Чаро ҷавонони тоҷик Сурия мераванд?

  • Home
  • -
  • Чаро ҷавонони тоҷик Сурия мераванд?

Чаро ҷавонони тоҷик Сурия мераванд?

Нимашаб телефонам занг зад. Рақамаш номаълум. Гуширо бардоштам, ки яке аз дӯстонам аз он тараф салом дод ва хеле бо овози ларзон сӯҳбат мекард. Сабаб пурсидам, гуфт: бародарам аз хона баромада, то ҳол барнагарштааст, тарс аз он дорам, Сурия нарафта бошад…

Маҳз ин сӯҳбат сабаб шуд, то ҷиҳати масъалаи ба Сурия ва Ироқ рафтани ҷавонони тоҷик, он ҷое, ки ба қавле қаламрави ДИИШ шуморида мешавад, чанд сатре рӯи сафҳа бирезам.

Давлати Исломии Ироқу Шом, ки тақрибан баҳори соли гузашта аз худ дарак дод, тибқи манобеи хабарӣ, то имрӯз лашкарашро ба беш аз 14 ҳазор расонида, тавонистааст шаҳрвандони 90 кишвари рӯйи оламро ба худ ҷалб намуда, баҳри таҳаққуқи аҳдофаш онҳоро мунсаҷим намояд. Тоҷикистон низ машмули феҳрасти он 90 кишвар мебошад.

Коршиносон дурӯғ мегӯянд?

Дар ҷавоб ба суоли боло коршиносони мустақил пиёда шудани монеаҳо дар роҳи омӯзиши динӣ, маҳдудият болои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро далел меоваранд, вале масъулини мақомоти давлатӣ бошад, ҳама мегуфтанд, ки бинобар надоштани маълумоти динӣ ва адами маърифати динӣ ҷавонон ба ин гуна ҷараёнҳо пайвастаанд. Масъулин аз маҳдудиятҳо ва соири мушкилоти иҷтимоии мардум ҳарф намезаданд ва кӯшиш менамуданд.

Баъд аз он ки ҷавонон бештар ба ДИИШ ҷалб шуданд, мақомот ҳам ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Моҳи майи соли 2015 Маркази таҳқиқоти стротежии кишвар аз натиҷагирии муқаддамотии ин ниҳод ҷиҳати таҳқиқи сабабҳои ҷалби ҷавонон гузориш дод, ки таваҷҷӯҳ ба нуқоти асосии он ҷолиб аст. Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази мутолиотии стротежии кишвар низ чун дигар мансабдорон омили аслиро дар дур шудани мардум аз Исломи суннатӣ медонад, аммо аҷиб ин аст, ки ӯ ҳамчун масъуле, ки вазъро омӯхтааст, пешниҳод мекунад, то дар деҳот тафреҳгоҳҳо барои ҷавонон, аз қабили варзишгоҳ, марказҳои фарҳангӣ, театр, консерт… кушода шавад. Ба андешаи ӯ, бештари ҷавонон ба масҷид мераванд. Агар ба мантиқи суханронии ин муҳаққиқ таваҷҷӯҳ шавад, яке аз сабабҳои аслӣ дур шудани ҷавонон аз исломи суннатӣ будааст. Ҳол он ки исломи суннатие, ки оқои Холиқназар мавриди назар дорад, маҳз дар масоҷид аст. Хоса баъд аз он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар соли 2009 қабул шуд, масоҷид низ тобеи ҳукумати иҷроия шуданд. Ба ҳар ҳол, ӯ нагуфтааст, масоҷид шаҳрвандонро ба Исломи суннатӣ дур кардаанд ё наздик. Мантиқи дигар ин аст, ки адами исломӣ суннатӣ дар Тоҷикистон эҳсос мешавад. Агар чунин аст, бояд гуфт, масоҷид зери назари ҳукуматанд. Ва ё агар гуфта мешавад, ки Исломи суннатӣ дар масоҷид аст, дар ҳоле ки гуфта мешавад, мардум бештар ба масҷид мераванд, чаро аз Исломи суннатӣ дур шудаанд? Чаро ба ҷойи мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор додани масоҷид ва Исломи суннатӣ рӯ ба тафреҳгоҳ биёрем? Оё варзишгоҳ, марокизи фарҳангӣ, театр, консерт метавонанд ба мо Исломи суннатӣ омӯзанд?

