Зиёд шудани таҳдиду фишор нисбати аъзову ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва набудани мақомоти давлатии дардшунав моро маҷбур кард, то бевосита ба худи Шумо, Президенти Тоҷикистон, кафили ҳуқуқу озодиҳои мардум ва болотар аз ҳама кафили татбиқи меъёрҳои Қонуни Асосӣ муроҷиат намоем. Бояд ҳузури Шумо расонам, ки якуним сол мешавад, ки таҳдиду фишор болои аъзову ҷонибдорони ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг давом дорад ва ин фишорҳо ҳеҷ нест, ки кам гардад. Ҳама медонад, ки мо як ҳизби бисёр мӯътадил, пойбанд ба қонун ва як ҳизбе, ки дар ноҳияи Ховалинг касе то ҳол ҷурму гуноҳи аъзои ҳизби моро ифшо накардааст. Мо мехоҳем, ки бо ҳукумати кишвар ҳамавақт ҳамкории зич дошта бошем. Ин ҳама фишорҳо болои аъзои ҲНИТ дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки бо чӣ қадар мушкилиҳову ҷонбозиҳои бевоситаи Шумо ва марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба даст омад. Яъне дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба давлати Афғонистон рафта, бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дидору мулоқот кардед ва якҷоя барои ин миллат ва мардум бо иноят ва хости илоҳӣ сулҳу ваҳдатро ҳадя намудед. Мо фикр мекардем, ки ин сулҳу ваҳдат барои ояндаи неки миллату давлат аст, нафаҳмидем, ки охираш ин қадар фишору таъқиб мешавад. Дуҷониба сулҳ бастан, магар ба хотири он буд, ки имрӯз ин қадар болои аъзои ҲНИТ фишор оваранд?
14 сол мешавад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг фаъолият дорад, замони раисии Вали Султон барои мо як утоқи корӣ дода буданд, ки баъдтар аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ховалинг омада, гуфтанд, ки ин утоқро мегирем, бар ивазаш ба шумо дигар утоқ медиҳем. Пас аз ин ман 13 маротиб ба назди раиси ҳукумати ноҳия даромадам, ҳар вақте талаби утоқи корӣ мекардам, мегуфт, ҳатман шуморо бо утоқ таъмин хоҳем кард. Хулас, аз ин гуна ваъдабозиҳо хаста шудем ва дар охир умедамонро аз ҳама кандем.
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Агар дар бораи таҳдиду фишорҳо сухан кунем, шояд аз 10 китоб зиёд шавад. Мақомоти давлатӣ рӯйрост қонунҳоро вайрону поймол мекунанд. Дар интихоботи парлумонии ахир ба ҷойи намояндаи ҳизби мо як имоми масҷидро, ки на Қуръон ва на китоб хонда метавонад, ҳамчун аъзои ҳизби мо узви комиссияи интихоботӣ гирифтанд. Дар ҷаласае вақте ба ӯ мегӯянд, ки “ту узви комиссияи интихоботӣ аз наҳзат”, ӯ гуфтааст, ки ҳеҷ чизро намедонад. Аммо ӯро гуфтанд, ки “ту ҳамон ҷо бош кофӣ аст”. Намояндаи моро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул накарданд, вақте ба назди раис даромада, даъво кардам. Ӯ Шариф Ҳусейнро ба наздаш даъват карду пурсид, ки барои чӣ намояндаи ҳизби наҳзатро қабул накардед? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки “ба ман амният гуфт, ки намояндагони ҳизби наҳзатро қабул накунед”. Пас савол ба миён меояд, ки агар имом узви ҳизби мо набошад, ба ҳизби мо чӣ кор дорад, баъд амният барои қабули аъзои комиссияи интихоботӣ чӣ масъулият дорад?
Бояд гуфт, ки 3-4 моҳ аст, ки шиддати фишорҳо ба ҳадде боло рафтааст, ки мақомот аризаи хориҷ шудани аъзои ҳизбро меоранд, ки дар асл онҳо аъзо нестанд. Аз ин рӯ, ман хоҳиш мекунам, ки як комиссияи махсус ташкил шавад ва аризаҳое, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷамъоварӣ кардаанд, санҷида шаванд, то маълум шавад, ки оё онҳо воқеан аъзои ҳизб ҳастанд? Оё онҳо худашон аризаи хориҷшавӣ навиштаанд? Зеро аризаҳои ҷамъовардаи мақомот аз касоне ҳастанд, ки баъзеашон мурдаанду қисмати дигар 5 сол аст, дар Русия ҳастанд. Барои ҳамин тамоми ин аризаҳо бе далел ва ғайриқонунӣ мебошанд. Кормандони мақомот дар як ҳафта як ё ду бор ба манзили ман меоянд. Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ховалинг Шариф Ҳусайн бо корманди амният омада, ба ман пешниҳод карданд, ки имоми масҷид шавам, вале гуфтам, ман шоистаи ин кор нестам, чун ки бемор ҳастам. Имомхатиби ноҳия пешниҳоди имоматӣ кард, вале ман рад кардам. Ба онҳо гуфам, ки шумо мегӯед, ки аъзои ҲНИТ ҳаққи имоматӣ ва амри маъруфро надоранд, пас чӣ гуна ба ман мегӯед, ки “биё имоми масҷид шав”?. Аз ман талаб карданд, ки аз сафи ҲНИТ баро, не гуфтам.
Санаи 27-уми июн вақте дар хона набудам ва танҳо ҳамсарам дар манзил буд, кормандони мақомот ба хона омада, хостанд, ки манзилро кофтуков кунанд, ки ҳамсарам ба онҳо гуфтааст, ки шарм кунед, дар хона касе нест. Ман садҳо шоҳид дорам, ки рӯзи 27-ум дар хона набуда, бо як коре ба шаҳри Кӯлоб рафта будам. Билохира санаи 29-уми июн раиси амният, сардори шӯъбаи корҳои дохила ва раиси дастгоҳи ноҳия ба хона омаданд. Охир ин худаш чӣ гап аст, ҳар рӯз ба хона меоянду мегӯянд, ки аз ҳизб баро-аз ҳизб баро. Ман ба раиси амнияти ноҳия гуфтам, ки қасам ба Худо, агар дар маркази ноҳия маро ба дор ҳам занед, ман аз сафи ҳизб намебароям. Дигар намедонам, ки ба доди мо кӣ мерасида бошад, аз ин рӯ, ба Шумо Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунам, то пеши роҳи ин беқонуниро гиред, то ин ки ба мардум дигар фишор наоваранд. Хоҳиш мекунам, ки ин масъаларо ҷиддӣ бинанд, ҳамаи мо мардуми як кишвар ҳастем, ин фишоровариҳо кори хуб нестанд.