Дар Тоҷикистон ҳарчанд қонунгузорӣ барои омода ва таҳия кардани санадҳои тақаллубӣ ҷазои ҷиноятӣ ҳам пешбинӣ карда бошад, вале бархе масъулин дидаву дониста даст ба ҷиноят мезананд. 10-уми июли соли равон дар ҷаласаи раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат масъалаи сохтакорӣ ва тақаллубӣ тартиб додани протокол ва аризаи аз ҳизб хориҷ шудани раиси бахш Ҳамзабек Нуров баррасӣ гашт. Ба гуфтаи аъзои раёсати бахш ду фарди ношинос худро кормандони почта муаррифӣ карда, ба нигаҳбони қароргоҳи марказии ҲНИТ лифофаи сарбастаеро доданд, ки дар дохилаш аризаи Ҳ. Нуров ва протоколи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат ҷой карда шуда буд.
Ҳамзабек Нуров, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат ин ариза ва протоколро кори сохтаи доираҳои масъули шаҳри Ваҳдат дониста, мегӯяд, ҳатто афродеро, ки номҳояшон дар протокол омадааст, намешиносад. “Имзоҳо қалбакӣ ҳастанд, танҳо Зокир Саидов, ки соли 2011 бо аризаи шахсии худ аз ҳизб хориҷ шуда буд, ӯро мешиносаму халос. Ва он нафароне, ки дар он протокол имзо карда буданд ягон нафарашро намешиносам”, таъкид мекунад, раиси бахш.
Дар идома аъзои раёсати бахш тартиби чунин протокол ва аризаро аз номи раиси бахш маҳкум намуда, ба ғайриқонунӣ будани онҳо таъкид намуданд. “Протокол ва аризае, ки дирӯз аз маркази ҲНИТ ба мо расид, онро шадидан маҳкум мекунем, зеро дар он имзои ягон узви ҲНИТ нест, рақам ва мӯҳр ҳам надорад”.
Зимни суханронии худ, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат Ҳ. Нуров мегӯяд, ин гуна муносибати мақомот дар кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қобили қабул нест. Даҳҳо бор ба онҳо гуфта шудааст, ки салоҳияти барҳам додани шуъба ва бахшҳои ҳизбӣ танҳо Раёсати Олии ҳизб дорад ва ҳатто раиси ҲНИТ наметавонад, бахшҳои ҳизбиро бо дастури худ қатъ намояд. – Ман намефаҳмам, ки чаро барои ин кор мақомот аъзои ҳизбро маҷбур мекунанд, ки ариза нависанду бахши ҳизбро банданд, дар ҳоле ин нафарон масъулият ва салоҳият надоранд. Барои мисол, шахсан худи ман, агар аз масъулият рафтанӣ шавам, бояд қабл аз ҳама аз раёсати бахш иҷозат бигирам, баъд ба раиси шуъбаи минтақавии ҲНИТ муроҷиат кунам. Ва танҳо дар сурати мувофиқати роҳбарият метавонам аз масъулияти ҳизб хориҷ шавам, меафзояд, Ҳ. Нуров.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат мақомот як амалҳои ғайриқонуниеро анҷом медиҳанд, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Ба бахши ҳизб 67 нафар бо вуҷуде, ки аъзои ҳизб нестанд, муроҷиат карданд, ки ба онҳо бояд маълумотнома бидиҳем. 21 нафари дигар узви ҳизбро тариқи фишор аз ҳизб хориҷ карданд, ки ҳамашон дар баёнотҳои худ ба роҳбарияти ҳизб вуҷуди таҳдиду фишорро тасдиқ кардаанд, мегӯяд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон Маҳмадалӣ, раиси ҷамоати Симиганҷ дар сӯҳбате эътироф кардааст, ки онҳо бо роҳи таҳрифкорӣ аризаҳои зиёдро ҷамъоварӣ намуда, протоколи қатъи фаъолияти ҳизбро тартиб додаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа раёсати бахши ҲНИТ аз мақомоти дахлдори шаҳри Ваҳдат даъват ба амал овард, ки ба эҳтироми Сарқонун ва муқаррароти қонунгузории кишвар пойбанд бошанд ва онҳоеро, ки даст ба тақаллуби санадҳо задаанд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ бикашанд.