
– Авзои сиёсиву иҷтимоии кишварро баъди интихобот чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Аз нуқтаи назари усулӣ авзои иҷтимоӣ- сиёсӣбаъд аз интихобот ҳам тағйир наёфтааст. Ҳамон хилофкориҳои қаблазинтихоботӣ дар нисбати қонун ва демократия, то ба имрӯз боқианд. Дар натиҷаи сензураи ғайрирасмӣ ва дахолати ғайриқонунӣба раванди интихобот, таҳдиду фишор ва авантюра ин дафъа низ маъракаи муҳими стратегӣ ба таври матлуб доир нагардид. Интихобкунанда нақши ҳалкунанда доштани раъйи худро эҳсос накард. Вакилӣ ҳамчун шакли фаъолияти сиёсӣ ва Маҷлиси Олӣ ҳамчун шохаи мустақилиҳокимияти давлатӣ беқадр гардида, асосҳои сохти конститутсионӣ, конститутсионализму парламентаризм халалдор гардиданд.
Бидуни шак, дар чунин шароит дар бораи таҳаввулоти назаррас ва ислоҳоти ҷиддӣ, бахусус такмили низоми ҳокимияти давлатӣ ва самаранокии он ҳарф задану навиштан хеле душвор аст. Агар дар арафаи интихобот ва раванди он шаҳрвандонро бо эҳтимолияти муташанниҷгардидани авзои дохилӣ ва таҳдиду хатарҳои берунӣ, аз ҷумлатерроризми байналмилалӣ, экстремизм ва сӯиқасди марказҳои ҷосусии минтақаю давлатҳои алоҳида ва созмонҳои хориҷӣ тарс медоданд, вале заминаи онро дар ворид шудани намояндагони баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ба сохторҳои ҳоқимияти давлатӣвобаста менамуданд. Аммо баъд танҳо баъд аз интихобот онҳоро ҳамчун падидаю зуҳуроти номатлуб эътироф намуданд. Ба ҳар ҳол, масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ, кам кардани муносибатҳои коррупсионӣ, мақоми шоиста доштан вобаста аз фаросату истеъдод, имконияти амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва дигару дигар бинобар набудани иродаи сиёсӣ, номукаммалии қонунҳо ва низоми сиёсӣ ҳамчун орзую ормони миллат боқӣмонданд. Муҳити илмӣ ва эҷодӣозод нест, баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ, бахусус таҳлилу таҳқиқи холисона бо истифода аз тарзу усулҳои илмӣ ба назар намерасанд. Бинобарин, барномаю консепсияҳое қабул шуда, кадом асоси илмие надоранд, бахусус зимни таҳияи онҳо воқеияту вижагиҳои фарҳангӣ- таърихии миллат ба инобат гирифта намешавад. Дурӯғу изофанависӣ хеле зиёд, таърифу тавсифҳо ва тақлид аз тарзи идораи давлатҳои худкома, беқадрии рӯшанфикр боиси нигаронии ҳар як фарди солимақл гаштааст. Имконияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрванд, бахусус нерӯи зеҳнии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳалли масоили мубрам ва беҳтар шудани эътибори байналмилалии кишвар, аслан истифода намешаванд, ки аз сатҳи пасти фарҳанги сиёсии давлатмардон гувоҳӣ медиҳад.
Гуфтан мумкин аст, тарсу ҳарос, нобоварӣба оянда, набудани тағйироти куллӣ дар ҷомеа ва бештар гардидани фосила миёни мардум ва ҳукумат воқеъияти рӯз аст.
– Дар муносибату робитаи ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ, бахусус аҳзоби дигарандеш кадом дигаргуниеро эҳсос намекунед?
– Дар муносибат бо ҳизбҳои мухолиф, бахусус ҲСДТ ягон тағйирот нашудааст. Барои кору фаъолият на танҳо дар мақомоти мухталифи ҳокимияти давлатӣ, балки дар муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва донишгоҳҳо ба фаъолони ҳизби мо иҷозат намедиҳанд. Ҳангоми муроҷиат ба раҳбарияти онҳо ошкоро мегӯянд, аз мақомоти амниятӣва маъмурияти президент иҷозат нест. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣниз аз ҳамкорӣ дар асоси қарордод бо намояндагони фаъоли ҳизбҳои мухолиф худдорӣмекунанд, ки дар натиҷа аксарият,ҳатто сарчашмаи зиндагӣ надоранд ва бидуни шак чунин муносибат ба асноди ҳуқуқи байналмилал мухолиф аст. Чунин ҳолатро танҳо дар давлатҳои ғайридемократӣмушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, замони Шӯравӣ зиёиёнро ба рӯйхати “неблагонадежный”-ҳо ворид ва кӯшиш менамуданд, ки халал бирасонанд. Аммо аз таърих медонем, ки онҳо миёни мардум эҳтироми хос доштанд ва имконияту шароити кору фаъолиятро аз даст надоданд.
Пас дар низоми демократию ҳуқуқбунёди давлат бояд ҳар шахс, новобаста аз эътиқоди динӣ ва мансубиятиҳизбӣманбаи расмии даромаде дошта бошад, ки ақаллан талаботи фарзандони хешро қонеъ гардонад. Мувофиқи мақсад мебуд, агар бо дарназардошти чунин ҳолат, шахсан Президент намояндагони арзандаи ҳизбҳои мухолифро барои кор ба идораҳои давлатӣ ҷалб мекард. Ин боиси зиёдтар шудани шаффофият, масъулият, самаранокиву рақобати солим гардида, заминаҳои иҷтимоӣ, ҳусни тафоҳум ва Ваҳдати миллиро таъмину кафолат медод. Намояндаи ҳизби мухолиф, на танҳо таҳти назорати маъмурият, балки масъулияти сиёсӣ-ҷамъиятиро эҳсос мекард. Вале аз ин падидаю зуҳуроти матлуб худдорӣменамоянд. Масалан, дар кишварҳои мутамаддин кӯшиш менамоянд, ки намояндагони ҳизбҳои мухолиф дар мақомоти мубориза бо фасод, ҳифзи ҳуқуқ, ваколатдор оид ба ҳуқуқ, марказҳои тадқиқотӣ- стратегӣ, донишгоҳу муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва дигар идораҳои назоратӣ саҳми худро дар рушди давлатдорӣ мегузоранд.
Аммо боиси таассуф аст, ки ин гуна таҷрибаҳои ибратбахшро, бар хилофи манфиатҳои миллӣ инкор мекунем. Онҳое, ки мансабҳои давлатиро ба манфиат ва ғаразҳои шахсӣистифода мебаранд, миёни мардум маҳбубият ва заминаи иҷтимоӣнадоранд. Қобилияти дарква таҳлилу баррасии равандҳои иҷтимоӣ-сиёсиро низ надоранд. Мушкилоти дигари ҳизбҳои мухолиф дастрасӣ надоштан ба ВАО ва нашрияҳои давлатӣ, инчунинимтиёзҳои дигар мебошад, ки қонунгузор муқаррар ва пешбинӣнамудааст.
– Парлумон дар қонун дар бораи фаъолияти созмонҳои иҷтимоии ғайриҳукуматӣ ислоҳот ворид кард. Ба унвони як сиёсатмадору сиёсатшинос ин тағйирот дар қонуни фавқуззикрро чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?
– Ин бори аввал нест, ки дар мо таҷрибаи хубиро не, балки таҷрибаи бадро бидуни таҳлилу баррасии ҷиддӣ қабул мекунанд. Бе ворид намудани илова ба қонунҳое, ки фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳизбҳои сиёсиро танзим менамоянд, манбаи даромади онҳо аён аст ва ҳама таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд. Барои назорати ин корҳо Вазорати адлия ва дигар мақомоти давлатӣ ҳамаи шароиту имконотро доранд. Агар Тоҷикистон лоиҳаю барномаҳои ин гуна созмонҳоро дар доираи ҳамкории иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ мекард, ҳадсу гумонҳо нисбати фаъолияти онҳо аз миён мерафт. Аммо ҳоло мазмуну моҳияти ислоҳоти ворид гардида ба қонунгузорӣ бидуни шак дахолатро ба фаъолияти онҳо бештар менамояд. Азбаски коғаз забон надорад, риояи навиштаҳоро таъмин намудан мушкилтар аст. Масалан, шахсияту ширкатҳои алоҳида то имрӯз ба хотири боиси нигаронии ҳукумат нашудан, аз маблағгузории ҳизбҳои мухолиф худдорӣмекунанд, расонидани чунин маблағ ба ҲХДТ ва нашрияҳои он озод аст.
Созмонҳои иҷтимоӣ ба мақомоти зирабтҳисоботи хаттӣмедиҳанд ва ягон мушкилот барои муайян намудани ҷосусии онҳо вуҷуд надорад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ба ҷойи таҳия ва қабули қонунҳои матлуб, ки ба рушди ҷомеа мусоидат намоянд, ба монеагузориҳои сунъӣ ва мушкил шудани зиндагӣ, кору фаъолияти шаҳрвандон машғуланд. Набудани намояндагони ҳизбҳои мухолиф дар парлумон, истифода нашудан аз донишини олимони мустақил ва бидуни муҳокимаиҷиддӣ қабул гардидани қонунҳо, ҳамзамон набудани музокираи парлумонӣ ҳамчун яке аз шартҳои муҳим ва зарурии парламентаризм ва аз мақомоти иҷроия вобаста будани мақомоти қонунгузор будааст, чунин мушкилот афзоиш меёбанд. Адами таҷзияи ҳокимияти давлатӣ анҷоми рисолати парламентро номумкин мегардонад.
– Баъд аз интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ва парлумонӣ ҳукумат хеле аз мансабдоронро барканор ва ашхоси дигарро ҷойгузин кард. Аммо боз ҳам афроде мансуб ба вазифаву постҳои давлатӣ шуданд, ки солиёни тӯлонӣ дар ҳукуматанд. Аз тарафи дигар, дар сиёсати кадрӣбоз ҳам нақши маҳал, хешу таборӣ, ҳатто такя ба фарзандони Президент афзалият пайдо кард. Паёмади чунин давлатдорӣ ва ҳукуматронӣ чӣ хоҳад буд?
– Идеяи давлатсозии ғайрирасмӣ коррупсия ва маҳалгароист, ки онро зимни амалӣнамудани сиёсати кадрӣба осонӣмушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин сиёсат низоми муайяне вуҷуд надорад. Бо баҳонаиҷалби кадрҳои ҷавон ва занон ба мақомоти давлатӣ онҳое ҷалб мешаванд, ки мутааллиқ ба маҳалли муайян буда, робитаи авлодӣ доранд Чунонки илм ва таҷриба нишон медиҳад,ҳеҷвақт ҷавони хатмкардаи донишгоҳ бо баҳои аъло, ҳамзамон истеъдоди фавқулоддаи роҳбариву ташкилотчигиро надоштааст. Дар ҳоле, ки корҳои дипломӣва рисолаҳои илмиро дар Тоҷикистон ба пардохти маблағ дигарҳо менависанд. Ҳамин аст, ки агар рӯйхати мансабгирифтаҳоро таҳлил бикунем, ошкор мешавад, ки то чӣ андоза сиёсати кадрӣ асоси воқеӣнадорад. Имрӯз давлат ба шахсиятҳое ниёз дорад, ки на дар сухан, балки дар амал ватандӯсту дарки баланди масъулияти миллӣ дошта бошанд. Дар акси ҳол, заминаи иҷтимоии ҳукумат заиф ва маҳбубияташ боз ҳам поинтар гардида, дар ҳолатҳои фавқулодда эҳтимолияти аксуламал нишон додан ба таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣзаиф мемонад. Яъне бояд иқрор кард, ки то замоне кормандони давлатӣ вобастаи ҳамдигаранд, сатҳу сифати зиндагӣ беҳтар ва падидаю зуҳуроти номатлуб ислоҳ намешаванд.
– Аслан ба фикри Шумо чаро беш аз пеш кадрҳо аз як маҳал ба мансабҳои давлатӣ ҷалб мегарданд?
– Чунин ба назар мерасад, ки баъд аз 24 соли истиқлолият бо вуҷуди гуфтану навиштанҳо ба моҳияти давлати миллӣ, якпорчагӣва авлавиятҳои шакли идораи ҷумҳурию давлати демократӣ, ҳуқуқбунёдию иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сарфаҳм нарафтем. Дар идораю танзими масъалаҳои давлатдорӣаз тарзу усулҳои асримиёнагӣ истифода мебарем, ки боиси нигаронист. Ба намуди зоҳирии ном ё шакл такя карда, аз мувофиқат намудани он ба амал худдорӣ мекунем. Ҳатто мушовиронро, мисли давлатҳои ғарбӣ ба ёвар табдил дода, ба вазорату идораҳои давлатӣ номҳоро тибқи муносибатҳои бозаргонӣ мувофиқ гардонидаанд, аммо ҷалби сармоя дар муқоиса аз кишварҳои минтақа ҳеҷ буда, муносибатҳои коррупсионӣ кам нашудаанд. Бояд шахсияти ёвару кормандони маъмурияти президент эътирофу эҳтиром дошта бошанд. Бидуни шак чунин муносибатро мардум ба хубӣ мебинанд ва дар шакли хос эътироз ҳам мекунанд
– Ба назари Шумо вақте ҳукумат бо чунин шева ташаккул меёбад, коррупсия афзоиш меёбад ё баръакс, коҳиш пайдо мекунад? Дурнамои давлатдории тоҷикон дар чунин вазъият чӣ гуна хоҳад буд?
