Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Иззат Амон, раиси созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия
– Ҷаноби Иззат, Шумо, ки тоза аз Маскав баргаштед ва сӯҳбати мо ҳам атрофи вазъу шароити муҳоҷирини кории тоҷик дар ин кишвар мечархад. Оё дуруст аст, ки гурӯҳҳои алоҳида ва ҳатто ходимони ниҳодҳои махсуси бархе аз кишварҳо муҳоҷирини тоҷикро бар ивази пули зиёд ба Сирия ва Ироқ мефиристанд?
-Аслан ман зидди ин фикр ҳастам, ки гӯё хадамоти вижаи кадом кишваре тоҷикони муҳоҷирро гумроҳ месозанд. Бубинед, солҳост, ки 2 млн. аз аҳолии кишвар дар берун кору зиндагӣ мекунанд ва дар зери контроли на ҳукумати Тоҷикистон ва на ҳукумати Русия ҳастанд. Дар як халои иттилоотӣ ба сар мебаранд. Агарчӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хафа ва ноумеданд, вале ниёз ба як сарпараст доранд. Масъулини давлати Тоҷикистон дар Русия бошанд, аслан бо мардум наздикӣ надоранд. Муҳоҷиринро як қишри нодаркор ва нолозим мешуморанд. Барои ҳамин, онҳо худро ба оғӯши дин ва масҷид меафкананд. Зеро оромиши нисбии рӯҳиву равонӣ ва осоиши қалбии худро дар масҷид ва дастуроти динӣ ба даст меоранд. Дар Русия гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла гурӯҳҳои мазҳабӣ хеле зиёданд, ки дар байни онҳо ифротиҳо ҳам кам нестанд. Бисёриҳо медонанд, ки баъди зуҳураш “Давлати исломӣ” намояндагон ё агентураи худро на фақат дар Русия ё Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ташкил кард. Тибқи маълумотҳо қаблан танҳо гурӯҳҳои чеченӣ шомили ин гурӯҳҳо буданд ва даъват мебурданд. Аммо дар ҳоли ҳозир “Давлати исломӣ” дигар ба агентура ва ба нашру таблиғ зарурат надорад. Чунки интернет ҳаст. Ҳамаи корҳое, ки анҷом мешавад онҳо бемалол ва ройгон аз тариқи интернет нашру таблиғ мекунанд. Ва нуктаи дигар ва муҳим дар ин росто ин аст, ки дастрасӣ ба интернет дар Русия қариб, ки ҳама доранд.
–Фикр намекунед, ки масъала ба пул муртабит аст?
-На! Аслан мавзӯъ пул матраҳ нест. На пули калон, на чизи дигар. Бубинед, аз миёни муҳоҷирон касоне рафтаанд, ки дар воқеъ пул доштанд ва аз шароити молии хуб бархурдор буданд. Баъди рафтан ба даҳҳо ва садҳо тани дигар маблағ фиристоданд, то ба Сурия бираванд ва ба “Давлати исломӣ” бипайванданд. Барои ҳамин, ҳар касе, агар мегӯяд, ки масъала пул аст, ман қабул надорам. Ман гумон намекунам, ки барои панҷсад доллар як ҷавони муҳоҷири тоҷик биравад ба майдони ҷанг. Ин ҷо масъала сирф идеологист.
Тоҷикон дар Русия ҳоли зор доранд…
– Мебоист барои шаҳрвандони тоҷик шароити ҳуқуқӣ фароҳам карда мешуд, ки баъди расидан ба қаламрави Русия то ду ҳафта барои қайди расмӣ фурсат дошта бошанд. Ин шароит фароҳам карда шуд ва умуман як тоҷикистонӣ, то чанд вақт ҳуқуқ дорад, ки бидуни қайд дар Русия ба сар барад. Масалан, ахиран дар расонаҳо хабаре дарҷ шуд, ки атбои Қирғизистон 1 моҳи тамом барои ба қайд гузоштани асноди худ фурсат доранд.
