Фишурдаи саволу ҷавоби рӯзноманигорон бо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар нишасти матбуотии 22 июн дар қароргоҳи марказии ҲНИТ.
– Шумо дар аввали ҷаласа зикр кардед, ки ба тамоми мақомотҳои марбут муроҷиат кардед, аммо ягон натиҷа нагирифтед, иқдоми ниҳоии шумо чӣ хоҳад буд? Оё ба фишору таҳдидҳое, ки болои аъзои ҳизб сурат мегирад, ки бояд ҳизб баста шавад тан медиҳед ё чораи дигареро дар назар гирифтаед, ки то ҳол мо намедонем?
– То имрӯз тибқи қонун амал карда истодаем ва охирин муроҷиатро ба Президенти кишвар кардем ва умедвор ҳастем, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ шояд ба муроҷиати мо расидагӣ сурат мегирад ва ин қонуншиканиҳо хотима меёбанд. Ва онҳое, ки ба ин қонуншиканиҳо даст зада, сабаби ба бадӣ ёд кардани Тоҷикистон дар шабакаҳои хориҷӣ гардидаву ба обрӯи кишвар латма ворид кардаанд, ҷавоби муносиб хоҳанд гирифт.
Ҳоло мо як мақоми болотари дигаре ҳам дорем, ки он ҷо муроҷиат накардаем ва он ҳам Худованди офарандаи ин замину осмон, он Зоте, ки ин дунё бо фармони Ӯ мечархад. Ва Ӯ қонунгузори болотарини ин ҷаҳон ҳаст. Дар ҳоли муроҷиатҳои заминӣ амалӣ нашудан, пас рӯ, ба сӯи Зоти осмонӣ хоҳем кард, умедвор ҳастем, агар он Зот даст ба кор шавад, қалбҳои кишвардорони моро ба ин тараф мегардад ва Худо хоҳад, ҳамаи мушкилот ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
– Марҳилаи аввали фишор соли 2011 оғоз шуд, ин ҳам ҳамон соли таъсиси гурӯҳи “Дӯстони Сурия” буд, ки аз ҷониби Амрико роҳандозӣ шуда, дастгирӣ мешуд ва дар заминаи ҳамин гурӯҳ ташкилоти террористии ДИИШ ташкил шуд. Баъди таъсис ёфтани ин ташкилот фишор рӯи ҳама чизе, ки ба Ислом рабт дорад, дар тамоми дунё оғоз шуд. Воқеан дар Тоҷикистон якдигарнофаҳмии сахт миёни ҲНИТ ва ҳукуматдорони кишвар вуҷуд дорад. Агар шумо дар хотир дошта бошед то дар қайди ҳаёт будани устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ин мушкилот набуд ва ҲНИТ гули сари сабади маҳфилҳо буд. Шумо гумон надоред, ки ноӯҳдабароии раёсат ҲНИТ-ро то ин андоза расонд, ки чунин ихтилоф байни ҳукумат ва Ҳизби наҳзати ислом оғоз шуд. Наход шумо мутмаин бошед, ки барои пойдории ҲНИТ узви он ҷонфидоӣ кунаду ҳизб боқӣ монад ва савол намедиҳед, ки имрӯз муваққатан фаъолияташро барои 3 ё 5 соли дигар боздорад, то шароит ё заминаи муносиб барои фаъолият муҳайё шавад?
