Эътирофи нақши ҲНИТ дар сулҳ, “сари сабз”-и масъулинро барбод медиҳад

  • Home
  • -
  • Эътирофи нақши ҲНИТ дар сулҳ, “сари сабз”-и масъулинро барбод медиҳад

Эътирофи нақши ҲНИТ дар сулҳ, “сари сабз”-и масъулинро барбод медиҳад

Ба назар чунин мерасад, ки иқдому амалкардҳои олуда бо ғараз ва маъракаи тӯҳматпароканиҳо алайҳи ҲНИТ, марзи сулҳу ваҳдатро ҳам убур кард. Баъд аз он, ки муроҷиати ҲНИТба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон равона гашт, теъдоде бо ҳар гуна ном ва бо роҳнамоиҳои доираҳои муайяни ҳукуматӣ аз чунин тасмимгириҳои ҲНИТ нороҳат гашта, баъд аз хуб майнаобкуниҳо хулоса карданд, ки дар сулҳи ба дастомада ИНОТ саҳм дорад, на ҲНИТ. Аз чунин хулосабарориҳову таҳлили таҳлилгарони буқаламунмиҷоз ростӣ, ки харро ҳам ханда гирифт. Охир ИНОТ парвардаи ҲНИТ аст ва миёни ин ду мафҳум ҳеҷ фарқияте мавҷуд нест. Чизи дигар он аст, ки ИНОТ-ро магар ҲНИТ барҳам дод? Чаро ин ниҳод поянда намонд? Зеро бархе аз аъзои хасакии ИНОТ, ки ба шарофати ин ниҳод соҳибкурсӣ шуданд, ҳамаро аз даст доданд.

Дар мавриди он, ки саҳми ҲНИТ дар сулҳи ба дастомада беандоза аст, инро ҳоҷат ба шарҳу тафсир нест ва аз хурд то бузурги миллат хуб медонанд, ки собиқ роҳбари ИНОТ ва ҲНИТ марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ як ҷониби сулҳи тоҷикон буд. Маҳз устодон Сайид Абдуллоҳи Нуриву Муҳаммадшариф Ҳимматзода буданд, ки аксар рӯшанфикрони кишвар атрофи онҳо ҷамъшуда, ҳалқаҳои устувори як занҷири тавоноро ба вуҷуд оварданд ва ин ҳалқаҳо дар ҳамбастагӣ номи ИНОТ-ро ба худ касб кард. Ва он нерӯи тавоно то имрӯз ҲНИТ ном дорад, ки аъзои ИНОТ он замон ба сафи он пайвастаанд. Маҳз ҳамин нерӯи тавоно як ҷониби сулҳи тоҷикон гашт, ки ҷомеаи байналмилалӣ онро эътироф кард. Маҳз ҳамин нерӯи тавонову пурқудрат сари мизи музокирот бо намояндаҳои ҳукумат нишаст ва билохира сарвари ИНОТ ва роҳбари ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошт. Баъд аз ба имзорасии Созишномаи сулҳ Комиссияи ошти миллӣ таъсис ёфт, ки сарварии онро зиндаёд устод Сайид Абдулоҳи Нурӣ бар ӯҳда дошт. Магар метавон ин ҳамаро нодида гирифт ва хулоса кард, ки ҲНИТ дар сулҳи тоҷикон ҳеҷ нақше надорад?

Аммо имрӯз теъдоде аз сиёсатшиноси бозингару сиёсатбоз чун дигар айбу гуноҳи ҲНИТ наёфтанд, мехоҳанд ҷомеаро мутақоид созанд, ки ҲНИТ дар сулҳи ба дастомада ҳеҷ нақше надорад. Фикр мекунам, чунин таҳлилу хулосабарориҳо муғризона буда, аз идомаи ҳамон иғвопароканиҳои мақомот алайҳи ҲНИТ гувоҳӣ медиҳад.

