Дирӯз дар толори қароргоҳи марказии ҲНИТ ҷаласаи Раёсати Олии ҲНИТ баргузор гардид, ки дар кори он аз шаҳру навоҳии кишвар аъзои он ширкат доштанд. Дар ибтидо ҷаласаро С. Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, сабабҳои зарурати даъвати ҷаласаи Раёсати Олиро барои ширкаткунандагон тавзеҳ дод. Ба гуфтаи муовини аввали раиси ҲНИТ имрӯзҳо вақте ҷои ҳамкориву ҳамдигарфаҳмиро фазои беқонунӣ, беэҳтиромӣ ва набудани эътимод нисбати якдигар дар кишвар гирифтааст, Раёсати Олии ҲНИТ бояд ин равандро таҳлилу баррасӣ намояд ва барои дурнамои фаъолияти ҳизб тасмим бигирад. Дар идома М. Ҳаит бо гузориши муфассал атрофи вазъияти сиёсии ҲНИТ баромад намуда, афзуд, бо ошкор шудану расонаӣ гардидани барномаҳои махфӣ тайи солҳои 2011-2015 мақомоти давлатии Тоҷикистон волоият ва эҳтироми қонунгузорӣ ва Сарқонуни ҶТ-ро комилан канор зада, кишварро бо қонунҳои нонавишта идора доранд. Бо овардани садҳо далел М. Ҳаит таъкид кард, ки амалҳои мақомот бар хилофи меъёрҳои қонунӣ ва ахлоқӣ буда, ба рӯҳияи Ваҳдати миллӣ созгор нестанд. Ҳарчанд бар асоси гузоришҳои бардурӯғи мақомот, ки дар аксари шаҳру навоҳӣ гӯё фаъолияти ҲНИТ қатъ шуда бошад, ба воқеъият рост намеояд. Фаъолият тибқи барномаҳои моҳонаву солона дар шӯъбаву бахшҳои ҳизб дар ҷараён аст, таъкид намуд, М. Ҳаит. Дар ҳамин ҳол, С. Ҳусайнӣ бо ишора ба ҷаласаҳои моҳонаи шӯъбаҳои минтақавии ҲНИТ дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, ки худ таҳти сарпарастии як ҳайати ҳизбӣ дар кори ҳар ду ҷаласа ширкат дошт, афзуд, фазоеро, ки дар ҷаласаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа дидааст, барои ӯву ҳамроҳонаш хеле фараҳбахшанд. Дар ҷаласаи минтақаи Кӯлоб ба ҷуз бахши ҲНИТ дар Восеъ ва дар ҷаласаи Қӯрғонтеппа ба ҷуз бахши Қубодиён дигар тамоми раисони бахшҳо ва масъулони фарҳангиву интихобот ширкати фаъолона доштанд.
Аъзои Раёсати Олии ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Саидмурод Нозиров, Қиёмиддин Аваз, Воҳидхон Қосиддин, Абдусамад Ғайратов, Муҳаммадшариф Набиев, махдуми Абдусаттори Карим, ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, Абдуқаҳҳори Давлат, домулло Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва эшони Давлатхоҷаи Муҳаммадуллоҳ суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар қиболи фишору таҳдид ва амалҳои ғайриқонунии мақомот баён доштанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳарчанд мақомот гӯё дар баъзе навоҳӣ аризаҳои хориҷшавии аъзо ва ҳатто протоколи қатъи фаъолиятро таҳия кардаву бо муҳри ҳукуматҳо тасдиқ намудаанд, аммо бори дигар бо ишора ба қарори Шӯрои сиёсӣ аз 8 майи соли 2015 таъкид карда шуд, ки аризаҳои хориҷшавӣ аз ҲНИТ ва протоколҳои сохтаи мақомот барои қатъи фаъолият ҳама ғайриқонунӣ буда, салоҳияти аз ҳизб хориҷ кардан бар ӯҳдаи ташкилотҳои ибтидоиву бахшҳои ҳизбӣ ва қатъи фаъолияти бахшҳо бошад, салоҳияти Раёсати Олии ҲНИТ мебошад.
Дар фарҷом Раёсати Олии ҲНИТ иқдомҳои амалии Шӯрои сиёсӣ, аз ҷумла муроҷиатҳо ба идораву мақомоти дахлдор, ба Суди Олӣ ва Президенти ҶТ-ро ба инобат гирифта, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои мақомоти давлатӣ ва бо пойбандӣ ба ҳифзи фазои ҳамдигарфаҳмиву бародарӣ иқдомоти баъдии роҳбарияти ҲНИТ-ро тасдиқ кард.