Сокинони бархе аз деҳаҳои Файзобод дар хондани намози таровеҳ ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Зеро қабл аз моҳи Рамазон мақомоти ин ноҳия дар наздик ба 50 деҳа дар масҷидҳо ё ба истилоҳ чойхонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки чун иттиҳодияи динӣ сабти ном нашудаанд, хондани намозро манъ кардаанд.
Манъи намозхонӣ дар масоҷиди ғайрирасмӣ
Баъзе аз сокинони деҳаҳои ноҳияи Файзобод мегӯянд, қабл аз моҳи Рамазон онҳоро огоҳ карда буданд, ки ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар он намоз мехонанд, ҳамчун масҷидҳои панҷвақта сабти ном нашудаанд. Аз ин сабаб, мақомот намоз хондан дар ин ҷойҳоро ғайриқонунӣ донистаанд. Дар тасдиқи ин хабар дар дастгоҳи Ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки ин масъала дар рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. Сайдаҳмад Воҳидов, мудири шӯъбаи оид ба корҳои дини ноҳияи Файзобод дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳоло дар ноҳия 26 масҷидро расман сабти ном кардаанд, ки 6 адади он масҷидҳои ҷомеъ мебошанд. Ноҳияи Файзобод 72 деҳа дорад, ки сокинони бархе аз ин рустоҳо масҷидҳояшонро расман сабти ном накардаанд. Маъмулан дар як деҳа як ё ду масҷиди панҷвақта вуҷуд дорад. Дар 26 масҷиде, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, сокинон бемамониат намозҳои худро мехонанд, вале дар дигар масҷидҳои панҷвақта, ки ба истилоҳи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чойхона ёд мешаванд, тибқи қонунгузорӣ намоз хондан манъ аст. Сайдаҳмад Воҳидов мегӯянд, ин чойхона ё ҷойҳои ҷамъиятӣ вобаста ба шароити мардуми деҳаҳо дар ояндаи наздик ба бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ, интернеткафе ва дигар намуди марказҳои фарҳангӣ табдил хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, як масъули дигари ҳукумати ноҳия мегӯяд, ин масъала ба зуди ҳалли худро хоҳад ёфт, мушкиле дар намоз хондани мардум пеш намеояд. Сокинон мегӯянд, нахустин намози таровеҳи моҳи Рамазон дар соли 2015-ро ба таври пинҳонӣ дар ин ҷойҳо хондаанд.
Оғози маъракаи масҷидбандӣ
Бо тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” соли 2009 маъракаи “масҷидбандон” дар тамоми кишвар оғоз шуд. Ин қонун сабаб гардид, ки дари даҳҳо масоҷиди панҷвақта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба рӯи намозгузорон баста шаванд. Иҷроиши қонуни мазкур вокунишҳои зиёдеро на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар хориҷи он низ ба бор овард. Баста шудани масҷидҳои сабтином нашуда барои мухолифини ҳукумат Тоҷикистон ба як омили фишанг табдил ёфт. Ҳатто марҳилаи сабти ном кардани масҷидҳо ҳам барои қисме аз намозгузорони ҷумҳурӣ ҳангомасоз буд. Зеро тайи кардани ин марҳила коғазбозиҳои зиёде дошту ҳоло ҳам дорад. Ноҳия Файзобод дар ин раванд аввалу охир нест, пеш аз ин дар ноҳияҳои гуногуни вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон ва дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ҳам масҷидҳои сабтином нашударо бастанд. Аммо на ба ин шакле, ки дар арафаи моҳи рамазон дар ноҳияи Файзобод сурат гирифт. Аз сӯи дигар, мақомоти Кумитаи оид ба корҳои дин пайваста иддао мекунанд, ки дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳукмфармоии сулҳу субот теъдоди масоҷид дар кишвар ба зиёда аз 5 ҳазор адад расидааст. Аммо 25-уми майи соли ҷорӣ Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон бо чопи як мақола дар Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” фош кард, ки: “Тибқи ҳисоботи оморӣ теъдоди масҷидҳои ғайрирасмӣ нисбат ба масҷидҳои расмӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар оғози солҳои 90-ум 20 баробар зиёд будааст”.
Масҷид аз нигоҳи қонун
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” низоми таъсиси ташкилотҳои динӣ ва бунёди масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ ба танзим дароварда шудааст. Моддаи 11-и қонун мазкур дар бораи масҷид мегӯяд: 1. Масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад. 2. Масҷидҳои ҷомеъи марказӣ ҳамчун шакли махсуси иттиҳодияи динӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти парастишӣ ва дигар эҳтиёҷоти диёнатии диндорон аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ яктогӣ таъсис дода мешаванд. 3. Масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар аҳолӣ доранд. Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 30 ҳазор то 50 ҳазор нафар аҳолӣ доранд. 4. Масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 100 то 1000 нафар аҳолӣ доранд. Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ доранд. 5. Масҷидҳо дар биноҳое, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои динии дахлдор, шаҳрвандон ва ё бо кӯмаки аҳолӣ сохта шудаанд, дар асоси низомномаи худ фаъолият менамоянд. 6. Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд.
