Амнияти Кӯлоб: “Барои мо қонун-понун нест”

  • Home
  • -
  • Амнияти Кӯлоб: “Барои мо қонун-понун нест”

Амнияти Кӯлоб: “Барои мо қонун-понун нест”

Пӯшида нест, ки қонунгузории кишвар барои тартиб додани санадҳои қалбакӣ, аз ҷумла ба ҷой касе ариза навиштану имзо гузоштанро тибқи меъёрҳои муқарраркардаи қонунгузории кишвар ҷавобгариҳое пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин асос, метавон гуфт, ки баъди баррасӣ аз тариқи суд ҳолатҳои мушаххаси парванда нисбати онҳое, ки даст ба чунин корҳо мезананд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Аммо кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Кӯлоб гӯё аз ин қонунҳо хабар надошта бошанд, ки дар даст аризаҳое, ки бо дасти худ навиштаанд, ба хонаву манзилҳои мардум рафта, имзо мегиранд. Муҳаммадалӣ Исломов, сокини маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб, узви ҲНИТ ин нуктаро дар сӯҳбат бо “Наҳзат” таъйид намуда, мегӯяд, имрӯз замони дар хона хоб буданаш кормандони амнияти шаҳр омада, модарашро тарсонида, гуфтаанд, ки агар писарат аз сафи Ҳизби наҳзат набароя,д ӯро бурда, маҳкам мекунем. Модараш аз тарс изҳори омодагӣ барои навиштани ариза кардааст. Онҳо варақае, ки дар он гӯё ариза навишта шуда бошад, ба модараш пешниҳод карданду имзои ӯро гирифтанд. “Дар асл намедонам, ки дар он варақа чӣ навишта шуда буд, аризаи хориҷ шудан аз ҳизб ё ягон чизи дигар”, таъкид мекунад, узви ҲНИТ.

Ҳамчунин М. Исломов ёдовар мешавад, ки вақте кормандони амният дубора ба манзилаш омада, пурсиданд, ки барои хориҷ шудан аз ҳизб розӣ ҳаст ё не? Ба онҳо ҷавоб рад додам ва сабаби ба ҷойи як нафар имзои нафари дигарро гирифтанашро пурсидам, ки дар ҷавоб гуфтанд: “қати мо иқа спорит накуну хез брем қати шеф гап зан”. Ман ҳам ҷавоб додам, ки ба ҷое намеравам, меафзояд, М. Исломов. Ҳамчунин кормандони амнияти шаҳри Кӯлоб ба Исломов таҳдид кардаанд, ки бо ҳар роҳу восита ӯро аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд, “рав ба куҷое муроҷиат мекунӣ кардан гир. Барои мо қонун понун нест”.

Ин воқеъиятҳоест, ки дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ шаҳрвандони оддӣ ва махсусан аъзои ҲНИТ дар кишвар доранд. Ҳанӯз ҳам касоне, ки аз мардум тақозои волоият ва эҳтиромро доранд, мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задаву пахта дар гуш доранд, гӯё ҳам гунгу ҳам каранд. Даҳҳо ва садҳо далелҳое, ки расонаӣ шуданд ва тибқи қонуни вазъкардаи худи мақомот бояд посуху ҷавобе бигӯянд, аммо хомӯшанд. Бадин минвол метавон вой бар ҳоли миллату вой бар ҳоли давлат гуфт, вақте…

Tags:

Share:

Leave Comment