаит мегӯяд, ҳамаи ин фишорҳоро таҳаммул мекунем ва бо сабр фаъолияти ҲНИТ-ро идома медиҳем. Имрӯз ҳарчӣ қадар кӯшишу заҳмати беандозаи мақомоти амният, корҳои дохила, иҷроия накашанд, ҳам ин ҷамъияти моро ба осонӣ парешон карда нахоҳанд тавонист. Боз даъват мекунем, боз ҳам толорҳоямон пур аст, боз ҷаласа меороем, боз даври ҳам конфронсҳои матбуотӣ доир мекунем.
– Ҳар он коре, ки мақомот дар баробари ҲНИТ, аъзои ҳизб, бахшҳо анҷом доданд, ин амал ғайриқонунӣ, хилофи меъёрҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Хилофи моддаҳои алоҳида дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, хилофи меъёрҳои оинномаи ҲНИТ мебошад. Оянда шоҳиди он хоҳем буд, ки ҳукуматдорони мо аз ин иқдоми ғайриинсонӣ, ғайриодобу ахлоқи инсонӣ канор хоҳанд рафт. Агар ниятҳои шуме дошта бошанд, ҳам бори дигар мегӯям, ҳизби наҳзатро ба осонӣ баста намешавад, таъкид кард, муовини раиси ҲНИТ.