Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният аз вазифаи асосӣ, ки таъмини амнияту субот дар кишвар аст, дур шуда, ба таҳияи фазои нобовариву беэътимодӣ дар ҷомеа машғул шудаанд. Баъзе кирдорҳое, ки хусусияти инфиродӣ ва шахсӣ доранд, онҳоро дар мазҳари оммаи мардум нашр карда, нисбат ба шахсиятҳои алоҳида ва ҳизбҳои сиёсӣ дурӯғпароканиҳо ва иттиҳом мебанданд. Дар ҳоле, ки тибқи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар ҳеҷ кас ҳақ надорад, то содир шудани ҳукми суд, касеро гунаҳкор донад, ё ба таҳия ва нашри маводҳое машғул шавад, ки обрӯ ва ҳайсияти шаҳрвандонро хатшадор мекунад. Аммо воқеъиятҳо ва муносибати бархе аз мақомоти давлатӣ гувоҳи ин аст, ки меъёрҳои мазкур барои онҳо чандон аҳамияте надоранд. Ҳамин аст, ки зимни таҳияи гузоришу барномаҳои телевизионӣ ба масъалаҳо якҷониба баҳогузорӣ намуда, ангушти иттиҳомро ба сӯи аъзову ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон равона мекунанд. Ҳар ҷинояте, ки содир мешавад, талош мешавад, то пеш аз ҳама ба он пайванди наҳзатие бизананд. Дуздӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ҳатто сарусадои ба Сурияву ДИИШ-у созмонҳои террористӣ пайвастани шаҳрвандони тоҷикро мехоҳанд ба ҲНИТ рабт бидиҳанду дар байни мардум ин ҳизбро бадном созанд. Аммо ҷинояту кирдорҳои носолиму ғайриахлоқӣ ва пайвастани фармондеҳи ОМОН-у ҳамроҳонашро, ки баъзе наздиктарин афрод ба роҳбарони ин ниҳод буданд, гӯё надиданд. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро мақомоти ин вазорат дар шабакаҳои телевизионӣ бозпурсӣ намешаванд, то иллати пайвастани кормандонашон ба ДИИШ маълум шавад? Оё дар ин масъала заррае масъулият доранд, ё не?
Чанд рӯз пеш Вазорати корҳои дохилаи кишвар гузоришеро тариқи телевизион пахш намуд, ки дар бораи ба Сурия рафтани Зарина Сардороваи 33-сола, сокини пойтахт нақл мекунад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин зан дар баробари шавҳар доштанаш боз бо марди дигаре ҳам ақди никоҳи мусалмонӣ бастааст, ки Абдумалик Салимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ онро дохили мошине анҷом додааст. Гузориши телевизионӣ тавре намоиш дода шуд, ки шахсияти Сардорова ва шавҳарони ӯ чандон аҳамияти меҳварӣ надошта, танҳо шахсияти Абдумалик Салимов аст, ки гӯё даст ба ҷиноят зада бошад. Дар ҳоле, ки объекти барнома мебоист З. Сардорова мебуд, то ба занону духтарони тоҷик рафтори разилонаву пасти ӯ мояи дарсу ибрат мегардид. Аммо ҳадафи пасипардагии мақомот, ки сиёҳ кардани аъзову ҷонибдорони ҲНИТ аст, объект А. Салимов, раиси бахши ҲНИТ-ро қарор доданд. Барои бинандагони барнома мушаххас буд, ки А. Салимов ҷинояте содир накардаву танҳо ҳадафмандона мавриди иттиҳом қарор гирифтааст. Дар шоҳидии худ ва як нафари дигар хутбаи никоҳро хондан аз нигоҳи исломӣ ва қонунгузорӣ кори хилофе нест. Аммо дар гузориш Ҳикматулло Боқиев, имомхатиби масҷиди “Мавлавӣ Муҳаммадҷон” никоҳ дар дохили мошинро ҳамчун бозӣ меномад ва мегӯяд, ин никоҳҳо он қадар дар шариат раво нестанд. Ин дар ҳолест, ки фиқҳи исломӣ дар масъалаи никоҳ танҳо ду шарт: иҷобу қабул ва ҳузури ду шоҳидро пешбинӣ кардаасту халос. Ҳ. Боқиев дар гузориш мегӯяд, кори ин домуллоро (А. Салимовро) тамоман маҳкум мекунем, чунки ба гуфтаи ин рӯҳонӣ шоҳид кифоя набудааст ва муллои хутбахон худаш гӯё наметавониста бошад, ки ҳамчун шоҳид баромад кунад.
Зимнан домулло Ашрафи Раҳмуддин, рӯҳонии дигари тоҷик ин иддаои ходими расмии диниро, ки ба хотири тамаллуқкорӣ ба мақомот ҳақиқати исломиро пинҳон доштааст, рад карда, мегӯяд, дар баробари фароҳам шудани шартҳои асосӣ никоҳ саҳеҳ мешавад. Ба шарти ҳузури ду шоҳид, хутбахонӣ ҳам агар сурат нагирад, боке надорад. Ҳамчунин номбурда таъийд мекунад, ки муллои хутбахон дар як вақт метавонад ҳам шоҳид бошад ва ҳам хутба хонад.
Бо рӯи саҳифа омадани ин навишта қазовату хулоса ба дӯши худи хонанда вогузор мешавад, то ба кирдорҳои мақомот ва баъзе рӯҳониёне, ки дониста аҳкому аркони Исломро тавзеҳи дигаргуна медиҳанд, аз рӯи адолату инсоф ва оини ҷавонмардӣ баҳогузорӣ намоянд.