– Аслан дар бораи “Дӯстони Сурия”, ки соли 2011 ташкил шуд, мо ба он таваҷҷӯҳ надорем. Зеро ҳама фикру андешаи мо ба кишвари худамон банд аст. Аз рӯзе, ки ин фишорҳо шурӯъ шудаанд, фикри моро он қадар банд кардаанд, ки мо вақти холӣ надорем, ки ба Сурияву дигар ҷойҳо фикр кунем. Танҳо метавон гуфт, ки 2-3 сол аст, ки Исломбадбинӣ дар саросари ҷаҳон ба вуҷуд омада, кишвари мо ҳам ба пайравӣ аз ҳамонҳо фишорро бар зидди Исломи мӯътадил, Исломе, ки як ҷангро ба сулҳ табдил дод, оғоз кардааст. Бо вуҷуде, ки 18 сол аз ин сулҳ мегузарад, ҳеҷ аҳдшикание аз ҷониби исломиҳо касе мушоҳида накардааст. Ҳатто мақолҳову масалҳои зиёде барои сабру таҳаммулаш барои бад кардани ҲНИТ истифода шудааст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки натанҳо дар вақти зинда будани марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, балки 4-5 сол пас аз марги он кас мо камбудие дар муносибати худ бо ҳукумат надоштем. Фишорҳо аз солҳои 2011-2012 шурӯъ шуданд ва маълум нест, ки чӣ хатареро аз куҷое дар мо эҳсос карданд, ки то имрӯз мо намедонем. Мутаассифона, камбудии мо нишон дода намешавад. Аммо бояд таъкид кунам, ки корҳое, ки то имрӯз дар кишвар ҳама шоҳид шуданд, танҳо устуворӣ ҳаст, ҷонисорӣ нест. Ҳодисаҳое, ки болои сари мо омада истодааст, устувориро мехоҳад ва аз ҳаққу ҳуқуқи худ бояд ҳимоя кард ва нагузошт, то касе онро бигирад. Имрӯз мо аз масъулин танҳо як талаб дорем, ки ҳамчун шаҳрвандони ҳамин сарзамин ба ҳаққи мо барои узвият дар як ҳизби расмӣ эҳтиром кунанд ва мо намегузорем, ки касе ин ҳақро аз мо бигирад. Ҳаққи як нафарро гирифтан, моли як нафарро гирифтан ин зулм аст. Дар тавсияҳое, ки дини Ислом медиҳад, золим ва мазлум ҳарду дӯзах мераванд, вақте пурсиданд мазлум ба хотири чӣ? Мазлум ба хотири он, ки ба зулм сар фуруд овард ва онро тарғибу ташвиқ кард. Ин ҷо ишорае буд, ки шояд камбудии раёсати ҲНИТ бошад, ки натавонистааст муносибатро бо ҳукумат хуб кунад? Вале аз нигоҳи мо, баръакс ин ӯҳдабароии раёсати ҳизб аст, ки чунин ҳолат ба болояш омад. Ва як муддат фаъолияти ҳизбро боздоштанро низ мо таҷриба кардем. Ҳама медонад, ки соли 1993 ҲНИТ бо қарори Суди олӣ мамнӯъ эълон карда шуд ва баъдан соли 1999 боз Суди олии кишвар қарори қаблии худро бекор кард ва гуфт, ҲНИТ ҳеҷ айб ва мухолифате ба қонунгузории кишвар надорад ва то имрӯз ҳизб фаъолият дорад ва аслан мо коре мухолифи қонун накардаем, ки фаъолиятамонро боздорем. Бархеҳо баъзан дар бораи иваз кардани номи ҳизб пешниҳод мекунанд, ки номи Ислом аз ҳизб гирифта шавад? Дар ин ҷо месазад, як ҳолати таърихиеро ёдовар шавам. Соли 1999 вақте ҳизб ба қайд гирифта мешуд, Президенти кишвар аз устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хоҳиш карданд, ки намешавад номи ҳизбро ба шакли дигар гузорем? Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ вазъиятро ба Президенти кишвар шарҳ дода, фармуданд, ки мо нав сулҳ кардаем ва мардуме, ки омадаанд, барояшон номи Ислом арзиш дорад. Дар ин марҳила номи Исломро гирифтан мушкил эҷод мекунад, шояд баъзеҳо ҳаминро баҳона карда, сулҳи моро вайрон кунанд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тақозо карданд, ки бигузоред, мо як 4 сола фаъолият кунем, пас номашро худамон иваз мекунем. Бо мувофиқаи раисиҷумҳур мо ҳизбро бо ҳамин ном сабтином кардем. Соли 2003 қабл аз анҷумани навбатӣ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба назди раисиҷумҳур рафт ва гуфт, акнун замони табдил додани номи ҳизби мо расидааст, бо машварати Шумо дар ин анҷуман номи ҳизбро дигар мекунем. Раисиҷумҳур гуфтааст, ҳаргиз номи ҳизбро дигар накунед, ҳама иззату обрӯи мо дар назди созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҳисоби як ҳизби динӣ доштан дар кишвар аст. Ва машваратҳое, ки барои иваз кардани номи ҳизб шуда буданд, ҳама аз байн рафтанд ва то имрӯз мо пойбанди ба ҳамон ваъдаи раисҷумҳур ҳастем.