Динситезӣ ҷавононро ба сӯи ДИИШ мебарад

Ҳукумати кишвар тамоман нисбат ба омӯзиши дин на танҳо бепарвост, балки талош дорад, онро аз байн бардорад. Кӯшиши мақомот иваз кардани дин ба тафреҳ аст, ки ин роҳи ғалате беш нест. Зеро дину варзиш ва ё варзишу дин ҷойи ҳамдигарро дар ҷомеа гирифта наметавонанд, ҳол он ки зидди ҳамдигар ҳам нестанд ва метавонанд ҳамзистии комил дошта бошанд. Бо вуҷуд Ҳукумати Тоҷикистон ин моделро қабул надорад. Бинобар ин шурӯъ аз миёнаи солҳои 2000-ум, замоне ки ҳукумат мӯътақид шуд, ки дарахти салтанаташ реша давонида, дигар касе наметавонад осебе ба ин дарахт бизанад, оҳиста-оҳиста алайҳи дин иқдом намуд. Албатта, дар он солҳо ин мубориза аланӣ набуд. Ахиран, дар солҳои 2007-2008 масъала то ҷое аланӣ шуд ва аввалин касе “тӯъма”-и ноадолатӣ гашт, Давлатмоҳ Исмоилова, донишҷӯи Донишкадаи давлати забонҳои Тоҷикистон буд. Мавсуф, ба ҳар ҳол, натавонист аз ҳуқуқи хеш дифоъ кунад ва ба ҳамин тариқ, аз таҳсил даст кашид. Ҳарчанд ҲНИТ, дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳвандӣ, дар умум, ба ҷонибдории ӯ ва ҳамтақдирони ӯ садо баланд карданд, вале ин ҳама бесуд буда.

Баъдан ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди норозоиятии ниҳодҳои шаҳрвандӣ як зумра қавонину дастуротро содир кард, ки дин ва омӯзиши диниро мисли замони Шӯравӣ танҳо ба масҷиду қабристон ронд, ки албатта, сари ин масоил бисёр гуфтаанду навиштаанд.

Мантиқ куҷост?

Раиси МТС, вақте дар бораи авомили иҷтимоии ҷавонон пурсида мешавад, чунин ҷавоб медиҳад, ки фақру нодорӣ ҳам дар ҷалби ҷавонон ба Русия мисол шуда метавонанд, аммо инҳо авомили дувумдараҷа ҳастанд.

Аз назари аввал, ин нуқта то ҷое дуруст аст, дар ҳоле ки ин мантиқ ба дунбол “аммо”-е дорад. Бубинед, мақомот ва ҳам доираҳои огоҳ ба ин андешаанд, ки ҷавонони моро дар хориҷ гӯл мезананд, то ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд. Пас, суол ин аст, ки ҷавонон ва умуман, муҳоҷирини корӣ чаро хориҷа мераванд? Маҳз ба хотири Сурия рафтан он ҷо мераванд? Хонанда аллакай худ аз ин қазия хабар дорад ва медонад, ки муҳоҷирини моро мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба муҳоҷират мебарад. Ҳол он ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин масъала амалан иқдоме накардааст. Албатта, хабарҳое мерасанд, ки дар фалон макон фалон теъдод ҷойи корӣ боз шуда. Вале вақте ба умқи масъала нигариста мешавад, боз ҳамон дурӯғ рӯйи об мезанад. Яъне вақте муҳоҷирон бештар аз буҷаи ҳукумат дар як сол маблағ мефиристанд, чанд ҷойи коре, ки 700-800 сомонӣ маош дорад, қобили таблиғ аст? Пас, ин назарфиребие беш нест, зеро агар Ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвадонашро бо кор таъмин карда тавонад, буҷаи ба маротиб аз пули муҳоҷирон зиёд хоҳад буд.

Ба ҷойи хулоса

Аз адабиёти омӯзиши идеологии замони Шӯравӣ бармеояд, ки низоми коммунистӣ ба сотсиализм бартарият дода, сармоядориро як низоми азбайнрафта муаррифӣ менамуд. Вале баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чеҳраи аслии капитализм ва сиёсату тараққиёти Ғарб ошкор шуд.

Ҳукумати кунунии Тоҷикистон низ мисли идеологҳои шӯроҳо сиёсатеро дунбол менамояд, ки мардум баъдан ба дарки он хоҳад расид. Он ҳам бошад, камбуди худро ба дӯши авоммуносе, ки шурӯъ аз тифл то пири барҷомондааш дар андешаи дарёфти қути лоямут аст, таҳмил кардан аст. Ҳол он ки бубинед, тибқи қавонини кишвар баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистоне, ки давлати иҷтимоӣ гуфта шудааст, вазифаи кист? Албатта, дар масоили фарҳангию сиёсӣ, хоса баланд бардоштани шуури фарҳанги сиёсӣ аҳзоб ва дигар ташкилотҳои иҷтимоии ҷомеа муваззафанд, ки дар хидмати ҷомеа бошанд, аммо панҷаҳои оҳанини диктотураи “пролетариат”-ҳои соҳибмансаб ба ҳадде ин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро фишӯрдаанд, ки маҷоли нафасросткунӣ надоранд.

Дар чунин ҳол, худ қазоват кунед, ки кӣ ё чӣ ва чаро шаҳвандонро ба ДИИШ савқ медиҳад: магар худи он мушкилоте нест, ки ҳукумат дар ҳалли он муваззаф аст?

Дарвеш Назар

Tags:

Share:

Leave Comment