Рузи ҷумъа ҳамчун вақти баргузории намози дастаҷамъӣ ва дуову ниёиш, ки шомили ҳикматҳост, байни мусалмонон мақоми хоссае дорад. Вале вақтҳои охир баъзе аз доираҳо бо иҳонату забондарозӣ ва тӯҳматбозиҳо ин фазои ваҳдатсози ақшори мухталифи ҷомеаро ба инзивосозию маҳв намудани дигарандешон бадал карданианд. Дар ин рӯзи пурҳикмат ба таври дастаҷамъона ба сари ҲНИТ қиём кардани шахсиятҳои стратеги ҳукуматӣ, ҳизбҳои сиёсии “кисагӣ” ва баъзе таҳлилгарони “мустақил” шеваи коргузории даврони Шӯравиро мемонад, ки ҳизби яккатози ҳокими коммунистӣ мавқеашро нисбати ҳодисаҳои вақт ва иғвоҳои империалистон, тавассути “номаҳои меҳнаткашон” иброз медошт. Мактубҳо ва мавқеърониҳо, ки аз тарафи Агентии давлатии иттилоотии “Ховар” ва дигар расонаҳо дар як вақт – рӯзи 3 июл интишор ёфтаанд, хеле шубҳаовар ба назар расида, аз супоришӣ буданашон дарак медиҳанд ва гумон меравад, ки муроҷиати ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалию кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон кайфи хоби баъзе аз доираҳоро паррондааст. Чунин ба назар мерасад, ки воқеан нерӯи маънавию сиёсии Наҳзат хеле қавӣ будааст, ки аз чанд тараф ба ин ҳизб ҳамла менамоянд. Ҳатто Маркази исломӣ, ки як ниҳоди ғайрисиёсист дар ин тамаллуқкорӣ ақиб намонда, ба пуштибонӣ аз истибдоду беинсофӣ бархостааст. Ҳол он ки рисолати ин марказ бояд меҳвари пайванд байни нерӯҳои гуногуни ҷомеаи мусалмонӣ ва ҳукумату давлат бошад, то ба қавли Фирдавсӣ дину давлат “ду дурре зи як гавхар” шаванд. Мутаассифона, дар замоне ки арзишҳои исломию аҳкоми динӣ поймол мешаванд, Шӯрои уламо хомӯширо авло дониста, ба масоили сиёси дахолат менамоянд, ки мувофиқи ақволи худи эшон, магар ба мақому аҳдофи рӯҳоният иснод оварданро намемонад? Аз тарафи дигар, бо сиёҳкунии мунтазам сабри наҳзатиёнро шикастан имконнопазир гардида, ки аз минбари масоҷид ба ҷои амри маъруфу сухани ҳақ садоҳои таҳдидомез нисбати намозхонҳо баланд шуда, тарзи ибодати мардумро “ревизия” карданӣ ҳастанд, то иттиҳому иғво ва фитнаро роҳандозӣ намоянд. Ман ҳеҷ гоҳ шеваи ибодатии ғайриҳанафиро авло донистанӣ нестам, зеро нохун задани таассуби мазҳабию динӣ дар ҷомеаи солҳои мадид зери фазои бехудоибуда хеле хатарзост. Аммо мутаҳайирам, ки чаро замоне, ки уламои огоҳи кишвар аз фаъолиятҳои ин навмазҳабон ба хотири ҷилавгирӣ аз фитна бонги хатар мезаданд, мақомоту дастгоҳҳои вобастаи кишвар ва уламои дарборӣ дар хоби ғафлат буданд? Баръакс дар густариши таассуби мазҳабӣ барои баъзе тарафҳо минбару ҷойгоҳ қоил мешуданд. Аз дигар нигоҳ, дар баъзе масоили динӣ худро ҳомии мазҳаб нишон додану дар амалӣ намудани аҳкоми дигари исломӣ андешаҳои Имом Абуҳанифаро зеро по кардан, магар беэҳтиромӣ ва мухолиф будан ба ақоиди динии асосгузори мазҳаб нест? Оё бо ҳамин бархурду мавқеъгириҳо суботу истиқрори ҷомеаро таъмин карданием? Вале ин роҳи савобу ҳамгироӣ нест, балки ҷудоисозию таассубгароӣ ва меҳаншиканист!
А. Вализода