Шурӯъ аз ибтидои маъракаҳои интихоботи парлумонии кишвар дар соли 2015 мушкилоти ҲНИТ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хосси расонаҳо қарор доранд. Иддае ба ин назар буданд, ки бо ба анҷом расидани интихобот мушкилоти ҲНИТ аз сархати расонаҳо дур мешаванд, аммо баръакс, на он ки дур шуданд, балки афзуданд ва бархӯрдҳо ба сатҳи боло расиданд.
Охирин бархӯрде, ки ниҳодҳо ва ҳизбҳои ҳукуматӣ нишон доданд, зиддияти онҳо ба муроҷиати ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ буд. Дар ин замина АМИТ “Ховар” изҳороти Додситонии кулро ҳам дарҷ кард. Дар навбати дигар Шӯрои сиёсии ҲНИТ низ бархӯрди худро бо ин изҳорот нишон дод ва аз охирин ройзаниҳо дар робита ба қазияи ҲНИТ дар соли 2015 масъалаи фавқ аст.
8 июли соли равон Додситонии кул тайи як изҳорот муроҷиати ҲНИТ-ро ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ “ҳангомаҷӯёна” унвон карда, “пешниҳод” кард, ки “хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд”. Ҳамчунин дар изҳорот гуфта мешавад: “…Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст.
Дар асоси Созишномаи мазкур намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ворид шуданд. Қисми онҳо бо расидан ба синни муайян ба нафақа рафта, қисми дигаре, ки дорои қобилияту касбияти зарурӣ мебошанд, то ҳоло дар мансабҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа менамоянд. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ манъ гардида буд, аз нав ба фаъолият шуруъ намуданд. Даҳҳо ҳазор гурезагони тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Танҳо дар давоми се соли баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳолӣ 8152 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ нигоҳдошташаванда гирифта шуд. Дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 августи соли 1997 5365 нафар аъзои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки дар ин муқовиматҳо иштирок доштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”.
Оре, ин нуқтаро ҲНИТ ҳам қабул дорад. Вале ҷавоби додситонӣ мақоли “ман тут мегӯяму ту бед мегӯӣ”-ро ба ёд меорад. Феълан сухан сари паноҳандагон ва тақсими вазифаҳо, ки ҳамеша масъулини ҳукумат болои он меандешанд, намеравад, балки асли масъала дигар чиз аст, ки он ҳам риоя нашудани талаботи созишнома буда. Аз ҷумла, вобаста ба ин масъала метавонем ду нуктаро қайд кунем. Аввалан ин ки дар “Протокол дар бораи принсипҳои асосии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, гуфта мешавад, “созишномаи умумии муқарраргардида иборат аз протоколҳои алоҳида бо таваҷҷӯҳ ба масоили зерин:
а) масоили сиёсӣ, аз ҷумла Анҷумани мушовараи мардуми Тоҷикистон, амалкарди тамоми аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва ҳамчунин таъмиқи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон…”, аст.
Санади мазкур 17 августи соли 1995 миёни Э. Раҳмонов ва А. Нурӣ ба имзо расидааст. Дар матлаби бояд “…амалкарди тамоми аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва ҳамчунин таъмиқи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон” мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, албатта, намояндагони ИНОТ ҳам вориди ҳукумат гаштанд, ин нукта ҳеҷ ҷои инкор надорад. Вале шурӯъ аз солҳои 2007 бархӯрди ҳукумат бо дину диндорон, ки Наҳзат низ шомили онҳо аст, дигар шуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар соли 2009 оғози бархӯрди ҳукумат бо аъзои Наҳзат ба шумор меравад. Қонуни мазкур, ки барои вуҷуди масоҷид дар кишвар маҳдудият ва шароитеро пеш гузошт, хутаборо ҳам мавриди контрол қарор дод. Бояд гуфт, шояд ба иллати оғози қазия бошад, ки ин мушкилиҳо камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирифтанд. Ҳарчанд қонуни фавқ дунявияти Тоҷикистонро зери суол бурд, боиси таҳти контрол гирифтани хутабо ва ба ниҳоди тобеи ҳукумати иҷроя қарор додани масҷид гашт.
