Раиси МТС ҲХДТ-ро ба ҷояш мешинонад?

  • Home
  • -
  • Раиси МТС ҲХДТ-ро ба ҷояш мешинонад?

Раиси МТС ҲХДТ-ро ба ҷояш мешинонад?

 

Бисёриҳо баъди мутолиаи муроҷиати Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ шарораи умедро дар дилҳо эҳсос карданд. Умеде пайдо шуд, ки шояд акнун ақли солим боло мегираду пеши роҳи қонуншиканиҳо дар Тоҷикистон гирифта мешавад. Чунки ҳар рӯз шунидани қонуншиканиҳои ҳомиёни қонун дили касро мегирад ва умедҳоро барои бунёди давлати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ барбод медиҳад. Зиёд шунида мешуд, ки мо зиёиёну равшанфикру равшанзамири зиёде дорем, ки ба ҳар навъе набошад, аз қонуният ва давлати қонунмеҳвар ҳимоят хоҳанд кард. Вуҷуди ҳашт ҳизби дигари сиёсиро дар кишвар бисёриҳо фоли нек мепиндоштанд, ҳарчанд “киссагӣ”-ву бебахшу беаъзо будани бархе аз онҳо чун офтоб дар рӯзи равшан маълум буд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам боварӣ ҳаст, ки афроди лоиқу сазовор дар саффи ин аҳзоб кам нестанд. Ҳарчанд имрӯз садо баланд намекунанд, вале ин маънои бетараф будани онҳо нисбат ба мушкилиҳои миллату кишвар нест ва ба ибораи маъмулӣ “онҳоро ҳам бояд фаҳмид”.

Ба ҳамааш бемории сахт ва дермуолиҷае, ки домангири ҷомеаи имрӯз гаштааст, гунаҳкор аст ва ҳатто аъзои солим ҳам ба назар намоён намешаванд, ҳарчанд, ки ҳастанд. Ин бемории хушомадгӯиву тамаллуқ ва намакношиносист. Бемориест, ки ҳама сифоти ҷавонмардиву ҳақгӯиву ҳақпарастиро лолу бемадор кардааст. Чунин менамояд, ки дигар чашми ҳақбине дар Тоҷикистон боқӣ намондааст, ки воқеъиятҳоро бубинад, ки дар кишвар чиҳо мегузарад?

Болои ин ҳама ноумедиҳо изҳори нороҳатии Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳизбҳои коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва демократи Тоҷикистон аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ дар бораи он ки гӯё бандҳои ин созишнома иҷро намешавад, касро ба андеша вомедорад, ки ин ҳама доду бедоди Раёсати Олии ҲНИТ аз набудани эҳтиром ва волоияти қонун воқеъӣ набошанд. Ин тоифа замоне, ки аъзову ҷонибдорони ҲНИТ мавриди озору боздошту шиканҷа қарор мегирифтанд, гӯё чизеро надиданду нашуниданд. Даҳҳо ва садҳо далелҳое, ки дар расонаҳо нашр шудаву ба самъи ҷомеа расонида шуд, ки дар Тоҷикистон эҳтирому волоияти қонун дигар боқӣ намондаву мақомоти амниятиву дохила бо забон иқрор мекунанд, ки барои мо “қонун-понун” нест, магар метавон хомӯш нишаст? Агар ҷавонмард бошанд ва пойбанд ба қавли мардона бошанд, як маротиба дар танҳоӣ дар шоҳидии имону виҷдонашон муроҷиатҳои ҲНИТ-ро мутолиа намоянд, куҷоӣ он дурӯғ аст? Агар дурӯғ мебуд, ба Прокуратураи генералӣ, КДАМ, ВКД, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва ҳатто ба Президенти ҶТ роҳбарияти ҲНИТ бо ариза муроҷиат мекард?

Ин дӯстон набояд нороҳат шаванд, худро як маротиба ба ҷои як наҳзатӣ тасаввур кунанд, ки агар ин гуна фишор болояшон омад, даст ба чӣ коре мезаданд? Онҳо то ҳол дарди гози мурчаро дар худ эҳсос накардаанд ва ҳамин аст, ки барои чоплусиву тамаллуқкорӣ садо баланд доранд…

