Ҷунбиши “Ҳамос “хоҳони ташкили давлат

  • Home
  • -
  • Ҷунбиши “Ҳамос “хоҳони ташкили давлат

Ҷунбиши “Ҳамос “хоҳони ташкили давлат

Узви дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии “Ҳаммос” таъкид кард, ки ин ҷунбиш хоҳони ташкили кишвар дар саросари Фаластин на танҳо дар Ғазза аст.

 

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, Мусо Абумарзуқ рӯзи 20 июн бар рӯи сафҳаи шахсиаш дар пойгоҳи иртиботи ҷамъиятии “Фейсбук” навиштааст: “Ҷаноби Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Ҳамос танҳо хоҳони ташкили кишвар дар Ғазза нест, балки мехоҳад дар саросари Фаластин кишвар ташкил кунад ва ту наметавонӣ бо ин баҳонатарошиҳо аз масъулиятҳоят дар қиболи минтақаи муҳосирашудаи Ғазза шона холӣ намоӣ”.

Мусо Абумарзуқ иттиҳомот алайҳи Ҳамос мабнӣ бар ҳамкории амниятӣ бо режими саҳюнистӣ барои ташкили кишвари Ғаззаро рад кард ва онҳоро сирфан баҳонае барои шона холӣ кардан аз зери бори масъулият дар қиболи минтақаи муҳосирашудаи Ғазза донист.

Маҳмуд Аббос дирӯз дар гуфтугӯи худ бо маҷаллаи “Руз–ал-Юсуф”-и Миср, ҷунбиши Ҳамосро ба ҳамкории амниятӣ бо режими саҳюнистӣ дар қолаби тавофуқи оташбасе, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ дар Миср имзо шуда буд, муттаҳам кард ва гуфт, ҳадаф аз ин музокирот ташкили кишвар дар Ғазза аст.

Tags:

Share:

Leave Comment