Раёсати бахши ҲНИТ дар Рӯдакӣ: То бозгашти раис, масъулиятро муовин ба дӯш мегирад

  • Home
  • -
  • Раёсати бахши ҲНИТ дар Рӯдакӣ: То бозгашти раис, масъулиятро муовин ба дӯш мегирад

Раёсати бахши ҲНИТ дар Рӯдакӣ: То бозгашти раис, масъулиятро муовин ба дӯш мегирад

Чанд рӯз қабл ҷаласаи иҷроия ва раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои раёсати бахш ва масъулин иштирок намуда, аз фаъолияи худ дар ташкилотҳои ибтидоӣ гузориш доданд. Бар асоси гузориши масъулин новобаста аз мушкилиҳо дар самти муносибати мақомоти давлатӣ бо аъзои ҲНИТ аксари ташкилотҳои ибтидоӣ ҷаласаҳои худро баргузор намуда, нашрия ва маҷаллаҳои ҳизбиро ба шаҳрвандони обунашуда ва мухлисону ҷонибдорони ҳизб дар ин моҳ расониданд.

Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, ки ба рухсатӣ рафтани раиси бахши ҲНИТ дар ноҳия Муҳаммадӣ Тешаев буд, дар ибтидо аъзои раёсати бахш талаб карданд, ки раиси бахш набояд ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин шабурӯз ба рухсатӣ барояд. Аммо тавре худи М. Тешаев тавзеҳ дод, азбаски мақомоти давлатӣ дукони доруфурӯшии (аптека) ӯро, ки бо маблағи қарзӣ сохта шуда буд, вайрон карданд, дигар ӯ тавони пардохти қарзи бонкро надорад ва маҷбур аст, ки муддате ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар кунад. Бо иттифоқи аъзои раёсати бахш то бозгашти М. Тешаев масъулияти раисиро ба дӯши муовини ӯ У. Давлатов вогузор карданд.

Tags:

Share:

Leave Comment