Тайи 3 моҳ мешавад, ки аз қонуншиканиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ даҳҳо мақолаву навиштаҳо ба нашр расиданд, аммо ҳанӯз ҳам мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон мӯҳри хомӯшӣ бар лаб доранд. Ба муроҷиатҳои роҳбарияти ҲНИТ посухҳои обшуставу бемаънӣ ва гӯё касе аз фаъолияти мақомот шикояту гилае надоранд, иктифо намуда, ба-дин васила ҷуръати баъзе масъулини худро дар маҳалҳо барои қонуншиканиҳои бештар болотар бурданд. Агар дар гузашта як каме ҳисси масъулият ва тарс аз ҷавобгарӣ вуҷуд дошт, дар ин авохир дигар ошкору сареҳ мегӯянд: “Барои мо қонун-понун нест”. Ин мавқеъгирии мақомоти интизомии кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки қонунгузорӣ ва талаботи санаду меъёрҳои ҳуқуқии бахтномаи миллат, Сарқонуни ҶТ барои онҳо “як тини пучак” арзиш надорад. Дар ин бора аллакай тайи ин се моҳ навиштаҳои зиёде дастраси хонандагон гардида.
Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари ин ҳама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоде бо номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Обудстмен фаъолияти дорад, ки бар асоси вазифаву салоҳиятҳое, қонунгузор барояш мушаххас кардааст, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрвандро бар ӯҳда дорад. Ҳамчунин худи Ваколатдор савганди ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ёд карда, ваъдаи бовиҷдонона ва содиқона иҷро кардани онро додааст. Дар моддаи 11, банди 2 ва модддаи 13-и Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” сареҳан таъкид шудааст, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумотро дар баробари аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ гирифтанд, инчунин аз шаҳрвандони алоҳида ва воситаҳои ахбори омма ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд. Ва ҳангоми гирифтани маълумот бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ метавонад санҷишҳо гузаронад. Ин ишора шояд ба Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки муддатҳост, садри маҳофили байналмилалӣ ва кофе-брейкҳои гуногун мебошанд, басанда бошад. Ӯ дар ҳар ҷо бо садои баланд ба ҷаҳониён собит карданӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд комилан риоя мешаванд ва мушкиле дар ин масъала вуҷуд надорад. Умед аст, бо мутолиаи ин навишта, шахсан худи З. Ализода тарки курсии мулоим ва утоқи сардаш дар ин гармои тобистон ва моҳи мубораки Рамазон намуда, ба Исфарашаҳр ташриф мебарад, то бо чашми сар бубинад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чӣ гуна дар ин шаҳри бостонӣ риояву эҳтиром мешаванд? Ва аз натиҷааш ВАО-ро дар ҷараён хоҳад гузошт, то қазоват дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд одилонаву холисона бошад.
