Дабири кулли созмони амният аз пайвастани ҳудуди 3 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Николай Бордюжа дар суҳбати худ гуфтааст, ки танҳо аз кишвари Қирғизистон 400 нафар ва аз Русия 2 ҳазор нафар дар сафи ДИИШ меҷанганд.
Ӯ афзуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва бекифоятӣ дар мубориза бо терроризми ҷаҳониро далели пайвастани ин афрод бо ДИИШ баршумурд ва таъкид кард, ки ҳамкории воқеӣ алайҳи терроризм чанд сол аст, ки вуҷуд надорад.
Дабири кулли созмони амният дар бораи теъдоди гурӯҳҳои низомӣ, ки аз шаҳрвандони дигар кишварҳо мебошанд ва бо ДИИШ узвият доранд, оморе ироа накард.
Пан Гӣ Мун, дабири кулли созмони милал ахиран ҳушдор дода, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки бо саркӯби давлат ва миллати Ироқу Сурия ба ДИИШ пайвастаанд, таҳдиди ҷиддие барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд.