Вазъияти солҳои ахир дар атрофи ягона ҳизби исломӣ, ягона созмоне, ки шаҳрвандони кишварро дар асоси ақида ва идеология ҷамъ овардааст, касро ба андеша вомедорад. Таҳдиду фишор, харобу валангор кардани моликият, ҷарима, тарсонидан ба ҷони фарзандону наздикони аъзои ҲНИТ-ро иддае аз кормандони мақомот дар ин авохир барои худ вазифа медонанд. Ин хонашерони майдонғариб ба сӯи бародар, ҳамватан ва ҳамдиёри худ бо забони таҳдид ва зур мехоҳанд, сухан бигӯянд. – Агар аз ҳизб хориҷ нашавед…
Худи ман ҳам, ки масъулияти раисии шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанберо ба дӯш дорам, бо чунин мушкилот рӯбарӯам. Тайи моҳҳои ахир бахусус моҳи гузашта шахсони номаълум аз тариқи телефон фишору тазйиқҳои равонӣ болои банда ва аҳлу оилаамро зиёд намуданд. Ҳатто чанд рӯз маҷбур шудам, ки ба ноҳияи Вахш назди пайвандонам равам. Нарзулло Юсуфӣ, раиси шуъбаи кумитаи дин дар ҳукумати шаҳри Душанбе ва раиси шуъбаи ташкилӣ Парвина, инчунин аз кормандони кумитаи амният бо номҳои қалбакӣ ва рақамҳои номаълум занг зада, маро ба кадом як ҷаласаи назди муовини раиси шаҳр Ҷ. Лангариева даъват мекарданд. Рӯзи 1 июл аз соати 7 субҳ то соати тақрибан 12 шаб ду мошин ба навбат дар назди даромадгоҳи манзилам маро мунтазир буданду дунболам мегаштанд. Ду-се дафъа хостанд, ки ба манзил ворид шаванд, аммо вақте диданд, ки дарро ба рӯяшон боз намекунанд, бо раиси маҳалла (дом), ки як зани 55-60 сол вориди манзил шуда, худро кормандони ҳукумати шаҳр муаррифӣ намуданд, ки дар асл кормандони ҳукумати шаҳр набуданд. Ҳарчанд барояшон гуфта шуда буд, ки дар мазил нестам, вале онҳо хостанд, ки бо чашми худ бубинанд. Бо ба вуҷуд овардани чунин як фазои тарсу ваҳшат ба аҳли оила ва фарзандони хурдсолам онҳоро сахт тарсониданд.
Аҷаб замонае шуда, барои кори фарзанди болиғи 43 сола, ки худ падар аст, бояд падару модар ҷавоб гӯянд. Эҳтироми падару модари пиронсол ба ҷост, вале ноҷавонмардиву бемасъулиятӣ набояд то ҷое бошад, ки барои фишор овардан аз таҳдид ба пиронсолон кор гирифт. Ростӣ, ман ҷузъиёти ҳодисаро хуб намедонистам, вале баъде фаҳмидам, ки ин афрод, ҳатто ба ҷони ману фарзандони хурдсолам падарамро тарсонидан, асабонам ба ҳам рехт. Ҳайф ба онҳое, ки аз ин гуна василаҳо кор мегиранд. Ин афрод вақте барои хориҷ карданам аз ҳизб муваффақ нашуданд¸ субҳи 2 июл роҳ сӯи зодгоҳам деҳаи Якуми майи ноҳияи Вахш пеш гирифтанд. Соати 7:00 дар ҳавлиамон падару модарамро садо кардаву бо ишон радду бадал намуданд. Дар ибтидо падарамро тӯҳмат карданд, ки қоидавайронкуниҳои зиёди мошинашро гӯё камераҳои шаҳри Душанбе сабт кардаву бояд бо эшон равад. Аммо вақте падарам мегӯяд, ки бо ин мошин 1,5 сол мешавад, ки Душанбе нарафтааст, онҳо ӯро ба идораи ҷамоат бурда, пурсуҷӯ карданд. Вақте шубҳа карданд, ки падарам ҳамроҳашон ба Душанбе рафтанӣ нест, ба ӯ гуфтанд, ки бояд ҳамроҳи мо ба Душанбе биравӣ, чунки Ҷаноби Олӣ ё Муҳаммадсаид Убайдуллоев туро қабул мекунанд. Хулоса, ин ду кормандони амният, ки яке худро Фирӯз Расулов муаррифӣ кардааст, падару модарамро бо фиребу найранг гирифта ба Душанбе оварданд. Дар роҳ ба падарам таҳдид карданд, ки медонӣ фарзандат чанд кӯдак дорад? Ӯ соҳиби 4 духтару як писар аст, барои ҳамин фикри набераҳо ва панҷ фарзанди худатро ҳам кун. Барои ӯ ҳатто навори фаҳшеро нишон дода, гуфтанд, ки ин метавонад писари ту бошад. Барои ҳамин вақте ба ҷои лозимӣ, ки расидем, аз писарат талаб кун, ки аз масъулият ва аъзогии ҲНИТ хориҷ шавад. Падарам ҳам мегӯяд, ки писари ман чанд маълумоти олӣ дорад ва барои ҳар амалаш худаш масъул аст. Ба унвони падар ман ҳаққи ӯро ба ин ё он кор маҷбур кардан надорам. Ӯро ба идораи ҳукумати шаҳри Душанбе бурда, аз ман ҳам даъват карданд, ки ба ҳукумати шаҳр равам ва вақте падарам ин корро аз ман хост ман ҳам рафтам. Фазо гувоҳи ин буд, ки аллакай бо падарам радубадалҳои зиёде сурат гирифтаву падарамро водор кардаанд, ки бояд маро барои канор рафтан аз масъулияти ҳизбӣ розӣ кунонад. Дар утоқи муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Лангариева ба ҷуз ӯ боз раиси шуъбаи кумитаи дини шаҳр ҳузур доштанд, ки дари утоқи кориро сари чанд вақт як нафар боз мекарду мепӯшид. Радубадалҳои дар бораи ҲНИТ натиҷае ба бор намеовард. Ҳар боре, ки муовини раиси шаҳр мехост ҲНИТ-ро барои кишвар як омили хатарзо нишон бидиҳад, ман онро бо факту далел рад мекардам. Ҳамаи даъвоҳои онҳо алайҳи ҳизб беасос ва тӯҳмат буданд.
Шахсан барои ман шахсияти худам муҳим нест, вале бароям дардовару аламовар ин буд, ки зери чунин фишори равониву ҷисмӣ, ки падару модари пиронсолам, дар ин рӯзҳои гармои тобистон ва моҳи мубораки Рамазон бо сабаби ман ба он рӯбарӯ гардиданд, ман водор ба имзо гузоштан ба ариза шудам. Аммо вақте воқеъиятҳоро аз забони ҳол шунидам, бори дигар эълон медорам, ки ин сиёсат-сиёсати ноҷавонмардона, ғайриқонунӣ мебошад ва тибқи қарори Шӯрои сиёсӣ ва тасдиқи Раёсати Олии ҲНИТ тамоми аризаҳои иҷборан ҷамъоварда ва протоколҳои тартибдодаи мақомот ғайриқонунӣ ва беэътиборанд. То замоне, ки ҳизб дар майдони сиёсати Тоҷикистон расман фаъолият дорад, ман худро узви комили он меҳисобам.