Чун атрофи саҳми ин ҷонибу он ҷониб бештар мегӯянду интиқод мекунанд, фикр мекунам ин чиз он қадар ҳам муҳим нест, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонанд, ки пайи ба дастории оштиву ҳамдигарфаҳмӣ бештар аз ҳама саҳми чӣ ҷонибе дар Тоҷикистон муассир аст. Муҳим он аст, ки дар сулҳи ба дастомада, миллат саҳми арзанда дорад, муҳимтар аз ҳама он аст, ки оташи ҷанг хомӯш гашт ва ҳамин миллати замоне парешонгашта дасти сулҳу оштӣ сӯи ҳам дароз кард ва ҷамъи парешонгаштаро дигар бора гирди ҳам овард. Дар маҷмӯъ ҳам ҳукумативу ҳам собиқ оппозитсиюну ҳам ҲНИТ, намояндаи ин миллатанд. Инро набояд нодида гирифт.

Аммо не, мутаассифона андешаву назари баъзе аз таҳлилгару масъули мақомоти кишвар олудаи ҳар гуна бадгумониҳо гашта, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд, зарба ба ҲНИТ зананд. Бо ном таҳлилгаре, ки замоне худ дар суфуфи ИНОТ буд ва ҷуз хонадонаш каси дигаре ӯро намешинохт, сӯи ҲНИТ “кулухпартоӣ” дорад ва ин ҳизбро барои ҷомеа хатарнок маънидод мекунад, аз он изҳори нороҳатӣ мекунад, ки ҲНИТ дар ба дастории сулҳ ҳеҷ саҳме надорад. Чунин таҳлилгарони “кури айби хешу бинои дигарон”, масоили таҳлилталабу рӯзмараи ҷомеа канор гузошта, домони ҲНИТ гирифтаанд. Аммо чаро лаҳзае мавриди таҳлил он масоилеро қарор намедиҳанд, ки чӣ омил имрӯз ҷавононро ба сафи ДИИШ мепайвандад ва чаро ниҳоли маҳал дар кишвар ин қадар чуқур реша давонидаву шоху барг овардааст? Чаро ҳамасола сафи муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ҷавонони тоҷик дар ҳоли афзоиш аст? Чаро вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар номӯътадиласт? Чаро корхонаҷот фаъол нестанд? Чаро кадрҳои хубу болаёқатробо ҳар гуна баҳонаю атестатсиягузарониҳо аз ташкилоту муассисоти давлатӣ озод мекунанду худиҳои бемағзу бекалларо ба ҷойи онҳо ба кор мегиранд? Чаро чунин дарду доғи ҷомеа аз назари таҳлилгарону мақомоти кишвар дар канор мондаву эшон пайи заиф гардонидани фаъолияти ҲНИТ дасту остин барзадаанд? Чунин амалкард аз амалҳои олуда бо ғарази мақомот, ки фармоиши «боло» иҷро мекунанд, дарак медиҳад. Наход арзи ҳастӣ кардани ҲНИТ, ҳизбе, ки фаъолияти сиёсиро дар асоси қонунҳои ҷории кишвар ба роҳ мондааст, мушкилоти рақами аввал бошад?

Имрӯз дар кишвар як чиз ба ҳукми анъана даромадааст: Ҳар масъулу вазифадоре, ки курсинишин аст,аз пешниҳодиҳар гуна масъалае, ки бар нафъи ҷомеааст, худро канор мегирад. Чаро? Зеро метарсад. Аз кӣ? Боз аз ҳамон «боло»! Мабодо забони сурхаш сари сабзакаш барбод надиҳадуаз курсиву мансаби бо хуни ҷигар ба дастомадааш бе насиб нагардад? Ва садҳо мабодоҳои дигар. Чунин теъдод таҳлилгару стратегу ким- чӣ касони дигар, ки мехоҳанд содиқ будани худро ба ҳамон «боло»-яшон нишон диҳанд,дар таҳлилукору фаъолиятмустақилнестанд, набуданд ва нахоҳанд буд. Ва он ҳарфу сухане, ки дар ҳаққи ҲНИТ мебофанду эҷод мекунанд, мусаллам аст, ки он ҳама супоришотист!

Аз сухани ҳақ набояд тарсид ва нафсро набояд пирӯз аз болои ақл кард. Зеро хоҳу нохоҳ ақл дар ҳама ҳолот пирӯз аз болои нафс аст.

Tags:

Share:

Leave Comment