Бар асоси иттилои расида, дирӯз соатҳои 11.10 кормандони амнияти шаҳри Исфара писари ноболиғи узви ҲНИТ-ро аз манзилашон бо худ ба шуъбаи КДАМ-и Исфара бурданд. Аҳмадулло дар синфи 10-ум таҳсил мекунад, гуноҳаш ҷуз ин нест, ки дар хонаводаи наҳзатӣ ба дунё омадааст. “Кормандони амнияти шаҳр ба хонаамон омада, пурсиданд, ки падарат дар куҷост. Ман гуфтам, ки намедонам. Маро маҷбуран ба кумита бурданд ва дар наздам як варақ гузошта, талаб карданд, ки имзо кунам, намедонистам, ки дар он варақи чӣ навишта шуда буд. Вале ман ба ин розӣ нашудам. Рӯзадор будам, чашмонамро баста, дар шикамам заданд, то имзои худро гузорам. Ҳарчанд карданд, ман розӣ нашудам, ба ин қаноат накарда, ба дастонам сӯзан заданд”, бо ҳаяҷон нақл мекунад, Аҳмадуллоҳ. Вақте бобояш хабардор шуда, ба дари кумита меояд, дар ибтидо ӯро ҳам намегузоранд, набераашро бубинад. Ба онҳо мефаҳмонад, ки Аҳмадуллоҳ ноболиғ аст, ин коре, ки шумо мекунед, дуруст нест. Аммо онҳо исрор мекунанд, ки “мо бо ӯ кор дорем, баъдан ҷавобаш медиҳем”. Ҳатто дар назди бобояш ҳам ӯро маҷбур ба имзо гузоштан мекунанд. Пас аз ин бобои Аҳмадуллоро ба берун мебароранд, вале муйсафед коре карда, набераашро аз дасти онҳо наҷот медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, наздикони Аҳмадулло мегӯянд, саломатии ӯ хуб набуда, дар беморхона бистарӣ аст ва аз дарди шикамаш шикоят мекунад. Ба гуфтаи онҳо дар баробари ин қадар озору шиканҷа ва зулму ваҳшигарӣ Аҳмадуллоҳ имзои худро дар варақа нагузоштааст ва шояд ба ин ҳам бобояш сабаб шуда бошад. Кӣ медонист, дар варақа чӣ навишта шуда буду онҳо эътирофи кадом гуноҳи нокардаро мехостанд, аз Аҳмадуллоҳ бигиранд.
Ҳарчанд хонаводаи Аҳмадуллоҳино мехоҳанд, аз болои ин амали кормандони амният ба прокуратура шикоят баранд, аммо касе замонат дода наметавонад, ки бархурду муносибати ин мақоми давлатӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Хабарҳои дигар низ аз Исфара ҳокӣ аз он аст, ки фишорҳои равониву психологӣ аз тариқи пайвандону наздикон болои аъзои ҳизб дар ҳоли афзоиш аст. Дирӯз аз масири Исфара-Душанбе Нӯъмониддин Шарифов, раиси Комиссияи тафтишотии шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғдро, ки барои ширкат ба ҷаласаи моҳонаи ҳизб ба тарафи Душанбе меомад, дар ноҳияи Спитамент боздошт намуда, ба ӯ таҳдид карданд, ки агар аризаи хориҷшавиро аз узвияти ҲНИТ нанависад, мӯҳлати ҳабси фарзандашро зиёдтар мекунанд. Имрӯз бошад, худ ва писари дигарашро мақомоти амнияти вилоят ба шаҳри Хуҷанд даъват намудаанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Умедҷон Маҳкамов низ имрӯз барои сӯҳбат ба шуъбаи амнияти шаҳри Исфара даъват шудааст.
Ин ҷо месазад, ба аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, шахсиятҳо, донишҷӯён ва ҳамаи касоне, ки Раёсати Олии ҲНИТ-ро муттаҳам мекунанд, ки ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил набояд шикоят мекард, қазияро бояд дар дохил ҳаллу фасл мекарданд. Оё роҳбарияти ҲНИТ ба Прокуратураи генералӣ, КДАМ, ВКД, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва дар ниҳоят ба Президент муроҷиат накардааст? Луфтан бигӯед, ҷанобон, агар шикоят намекард, чӣ кор мекард? Ба муфтӣ, ки эҳсоси ранҷиш дорад, магар ин аз рӯи адолату Ислом аст, ки ноболиғи рӯзадор дар шуъбаи КДАМ озору азият бинад? Ин гуна мисолҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто дар шаҳри Душанбе вуҷуд доранд. Гумон мерафт, муртакибони ин ҷиноятҳо иштибоҳ ва камбудии шахсии баъзе масъулини ин ниҳодҳост ва роҳбарияти ҲНИТ ҳам дар аксари ҳолатҳо аз расонаӣ кардани он худдорӣ мекард. Аммо далелҳои ахир шаҳодати билаъксро медиҳанд ва барои ҳамин месазад далелҳо бо зикри ному насаби масъулини ҷинояткор барои қазовату хулоса дар ихтиёри мардум гузошта шавад…