Р. Абдулло: Барои сулҳи тоҷикон ҷомеаи байналмилалӣ ҳам масъулият дорад

  • Home
  • -
  • Р. Абдулло: Барои сулҳи тоҷикон ҷомеаи байналмилалӣ ҳам масъулият дорад

Р. Абдулло: Барои сулҳи тоҷикон ҷомеаи байналмилалӣ ҳам масъулият дорад

Ахиран ҲНИТ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фишорҳо алайҳи аъзову ҷонибдоронаш ба созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ) ва роҳбарони кишварҳои кафил, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон муроҷиат намуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки ҲНИТ тамоми марҳилаҳои қонунӣ, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Президенти ҶТ-ро паси сар намуд ва натиҷае барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ба даст наомад. Шумо ин иқдоми ҲНИТ-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед, оё роҳбарияти ҲНИТ кори дигаре метавонист дар ин замина ба анҷом расонад?

 

Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшинос

 

Худи роҳбари ҳизб хуб медонад, ки чӣ кор кунад? Қоида чунин аст, ки барои ҳалли як мушкилот бояд ба ҳамаи сохторҳои дохилӣ муроҷиат кард. Вақте, ки ба ин кор дар дохил расидагӣ накарданд, баъд ба сохторҳои берун муроҷиат бояд кард. Ба фикри ман ҲНИТ ҳамаи ин марҳилаҳоро тай кард. Азбаски қазияи сулҳ мушкилии натанҳо дохили Тоҷикистон буд, балки пас аз муддате қазияи байналмилалӣ гашт ва ба он хеле аз кишвару сохторҳо ворид шуда буданд, то ҳол як навъ масъулияте нисбат ба ин доранд, шояд роҳбари ҳизб зарур донист, ба онҳо муроҷиат кунад. Яъне матраҳ сохтани ин ё он масъала дар назди ҳамон сохтору давлатҳое, ки вориди қазияи Тоҷикистон буданд, гузошта мешавад.

 

 

Суҳроби Зиё, хабарнигор

Ростӣ намедонам ҲНИТ чӣ кори дигаре метавонист анҷом диҳад. Аммо бояд дид, ки ин иқдом чӣ натиҷае дар пай хоҳад дошт. Фикр намекунам созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои нозир ба иҷрои тавофуқоти сулҳе, ки аз он ҳаждаҳ сол мегузарад, ба дифоъ аз мавқеи як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон садо баланд кунанд. Шакке нест, ки эҳтиёҷ ҳамеша инсонҳо ва ҳамин тавр созмонҳо ва кишварҳоро “рӯбоҳмиҷоз” мекунад. Бояд дар назар гирифт, ки ҳамаи созмонҳо ва кишварҳои мухотаби ҲНИТ манофеи худро дар Тоҷикистон дунбол мекунанд. Ба ин далел фикр намекунам, онҳо дар кишваре мисли Тоҷикистон ва дар минтақае мисли Осиёи Миёна аз манфиатҳояшон дар ин сарзамин бигзаранд.

Гузашта аз ин, густариши фаъолиятҳои тарафдорон ва аъзои ДИИШ ё гурӯҳи ба истилоҳ “Давлати исломӣ” дар минтақа, бахусус дар Афғонистон кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро водор мекунад то дар арзёбиҳояшон дар мавриди дигарандешӣ, ҳуқуқи инсон ва демукросӣ дар кишварҳои мо аз эҳтиёт кор бигиранд. Хулоса, ба андешаи ман аз дасти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии нозир ба тавофуқоти сулҳи тоҷикон коре сохта нест.

 

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос

 

Роҳбари ҳизб ҳамаи зинаҳои дохилиро гузашт, яъне мехост бо риояи одобу сулҳомез мавзӯъро баррасӣ кунад. Вале чун эҳсос кард, ки доираҳои муайян ба ҳалли масъала ва мушкилоти ҷойдошта мутаваҷҷеҳ нашуданд, аз ин рӯ, ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида муроҷиат кард. Ба андешаи ман аз ҷониби ҲНИТ фарҳанги сиёсӣ ва одоби касбӣ риоя шуд ва мантиқан зарур донистанд, ки бо мақсади ташаккул додан афкори ҷамъиятӣ ба ҳамин амал ҳамчун ҳолати истисноӣ даст зананд.

Дар кишварҳое, ки сатҳи фарҳанги сиёсии болотар доранд, чунин ҳолатҳо ба миён омад, Сардори давлат тамоми аҳзобро ҷамъ карда, онҳоро мешунавад ва ҳатмӣ нест, ки ҳамаи эродҳоро ба инобат бигирад. Аммо ман гумон намекунам, ки дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ гуфтание ба Президенти Тоҷикистон надошта бошанд. Аммо боиси таассуф аст, ки ин гуна муносибат ва воқеият ба таҷрибаи сиёсии давлатдории муосири тоҷик табдил наёфтааст. Бо ном баъзе созмонҳо таъсис додаанд, аз ҷумлаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аммо тарзу усули кору фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир мувофиқат намекунад. Аз ин хотир, ман гумон мекунам, ки бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад, аммо рақобати сиёсӣ, бисёрҳизбии ҳаққонӣ вуҷуд надорад.

Tags:

Share:

Leave Comment