Дар солҳои баъди “ҳамкори”-ҳо ба ҳадде рушд ёфт, ки ба ҲНИТ ҳатто дигар толоре надоданд. Охирин толори ҳукуматие, ки Наҳзат истифода кард, “Кохи Ҷомӣ” дар соли 2010 буд. Ҳол он ки “таъмиқи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон…” дигаре аз шартҳои сулҳ буд. Гузашта аз ин ҳар нафар аз кормандони ҳукумат, ки узви ҲНИТ буд ё ҳадди ақал бо ин ҳизб ҳамкорӣ дошт, аз кор ронда мешуд. Усули аз кор рондан ба шевае буд, ки гӯё худи корманд аризаи аз кор рафтанашро навишта. Аз ин лиҳоз имрӯз ин фишорҳоро ҳамчун далел истифода кардан, хеле ҳам мушкил аст.
Кумитаи ТВ ва радио Созишномаи сулҳро поймол кард
Дигаре аз нуктаҳои мавриди таваҷҷӯҳ ин “Протокол дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсюн С. А. Нурӣ” мебошад, ки дар таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидааст. Дар банди сеюми ин санад омадааст: “…ҷонибҳо ризоият доданд, барои дискредитатсияи сиёсии ҷонибайн далоил ва шубҳаҳои мавҷудро истифода намебаранд”.
Дар ҳоле ки нукоти боло дар асноди марбут ба сулҳ дарҷ гаштаанд, кофист, ки аз наворҳои бӯҳтономези “Нури Наҳзат” ва пахш шудани онҳо тавассути шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ёд кунем. Таҳиякунандагони ин порнофилмҳо ба ҳадде бесавод буданд, ки аз муқаррароти қавонини кишвар хабар надоштанд. Албатта, масъалае, ки Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи ин гуна наворҳоро ба намоиш гузоштан надошт, мустаност, зеро қонуни марбут ба телевизион ва радио соҳавӣ асту кам касоне ба он таваҷҷӯҳ доранд. Аммо ҳадди ақал таҳиякунандагони ин филмҳо намедонистанд, ки моддаи 9, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озоди виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар масҷид имомат кардани узви аҳзобро мамнуъ медонад. Пас, қаҳрамонҳои порнофилмҳое, ки имоми масҷид будаанд, узви Наҳзат набудаанд. Дар баробари ин раёсати Кумитаи ТВ ва радио бо нақзи тамоми ин қавонин он филмҳои фаҳшро ба намоиш гузошт, ки чунин амалнашинохтани масъулият, адами озодӣ ва пойбандии ТВ-ро ба КДАМ бозгӯ мекунад ва ин ҳол замони фаъолияти телевизион ва ВАО-и давлатиро дар замони Шӯравии тоталитарӣ ба ёд меорад. Мунтаҳо чунин ба назар мерасид, дар садри ин кумита “лухтак” нишастааст, ки чизеро дарк намекунад масъулияти кумитаро бар ӯҳда дорад ва барои ӯ қонуну муқаррарот пашизе арзиш надоранду муҳим пахш шудани тӯҳматнома аст.
Ҳамин тариқ, Кумитаи ТВ ва радио, ҳамчунин КДАМ на танҳо “далоил ва шубҳаҳои мавҷудро истифода” карданд, балки ҲНИТ-ро тӯҳмат заданд. Пас ин амалҳо аз тахриб шудани шартҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон далолат намекунанд?
Меросбари ИНОТ ҲНИТ аст
Дар идомаи изҳороти додситонӣ гуфта мешавад: ” …25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ дар мавриди зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гӯё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, сӯҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд”.
