Узви ҲНИТ аз Кӯлоб: Манзилу заминамро гиред, вале аз ҳизб хориҷ намешавам

  • Home
  • -
  • Узви ҲНИТ аз Кӯлоб: Манзилу заминамро гиред, вале аз ҳизб хориҷ намешавам

Узви ҲНИТ аз Кӯлоб: Манзилу заминамро гиред, вале аз ҳизб хориҷ намешавам

Дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ ва даҳҳаи аввали моҳи мубораки Рамазон гумон бар ин буд, ки мақомоти иҷроия, амният ва умури дохилӣ даст аз поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои мардум ва беэҳтиромӣ ба Сарқонуну давлату миллат бозмедоранд, аммо…

Асламхон Каримов, узви ҲНИТ, сокини ҷамоати Зардони шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо “Наҳзат” шикоят аз он дошт, ки чанд рӯз буд, раиси ҷамоати мазкур Раҳмонов ӯро ба утоқи кории худ даъват дорад. Вале дар ҷавоб узви ҲНИТ гуфтааст, то расман ба ӯ даъватнома надиҳанд, ҷое нахоҳад рафт. Билохира, даъватнома ҳам ба дасташ расиду ба идораи ҷамоат рафт. Дар утоқи раиси ҷамоат, чанд нафари дигаре ҳам ҳузур доштанд, ки як нафарашон худро Муродалӣ Давлатов, аз шуъбаи динӣ вилоят муаррифӣ намудааст. Онҳо талаб карданд, ки барои хориҷ шудан аз узвияти ҲНИТ ариза нависад, вагарна заминҳои дар ихтиёрдоштаашро аз дасташ мегиранд. “Вақте ба ҷамоат рафтам аз кумитаҳои андоз, заминсозӣ, омор омада буданд. Ҳамаашон гуфтанд, ки гӯё аз ҳисоби андоз қарздор бошам. Як нафар худро бо номи Муродалӣ Давлатов, аз шуъбаи дини вилояти Хатлон муаррифӣ кард ва гуфт, мо бо супориш ин ҷо омадаем. Агар аз сафи ҳизб хориҷ нашавӣ, тамоми амволатро давлатӣ мекунем ва касе моро ҳеҷ кор карда наметавонад. Вале ман дар ҷавоб гуфтам, ки заминҳои доштаамро медиҳаму хонаам, ки аз падарам мерос мондааст, бигзор давлатӣ кунед, вале аз ҳизб намебароям”, таъкид мекунад, А. Каримов.

Ба гуфтаи узви ҲНИТ ба нафаре, ки худро Муродалӣ Давлатов муаррифӣ кард шубҳа дошт, ҳарчанд талаб кардааст, ки ягон хуҷҷаташро нишон диҳад, вале ӯ изҳор дошта, ки дар хона ҳуҷҷатҳояшро фаромӯш кардааст. Раиси ҷамоат меҳмононро аз вилоят ва аз давлат муаррифӣ намуда, ба онҳо гуш доданро хоҳиш кардааст. “Вале ман аз ин кори М. Давлатов ҷаласаро тарк кардам. Зеро боварӣ дорам, ки ин нафаре, ки худро аз шӯъбаи дини вилоят муаррифӣ кард, ҳатто ному насабаш дурӯғ буд”, ёдовар мешавад, узви ҲНИТ.

Ҳамчунин А. Каримов мегӯяд, аз андози шаҳр ӯро наздики 2 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд, ки дар асл ӯ ин миқдор маблағ қарздор набудааст. – Аз Кумитаи замин ба хонаам омада, заминҳои доштаамро чен кардаву ҳуҷҷатҳои заминро аз дастам гирифтанд. Вақте ҳуҷҷатҳои хонаву заминамро ба онҳо пешниҳод кардам, онҳо қабул накарда, бо ман баҳс карданд, мегӯяд, номбурда.

Дар сӯҳбати хабарнигори “Наҳзат” Иззатулло Шарифов, котиби ҷамоати Зардони ноҳияи Кӯлоб, ин гуфтаҳоро рад карда, афзуд, аз ин кор раиси ҷамоат хабар надорад, чунки ӯ ба ҳукумат рафта буд. Ӯ мегӯяд, ман Асламхон Каримовро мешиносам, вале касе ӯро даъват накардааст. Шояд кумитаи андоз ё кумитаи дигаре ӯро даъват карда бошад. Мо бо масъалаҳои аз ҳизб баромадан кор надорем…

Воқеан ин гуна муносибат касро ба ҳайрат меорад, чаро масъулини мақомот даст ба қонуншиканӣ мезананду боз нашармида инкор мекунанд. Бо ин сиёсату ҳукуматдорӣ маълум нест, ки Тоҷикистон ба куҷо равон аст ва ин дурӯғу фишору таъқиб чӣ паёмаде ба дунбол дорад.

Tags:

Share:

Leave Comment