– Як нафар аз собиқ узви ИНОТ арз карда буд, ки дар замони рӯи кор будани устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ҷониби ҳизб ба онҳо 500 долларӣ кӯмак менамуданд ва дар миёни мардум овоза аст, ки ҲНИТ аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешавад, то куҷо ин гуфтаҳо дуруст ҳастанд?
– Аслан агар устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба касе кӯмаке карда бошад, ин кори шахсии ӯст ва ба ҳизб рабте надорад. Ҳамагӣ медонем, ки барои як ҳизби сиёсӣ дар асоси қонунгузории кишвар ба ҳисобаш маблағҳои хайрияву ҳаққулузвияти аъзову ҳаводоронаш ворид мешавад ва аз ҳамин ҳисоб фаъолияти молии худро таъмин мекунад. Ҳизби наҳзат ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна ҳизбҳост ва бояд гуфт, ки бо назардошти ҳизби исломӣ будан як миқдор хайрияи шаҳрвандон нисбат ба ҳизби мо зиёдтару бештар аст. Ҳамчунин як вақтҳо мо дар ҳизб сандуқи хайрия гузошта будем, ки шаҳрвандони кишвар бидуни гуфтани номи худ хайр мекарданд. Инчунин аксарияти аъзои мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва аз он ҷо барои ҳизб хайрияву кӯмакҳои зиёде мефиристанд. Ин гуна суолҳо аз ҳақиқат дуранд, ҲНИТ бо тамоми кишварҳо робита дорад. Бо кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва Русия робитаҳо ҳастанд, роҳбарияти ҳизб мунтазам дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалидошта ширкат мекунанд ва ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки аз ин кишварҳо кӯмак дарёфт мекунад.
– Бигӯед, ки пас аз марги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки сулҳ кард, ҷанговаронро ҷо ба ҷо кард, одамонро вазифа дод,раёсати нави ҳизб чӣ коре барои тақвияти сулҳ ва барои ободии Ватан кард? Шумо ҳамчун ҳизби мухолифи ҳукумат бояд тасмиму пешниҳоде дошта бошад. Дар даврони Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ ҲНИТ ҳамон нақше, ки ҳамчун ҳизби мухолиф бояд иҷро мекард, ҳамон нақшро сарбаландона, муваффақона иҷро кард. Дар давоми 5-6 сол ҳар ҳодисае, ки дар Тоҷикистон мешавад, баёнияҳои ҲНИТ аз нуқтаи назари танқиди ҳукумат ва мавқеи Тоҷикистон дар доираҳои хориҷӣ баррасӣ мешаванд. Пас чаро чунин шуд, ин камбудии шумо буд ё аз ҳукумат?