Бояд гуфт, ин ниҳод дар ҷавобаш ба ҲНИТ низ навиштааст, иддаоҳои ҳизб ҷиҳати вуҷуди фишори аъзо асос надоранд. Дар ин масъала ҳам метавонад “маневр”-ҳо ҷой дошта бошанд. Зеро ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи тартиботу амният корро ба тарзе анҷом медиҳанд, ки “из”-и онҳоро дарёфт кардан басо душвор аст. Бинобар ин дар чунин як масъалаҳо додситонӣ ва соири мақомоти ҳукумат ҳамеша “ҳақ” ҳастанд. Зеро ин гуна далоилро исбот кардан ғайриимкон аст. Танҳо дар ин маврид метавон аз амали Шарофиддин Гадоев ёдовар шуд, ки зимни “ризо” кардани модари ӯ барои маҳкум кардани амалҳои писараш нафаре пинҳонӣ масъулини ҳукуматӣ ва гуфтугӯҳои эшонро бо модари Ш. Гадоев ба навор гирифта, онро рӯи сафҳаи интернет гузоштанд.
“Бояд хотиррасон кард, ки Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 санади таърихии миллат буда, ҲНИТ ҳуқуқи таҳти суол қарор додани натиҷаҳои онро надорад, зеро созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на бо Ҳизби наҳзати исломӣ, балки бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки ғайр аз ҲНИТ ҳамчунин аз намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, созмони “Лаъли Бадахшон” ва намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд, ба имзо расонида шудааст”, омадааст дар изҳорот.
Баъди муроҷиати ҲНИТ ва бархӯрди ниҳодҳои ҳукуматӣ ва иддае аз аҳзоб ин ҷанбаи масъала рӯи кор омад, ки ҲНИТ-ро вориси ИНОТ нашуморанд. Чунин як мавқеъро аввалин маротиба Сайфуллоҳ Сафаров, муовини директори Маркази мутолиотии стротежии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Азиа-плюс” гуфт. Бо вуҷуди он ки дар рӯзҳои музокироти мухолифин бо ҳукумат ҲНИТ дар ИНОТ нақши ҳалкунанда ва меҳварӣ дошт, зикри чанд нукта хеле муҳим аст.
Аввал ин ки аз “Лаъли Бадахшон” нишоне намонда, вале ҳанӯз дар айёми 15-солагии ваҳдати тоҷикон Амирбеки Атобек, сарвари “Лаъли Бадахшон” аз адами ваҳдат гуфта буд. ҲДТ-е, ки дар ҷараёни музокирот ширкат дошт, ҳозир дигар нест, он аз байн рафт. Бешак, ҷомеаи Тоҷикистон боздошти Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ-ро дар соли 2004 хуб ёд дорад. Ҳамчунин пора шудани ин ҳизб қабл аз интихоботи раёсатҷумҳур дар соли 2006 ва ба садорати ҳизб расидани Масъуд Собиров марҳилаи дувуми таҷзияи ин ҳизб будааст, ки баъд аз ин таҷзия Раҳматуллоҳ Валиев, муовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳамчун муовини раиси ҲДТ аз ёдҳо зудуда шуд. Ахиран, чанд соле қабл аз интихоботи 2015 боз ҳам атрофи ҲДТ корҳое сурат гирифт, ки ин дафъа Саидҷаъфар Исмонов, сиёсатмадоре аз сиёсатмадорони гумном ба садорати ин ҳизб нишаст. Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Фархору Панҷ вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Пас бояд хулоса баровард, ки ИНОТ чӣ буд ва аз ИНОТ чӣ монду кадом ҳизб ҳаққи ворисиро дорад.
Ба ҷои хулоса
Бояд гуфт, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта айни ҳамин вазъ буд: сиёҳкунии диндорон ва аҳзоби мухолиф тавассути ВАО, тӯҳматпароканиҳо, роҳгумандозии омма, ки оқибати он дар соли 1992 чеҳра зоҳир кард. Вале баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷонибҳо, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки ҷанги панҷсолаи онҳо таҳмилӣ будааст. Аз ин рӯ, фикр мекунам, дастуроти замони ҳозира ҳам аз берун гирифта мешаванд, ки Худованд оқибати онро хайр гардонида бошад, то дар оянда ба “таҳмилӣ” хондани ин воқеъот касе масъулиятро аз дӯшаш соқит насозад.