
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот аз нигарониҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди фишор ва нақзи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оид ба плюрализми сиёсӣ ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар изҳороти САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, ки 2-юми июл дар Вена қабул шудааст, таъкид гардидааст, ки барои нахустин бор дар 18-соли охир яке аз тарафҳои калидии созишномаи сулҳи тоҷикон – ҲНИТ, бо нишони эътироз аз нақзи муқаррароти созишномаи сулҳ оид ба плюрализми сиёсӣ ва инчунин бо нишони эътироз алайҳи фишорҳо болои ҳизбу аъзоёнаш ҷашни Ваҳдатро “бойкот” кардааст.
Дар изҳорот омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо бо ин нигарониҳои ҲНИТ ҳамраъй мебошад: “Хулосаи ниҳоии нозирони САҲА аз раванди интихоботи парлумонии соли равон нишон додааст, ки бо маҳдудиятҳои зиёде гузашта, барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар таъмин нашудааст”.
САҲА ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд дар пайи интихобот фишор болои аъзои ҲНИТ афзоиш ёфта, наворҳои шубҳабарангези истеъфои аъзои ҳизб пайдо шуданд. Дар изҳорот инчунин омадааст, ки мо аз матлаби ахир дар нашрияи ҳукуматӣ оиди тафтишот алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита бо хусусигардонии ғайриқонунии 16 соли пеш нигаронем. Ин созмонҳои бонуфуз баъди мӯҳлати тӯлонӣ сар задани ин иттиҳомро шубҳаовар хонда, баёнгари афзоиши фишор болои аъзои ҲНИТ ва таъқиби фаъолону мухолифони сиёсӣ тариқи ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ донистаанд.
Дар ниҳояти изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона даъват шудааст, ки ӯҳдадориҳои байналмилалияшро дар назди САҲА иҷро кунаду барои плюрализми сиёсии сулҳомез фазоро боз кунад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи ахири худ Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои мақомот баъди муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва Президенти Тоҷикистон ва бепосух мондани он тасмим гирифт, то ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Президенти Федератсияи Русия В. В. Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Ирон Ҳасан Рӯҳонӣ, Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Қазоқистон Н. А. Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва Президенти Туркманистон Г. Бердимухамедов ва Президенти Қирғизистон А. Отамбоев барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон, муроҷиат намояд. Ин нома зуҳри рӯзи 1 июл унвонии тамоми суроғаҳои лозим фиристода шуда буд.