Афзоиши теъдоди намозгузорон дар моҳи Рамазон
Яке аз сабабҳои афзоиши сафи намозгузорон эҳтироми хоссаи мусалмонон нисбат ба ҳамин моҳи муборак аст. Мусалмонон мӯътақиданд, ки рафтан ба масҷид боиси бахшиши гуноҳону муҷиби баракати Парвардгор мегардад ва анҷоми тоату ибодат ва хайру саховат дар ин моҳи муборак аҷру савоби бештар дорад. Тибқи ривоятҳои исломӣ дар тӯли сол савоби хондани намозҳои фарзии бо ҷамоат аз хондани намозҳои фарзӣ дар танҳоӣ аз 25 то 27 маротиба зиёдтар аст. Аммо дар Рамазон хондани суннатҳои намозҳои панҷгона баробари фарзҳо савоб дошта, хондани намози фарзӣ бо ҷамоат то 70 маротиба аҷру савоб дар пай дорад. Инчунин дар тамоми кишварҳои исломӣ теъдоди намозгузорон дар ин моҳи шариф афзоиш меёбанд. Ба ибораи дигар, агар дар дигар моҳҳои сол, қисме аз афроди дурӯя сафҳои намозро пур кунанд, дар Рамазон ин тоифаи намозгузорон камтар мешаванд. Зеро савоби рӯзаро Аллоҳ худаш медиҳад, ба ин хотир мардум дар анҷоми ин фаризаи илоҳӣ камтар риёкорӣ мекунанд. Намозгузорони ин моҳ ҳам ризоияти Худоро дар мадди аввал қарор медиҳанд
Паёмадҳои масҷидбандӣ
Айни замон дар Тоҷикистон шояд ҳеҷ касе даъво карда натавонад, ки масҷидҳои ғайрирасмии панҷвақтаро мардум насохтаанд. Чун, ки дар замони ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар дар ин 23 соли истиқлолият сиёсати давлат аз дин ҷудо буд. На Шӯравии собиқ ва на ҳукумати феълӣ расман ҳаққи анҷоми чунин кореро ҳам надоштанду надоранд. Ба ибораи дигар, тамоми масҷидҳои панҷвақтаи деҳоти кишварро, ки гоҳе ба номи чойхона ва гоҳе дигар ба номи ҷойи ҷамъиятӣ сохта шудаанд, мардуми маҳаллаҳо бо пули худашон ва барои анҷоми ниёзҳои ибодатӣ ва баровардасозии маросими ҷамъиятиашон сохта, ба истифода додаанд. Дар ин маконҳо, ҳатман як толор, утоқ ё гӯшаеро ба номҳои намозхона, хонақоҳ, ҷои намозхонӣ ва ғайра таъсис дода, намозҳои панҷгонаи худро онҷо мехонданд. Агар мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ дар ноҳия Файзобод ҳам дари ин масҷидҳои сабтином нашудааро ба пуррагӣ ба рӯи мардум банданд, ҷуз маҷбур сохтани сокинон ба қонуншиканӣ кори дигаре нахоҳанд кард. Мардуми ин деҳот мусалмонанд ва арзишҳои имонӣ ва боварҳои диниашон онҳоро водор мекунанд намозҳоро бо ҷамоат бихонанд. Ба ин хотир, эшон то қадри тавон талош хоҳанд кард, ки намозҳои панҷвақтаро бо ҷамоат бихонанд. Яъне, бо бастани масҷидҳои сабтиноманашуда, шаҳрвандон дар ду роҳа қарор мегиранд: яке анҷоми ибодати дастаҷамъӣ, ки Сарқонун ба онҳо иҷозат додааст, дигаре амал кардан хилофи талаботи қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”. Мақомот ҳам дар ин ноҳия ду роҳ доранд: яке масҷидҳои сабтином нашударо ба қайд гирифта, фаъолияти шаффофу ошкорои онҳоро ба танзим медароранд ва ё самти фаъолияти онҳоро тағйир дода, мардумро ба пинҳонкориву қонуншиканӣ тела медиҳанду худро заҳмат дода, як умр аз қафои намозхонҳои қонуншикан пойида мегарданд…
Амруллоҳи НИЗОМ