Ҳақ ба ҷониби баъзе коршиносон ҳаст, ки мегӯянд, ки ҷангу сулҳи тоҷикон ҳанӯз аз нигоҳи коршиносӣ омӯхта нашудааст. Аксари мардуми Тоҷикистон возеҳу дақиқ намедонанд, ки ИНОТ чӣ гуна рӯй кор омадааст ва киҳоанд муассисони аслии ин созмон, ки зери санади сулҳ роҳбари он имзо гузоштааст. Иддаоҳои бемавриду бемантиқ зиёд садо медиҳанд, ки изҳороти Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ намунаи ин гуфтаҳост. Нафаре, ки худ бар асари рӯёрӯиҳои солҳои навад дар баҳри пурталотуми бӯҳронҳо дар ҳоли ғарқ шудан буд, умеде ба наҷот надошт, ҲНИТ барои ӯ дасти бародариву кӯмак дароз кард. Аз ботлоқи ноумедиҳо ба ӯ нури умед бахшид, шароиташро муҳайё кард, ӯро савори киштие кард, ки нохудои он марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нуриву ёронаш буданд. Аз ҳеҷбудае кас сохта шуд. Ба шарофату инояту хайрхоҳии нохудоёни киштӣ ҳеҷбудагони зиёде гирдиҳам ҷамъ оварда шуданд, барои баъзе, ки бо сару либоси даридаву пойафзолҳои сурох дар кӯчаҳои сарди Маскав мегаштанд, тамоми шароитро фароҳам оварданд, то онҳо низ эҳсосу масъулияте дошта бошанд. Шарораи умедро дар дилҳои онҳо барои бозгашти сарбаландона ба Ватан, ба хонаву дар, ба назди пайвандону наздикон, ки иҷборан тарк намуда буданд, шӯълавар сохтанд. Вақте сухан дар бораи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин мерафт, баъзеи онҳо бо нобоварӣ ва ноумедӣ ҳарф мезаданд, гӯё роҳи ҳалле ба ҷуз сар фуруд овардан ба бечорагиву ғарибӣ чораи дигаре нест. Аммо, роҳбарони ҲНИТ бо дурандешиву дирояте, ки доштанд, ин афроди ноумедшударо дуввумбора ба зиндагӣ дилгарм сохтанд. Барои онҳо пулу мол ва зиндагӣ дар меҳмонхонаҳои барҳаворо таҳия намуданд, то дилгармие ба зиндагӣ ва миллату Ватан дошта бошанд.

Ба ҳар кас рӯзи неъмат аҳд бастӣ,

Фаромӯшаш макун, дар тангдастӣ.

Чу ноне хурдай, хонро маяндоз,

Намак хурдӣ, намакдонро маяндоз.

Бо паси сар шудани давраҳои музокироти сулҳ, дар ниҳоят талошҳо натиҷа доданд ва рӯзи 27 июни соли 1997 ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошта шуд. Афроде, ки тасодуфан савори ин кишти шуда буданд, чун ҳадафе ба ҷуз мансабу ҷоҳу ҷалол надоштанд, вақте ба соҳил расиданд, яке паси дигаре сафи иттиҳодро тарк карданд. Ҳарчанд ба онҳо гуфта шуд, ки ҳанӯз ин соҳил-соҳили наҷот нест, аммо…

Баъди чанде вақте бемансабу бевазифа монданд, боз иттиҳод ба ёдашон заду рӯ ба устод Нуриву ёронаш оварданд. Шояд дар ёди худи Х. Холиқназарзода ҳам бошад, ки баъди бевазифа монданаш, дунболи марҳум устод Нуриву ёронаш барои эҳёи дубораи ИНОТ талош мекард…

Имрӯз бошад, стратеги №1 гӯё ҲНИТ-ро ба ҷой худ шинонданист. Аҷабооо… ҲНИТ магар коре хилофи қонун кардааст? Агар инсоф, адолат ва қонун бошад, бояд ба доду фарёди аъзои ҲНИТ расидагӣ шавад. Оморҳои расмӣ гувоҳи онанд, ки ҷиноятҳои аъзои ҲНИТ 1% дар сатҳи ҷумҳуриро ташкил намедиҳанд. Боқӣ 99% тибқи оморҳои расмӣ ҳама аъзои ҲХДТ, раисони ҷамоату хизматчиёни давлатӣ ҳастанд, пас Худойбердӣ Холиқназарзода бояд ин ҳизбро ҳам ба ҷояш шинонад?

Албатта, рӯзҳои гузашта ҳама моли таърих аст, аммо инсони солим гузаштаро сабақи имрӯз медонад. Аммо ин нукта ҳам набояд ҳаргиз фаромӯш шавад, ки ҳеҷбуда ҳеҷ вақт комил намешавад, агар замину осмонҳо ҳам ба ҳам биёянд, ӯ боз ба ҳеҷаш бармегардад…

Tags:

Share:

Leave Comment