Раиси бахши ҲНИТ: Барои эътиқоде, ки дорам, ҷонамро фидо мекунам

  • Home
  • -
  • Раиси бахши ҲНИТ: Барои эътиқоде, ки дорам, ҷонамро фидо мекунам

Раиси бахши ҲНИТ: Барои эътиқоде, ки дорам, ҷонамро фидо мекунам

Тавре хонандагон иттилоъ доранд, 22 июни соли равон дар қароргоҳи марказии ҲНИТ нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он ҷамъи зиёди рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд. Қурбон Маннонов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак, ки яке аз ширкаткунандагони ин нишаст, ки бо иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомот 10 шабонарӯзро дар боздоштгоҳ сипарӣ намуда буд, дар ҳузури хабарнигорон суханронӣ намуд. Қ. Маннонов бо хитоб ба қишри бедори ҷомеа гуфт, ҳарчӣ мегӯяд, аз вуҷудаш мегӯяд ва ӯ ба ин ҷаласа бо ду чиз, яке ҳалномаи суд ва дигаре шиносномаи шаҳрвандӣ омадааст. Ба гуфтаи ӯ мантиқи шиносномааш ин аст, ки бегона несту аз ҷои дигаре ба Тоҷикистон наомадааст. Ӯ худро таҳқиршуда ҳисобида мегӯяд, аз 7 то 20-уми июн мавриди фишору таҳқир қарор гирифтааст. Борҳо ба раиси шӯъбаи амнияти шаҳри Норак, Рустам Сайфуллоев пеш аз интихобот ва баъди интихобот муроҷиат намуда, даъват кардааст, ки дар асоси қонунгузорӣ ва Сарқонун бояд ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошанд. Вале дар иваз аз номбурда танҳо таъқибу таҳқир дидааст. Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду мардумсолорӣ гуфта даъво дорем, вале чунин қонуншиканиҳо ба чашм мерасад. Бародарони азиз, ба инсоф биёед, барои эътиқоду ақидае, ки дорам, ҷонамро фидо мекунам, таъкид мекунад, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак. Ҳамчунин номбурда мегӯяд, дар интихоботи парлумонӣ номзадии 15 нафарро пешниҳод кардем, ки ҳамагӣ 2 нафар ба қайд гирифта шуд. Раиси мақомоти иҷроия дар шаҳри Норак Назарова, ки аз Раисиҷумҳур намояндагӣ дорад, аз соли 1996 то имрӯз 13-ум раисе ҳаст, ки ман мебинам, вале чунин як муносибат бо ҳизби сиёсиро дар кишваре, ки даъвои демокративу ҳуқуқбунёдӣ дорад, дур аз мантиқ аст.

Дар идома Қ. Маннонов бо ифшои иштибоҳи мақомоти судӣ афзуд, ман соҳиби 5 фарзанд ҳастам, аммо дар ҳалномаи суд фарзандони маро 4-то нишон доданд. Ҳамчунин дар ҳалнома маро ба он муттаҳам кардаанд, ки гӯё ман Роҳбари давлатро таҳқир карда бошам. Худатон қазоват кунед, агар як нафар бигӯяд, ки забонам намегардад Ҷаноби Олӣ гӯям, магар гуноҳ кардааст?, савол гузоштааст, Қ. Маннонов.

Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак аз он шикоят дошт, ки ду нафар Сайфуллоев, раиси шуъбаи амнияти шаҳр ҳамроҳ бо Дилшод Холов аз Прокуратураи генералӣ ба хонааш рафта, ӯро ба дурӯягӣ ва дутарафа буданд, тӯҳмат задаанд. Дилшод Холов дар ҷамъи мардум ба ҳамсари ӯ гуфтааст: “Ҳизби наҳзат хунхуру хунрез аст, шавҳари ту низ чунин мебошад”. Маро муддати 10 рӯз бидуни ягон далел боздошт карданд. Оё ман хоинам, оё ман садоқат ба Ватану миллатам надорам. Имрӯз прокурор кор намекунад, амният бошад ба истироҳ рафтааст. Далел ёбанд, ки кӣ ин варақҳоро дар дохили утоқи кории бахши Ҳизби наҳзат партофтааст. Амният бояд гунаҳкорро ёбад, агар намеёбанд пас ин кори сохтаи худашон мебошад.

Ҳамзамон меҳмони дигари нишасти матбуотӣ Нуъмониддин Шарифов, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд дар ҳузури рӯзноманигорон суханронӣ намуда, вазъият дар вилояти Суғдро хеле нигаронкунанда тавсиф намуд. Ба гуфтаи ӯ дар вилоят таъқибу фишор ва таҳдидҳо болои аъзои ҳизб зиёд ба назар мерасад. Ҳатто мақомот аз номи аъзои ҳизб худсарона аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро навишта, ба раисони бахшҳои ҳизб дар вилоят мефиристанд ва маҷбур доранд, ки бахшҳо баста шаванд. Ба гуфтаи ӯ дар Исфара, Спитамен ва Зафаробод мардумро тариқи фишор аз сафи ҳизб бароварда истодаанд. Барои бастани шӯъбаҳои ҳизб раисони ҳизбро фишор меоранд, ки ҲНИТ дар вилояти Суғд вуҷуд надорад.

Tags:

Share:

Leave Comment