– Воқеан устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ Худованд ҷояшон ҷаннат бошад, сулҳро татбиқ карданд. Соли 1999 тамоми тамоми нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ ҳама дар сохторҳои ҳукуматӣ идғом шуданд ва мушоракати 30 дарсадии нерӯҳои мухолифин дар масъулиятҳои ҳукуматӣ ҷараён дошт. Вале бояд гуфт, ки баъзе аз камбудиҳо аз ҳамон замон ҳам ҷой доштанд. Соли 2000 дар нахустин интихоботи парлумонӣ он миқдор овозҳоеро, ки воқеан ҳизби мо касб карда буд, ба мо надоданд. Дар ин тақаллуби интихоботӣ танҳо 2 ҷой барои мо эътироф карда шуд. Дар ҳоле, ки пеш аз эълони расмӣ шудан сӯҳбат атрофи 25 дарсад овозҳо мерафт, вале вақте эълонҳо расонаӣ шуд, ҳамагӣ 7 ё 8 дарсад овоз доданд. Дар интихоботи соли 2005 устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар як ҳолати беморӣ қарор доштанд, ҳамон сол ҳам интихобот хеле пуртақаллуб сурат гирифт. Ҳамин тавр бояд гуфт, ки баъди реҳлати Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар интихоботи соли 2010 ҳам муносибати раёсати ҳизб бо Президенти кишвар хуб буд. Ҳамагӣ ёд доранд, ки дар як ҷамъомаде бо ширкати раисиҷумҳур баъди сӯҳбати раиси ҳизби мо ҷиҳати баргузор кардани анҷумани ҳизбӣ кохи Ҷомиро ба мо доданд. Соли 2010 ҳам дар интихоб фаъолона ширкат доштем ва медонем, ки мардуми зиёде ба ҷонибдории мо овоз доданд. Аммо, мутаассифона дар ин интихобот ҳам тақаллуб сурат гирифту аз ҳамон вақт фишор болои ҳизб сар шуд. Вале мо садоқат ба барномаҳои ҳизбии худро, ки таъмини субот, амният ва ваҳдати кишвар аст, ҳама вақт риоя кардем ва пойбанди ба он будем. Дар мушкилтарин ҳолатҳои кишвар, мо дар паҳлӯи ҳукумат истодем ва аз ин ваҳдату ором кардани мардум истифода кардем, ҳеҷгоҳ аз сиёсати сабру таҳаммул берун нашудем. Як ҳизби мухолиф барои як кишвар ҳамин қадар карда метавонад, корҳое, ки нисбати мо шуда истодаанд, шояд дар оянда ин сабаби вайрон шудани ваҳдату амният ва суботи кишвар шавад. Мавқеъгириҳое, ки то имрӯз мо доштем, ҳама бар асоси амният, субот ва ваҳдати комили кишвар аст. Имрӯз ҳам ин доду фарёди мо барои он аст, ки мо дида истодаем, ки ваҳдати мо зери суол рафта истодааст.
– Боз шудани парванда нисбати Муҳиддин Кабириро шарҳ медодед ва фикр намекунед, дар ҳоли омадани раиси ҳизб аз хориҷ ба кишвар тақдири Зайд Саидов такрор шавад? Суоли дигар, шомил шудани аъзои ҳизбро ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва содир намудани ҷиноят чӣ гуна шарҳ медоҳед?
– Ин сарусадоҳое, ки дар бораи парвандаи раиси ҲНИТ ҳаст, ин сабаби наомадани эшон нашудааст, чунки ҳамагон медонанд, ки ин иттиҳомот ҳеҷ асосе надоранд. Он чизе, ки моро нигарон кард, ки ба раис тавсия бидиҳем, ки муддате дар хориҷ аз кишвар монанд, ин баъзе навори сохтаи таҳдидомезе буд, ки дар шабакаҳо паҳн шуд. Дар бораи он ки гӯё аъзои ҳизб ба созмонҳои террористӣ пайваста бошанд, инро ман сохта медонам. Агар рафта бошанд, ҳам мо эълон доштем, ки ин мухолиф ба оинномаи ҳизб ва мухолиф ба ормонҳову мақсадҳое, ки мо дорем, ҳаст. Як шахси ҷинояткор бигзор худ дар назди қонун ҷавоб гӯяд, зеро аз намояндагони ҳукумат ҳам ба ин созмонҳо мепайванданд ва ин маънои онро надорад, ки ҳукумат ҳамагӣ ҷинояткоранд.