– Аксарияти давлатҳо, бахусус давлатҳои худкома кӯшиш мекунанд, ки бо мақсади муттаҳид намудани миллат таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷиро баҳона қарор дода, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро маҳдуд месозанд. Дар ин гуна амалкард ҳам авлавиятро ба мақомоти қудратӣ медиҳанд. Дар ҳоле, ки омилҳои терроризму экстремизм, агар хатар ба истиқлолияту якпорчагии кишвар ҳастанд, дар шинохти омилҳои таъсиргузор кадом коре анҷом намегирад. Агар чунин хатарҳо вуҷуд дошта бошанд, танҳо ба ҳамкории кормандони ваколатдор оид ба дин ва ҷомеашиносони дарборӣ маҳдуд нашуда, робитаро бо рӯҳониёни саршинос ва муҳаққиқони мустақилу коршинос барқарор намоянд. Дар хотир дорам, лоиҳаҳои Амрикою Олмон ва Шветсарияро дар ин хусус, ки ба ҳамкории давлату дин равона шуда буданд. Мақолаву китобҳое дар ин маврид ба нашр ҳам расиданд, вале аз онҳо истифода нашуд. Фикр мекунам, сабаби асосии афзоиши таъсири дин ба ноумедии мардум аз паст шудани сатҳи зиндагӣ, раванди бекорӣ, адами корхонаҳои бузург, сатҳи пасти таълим, таҳти таъсири фазои иттилоотӣ қарор гирифтани шаҳрвандон нуҳуфта аст.
– Муносибат бо ҲНИТ баъд аз интихоботи парлумонӣбадтар шудан дорад. Дар сурати манъ кардани фаъолияти он, фикр мекунед, исломи сиёсӣдар Тоҷикистон ба чӣ навъ пеш меравад? Оё радикализм бештар мешавад?
– Зиёд шудани таҳдиду фишор, маҳдудияту манъи минбаъдаи ҲНИТ аз фаъолиятбар зарари сулҳу субот ва Ваҳдати миллист.Ҳамон лаҳзае ки майдони сиёсиро аз ҲНИТ холӣкарданд, бидуни шак аъзову ҷонибдорони он дар шаклҳои дигар муҳити сиёсиро пурра мекунанд. Албатта, радикал ё ба созмонҳои ифротӣ мепайванданд.
Бояд зикр намоям, ки заминаи ҳуқуқӣ ва кафолати ҲНИТ-ро дар муқоиса бо дигар ҳизбҳои сиёсӣСозишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣташкил медиҳад ва моҳияти ин созишнома ҳам дар сатҳи ҳуқуқи байналмилал қарор дорад. Бинобар ин, ҳама гуна масъалаҳо дар робита ба табдили номи ҳизб ё барҳам додани он бо тартиби риояи муқаррарнамудаи Оинномаи ҳизб ва ба таври ихтиёрӣсурат мегирад. Рақобати носолим ва муносибати дугона бисёрҳизбиро ҳамчун шарти асосии рушди равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣинкор карда, боиси камрангии ҳаёти сиёсӣ мегардад.
– Ба ҳайси як донишманд ва олими огоҳ, фикр мекунед, муҳити сиёсӣ ва шароити иқтисодӣ барои ҷалби сармоя то куҷо созгор аст? Барои мисол, напардохтани қарзи “Сангтӯда”-1 ва “Сангтӯда”- 2, ҳабси Маъруф Орифов, Ҷӯрабек Охунов ва Зайд Саидов, иҷборан кашида гирифтани моликияти нафарони наздик ба Муҳиддин Кабирӣ ба сармоягузории хориҷӣ то чӣ ҳад таъсир хоҳад дошт?
– Вазъияти сиёсӣ ва муҳити иқтисодӣ, бахусус ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таъсир мерасонад. Давлатҳои алоҳида, ширкатҳои бонуфуз ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ вақте эҳсос карданд, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ҳукумат шаффоф асту ҳисоботдиҳанда назди мардум ва ивазшаванда будани он вуҷуд дорад, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣимконияти назоратро доранд, кафолати амнияти сармоя ва муносибат ба субъектҳои иқтисодӣ таъмин, инфрасохтторҳои марбута ташаккул ёфтаву иродаи сиёсӣ дар пазируфтани арзишҳои муносибатҳои бозоргонӣ, новобаста аз бархурдҳои геополитикӣ вуҷуд дорад, бидуни шак бо нияти холису ҳадафҳои муштарак вориди Тоҷикистон мешаванд.
Аммо боиси таассуф аст, ки то ба ҳол қонунҳо номукаммалу сатҳи коррупсия баланд буда, дахолати ғайриқонунӣ ба корҳои соҳибкор мушоҳида мешавад. Намудҳои андоз ва тарзи ситондани онҳо мураккаб гардида, фоизи баланди қарзи бонкӣ ва ғайраҳо омилу сабабҳоеанд, ки дар ворид шудани сармоя монеа мегарданд.