Ба гузориши Маҳаммадӣ Тешаев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи мазкур фишорҳо ҳамарӯза шаклу шеваҳои тоза ба худ касб мекунанд. Истифода аз қаробатҳои хешу таборӣ ва дӯстӣ муҳимтарини онҳо мебошад. Бо телефон даъват мекунанд, ки аз сафи ҳизб хориҷ шавем, вале шукри Аллоҳ, ки моро собиту устувор нигоҳ доштааст. Мақомот аз бархе аъзои ҳизб бо фишор аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро гирифтанд, вале тавре баъдан айён гашт, аризаҳоро на аъзои ҳизб, балки кормандони амнияту танзим навиштаанд. “Болои ман фишор оварда, тамоми роҳҳоро истифода бурданд. Пешниҳоди вазифаву замин ҳам карданд, ҳатто аз ҳукумати ноҳия ба ман таҳдид карданд, ки фикри фарзандонамро кунам”, мегӯяд, М. Тешаев.
Ҳарчанд мақомот ваъда доданд, ки дар баробари аз ҳизб хориҷ шудани ӯ ва қатъ кардани фаъолияти бахши ҳизб дар ноҳия дорухонаи вайронкардаашон ва маблағ барои сохтани маркази савдо медиҳанд. Аммо раиси бахши ҲНИТ ин ҳамаро рад кардааст. – Ман бо хоҳиши худам аъзо шудам ва бо хоҳиши худам аз ҳизб берун мешавам. Бастани бахши ноҳиявии ҳизб бошад ба дӯши Раёсати олии ҲНИТ аст ва ба ягон ваҷҳ аз ҳизб даст намекашам.
Лозим ба ёдоварист, ки пешниҳоди дубора барқарор кардани бинои дорухона аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба раиси бахши ҲНИТ дар ноҳия дар ҳолест, ки чанде пеш ин бино аз ҷониби худи ҳукумат бо сабаби мутааллиқ буданаш ба М. Тешаев вайрон шуда буд.