– Тоҷик бар асоси қарордодҳои дуҷонибаи ба тасвибрасида, шурӯъ аз январи соли ҷорӣ ҳуқуқ дорад, ки зарфи понздаҳ рӯз бидуни қайд дар Русия будубош дошта бошад. Вале воқеият ин аст, ки ин тағйирот кадом сабукӣ ба тоҷики муҳоҷири Русия намеоварад. Як ҳафта буд, ду ҳафта шуд. Агар шароити тоҷикистониҳоро бо украиниҳо ва қирғизистониҳо муқоиса кунем, фарқ аз замин то осмон аст. Қирғизистон моҳи май ба Иттиҳоди АвроОсиё дохил шуд ва ҳоло барои онҳо на танҳо як моҳ ё се моҳ, дигар аслан ба қайдгирӣ лозим ва муҳим нест. Ин имтиёз танҳо барои мардони муҳоҷирашон неву ҳатто аъзои оилаи онҳо низ метавонанд аз ин имтиёз бархурдор бошанд. Аммо ончи марбут ба тоҷикон ҳаст, то ҳадде вахим ва бад аст. Баъди қабули қавонини нав дар иртибот ба шароити кору зиндагии муҳоҷирин дар Русия авзоъи иҷтимоӣ ва сиёсии ин кишвар ба як бунбаст мувоҷеҳ шудааст. Манзурам бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки бар асари таҳримоти кишварҳои аврупоӣ ва мушкилӣ бо Украина болои Русия омад. Вале новобаста аз ин, таҳдидҳо болои мардуми тоҷик гумон мекунам, ки аз ҳама бештар аст.
– Баъди иваз шудани консул ва сафир вазъи муҳоҷирин то чӣ ҳад тағйир ёфт? Беҳтар шуд?
– Вазъият бадтар шуд. Баъд аз қонуни нави вуруд ба Русия, ки доштани шиносномаҳои хориҷиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳатмӣ гардонд, якбора барои як миллион нафар, ки дохили Русия буданд, бояд шиносномаи хориҷӣ таҳия мекарданд. Дигар ин ки дар Русия ҳама қонунро як хел намефаҳманд. Барои мисол барои касоне, ки дар Русияанд иҷозат дода шуда буд, ки бо шиносномаи дохилӣ, то хатми мӯҳлати аснод кору зиндагӣ кунанд. Вале вақте қонун ҷорӣ шуд, пулис ба пулгирӣ сар кард. Вақте шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ дастгир мекарданд, онҳоро барои надоштани шиносномаи хориҷӣ муттаҳам мекарданд ва мегуфтанд, ки бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошед, бо шиносномаи дохилӣ ҳузури шумо дар Русия ғайриқонунӣ дониста мешавад. Мардум маҷбур шуд, ки шиносномаи хориҷӣ ба даст оварад.
Пулҷамъкунии домоди Ҷаноби Олӣ ва бозори гарми сафиру консул
– Яке аз домодҳо, ки собиқаи фаъолияти дипломатӣ надорад, ахиран консули Тоҷикистон таъин шуд. Баъзеҳо ба ин назаранд, ки шояд барои соҳибӣ кардани ин маблағҳо ба ин мақом таъин шуда бошад?
– Ман чандин маротиба баён доштам, нафареро, ки аслан аз кӯчаи дипломатия нагузаштааст, танҳо бо ҳадафи ҷамъоварии маблағ ба ин ҷо равон кардаанд. Вобаста ба ин масъала дар ҳама ҷо ҳарф задам. Ҳоло дар тамоми Русия миёнравҳояш нишастаанд. Барои чӣ? Шумо мебаред, 15-20 ҳазор рублро медиҳед, бидуни навбат изи ангуштони шумо ва дигар талабот барои гирифтани шиноснома иҷро мешавад ва дар кӯтоҳтарин фурсат шиноснома дастрасатон мешавад. Мо мухолифате ба ин кор надорем, вале бигузор ин маблағ бо роҳҳои қонунӣ ба буҷаи давлат бирезад. Ба ҷайби “посредникҳо” ва ба ҷайби консули Тоҷикистон не, ба кисаи давлат ворид шавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо чандин “Роғун” бунёд карда мешавад. Шумо тасаввур кунед, ки арзиши як паспорти хориҷӣ 5000 рубл аст, аммо онро 20 ҳазор мефурӯшанд.
– Шояд ин ҳам як роҳи бо кори серпул таъмин кардани бастагонашон бошад? Вақте роҳи Душанбе –Чаноқ пулакӣ шуд, агар сарусадоҳо дуруст бошад, он ҳам дар ихтиёри домоди дигари Ҷаноби олист?
– Ростӣ, дар ҳар як муроҷиатам ошкоро изҳор медорам, ки домоди шумо ин корро карда истодааст. Каси дигар не, домоди шумо аст. Агар домод ҳам бошад, бояд манофеи давлат ва миллат барояш болотар аз манофеи хусусиву шахсӣ бошад. Вале, бо камоли таассуф мушоҳида мекунем, ки баръакс ӯ даст ба чунин амалҳо зада истодааст.
– Консул тобеи сафир аст, магар не?
– Бале, бегуфтугӯ. Аммо дар мавриде, ки мо дар Маскав дорем… ин тавр нест. Як рӯзноманигор мехоҳад бо консул мусоҳиба орояд. Саволҳоро аз қабл ба масъули дафтари матбуотии сафорат мефиристад. Масъули ин бахш онҳоро ба сафир нишон дода мегӯяд, ки хабарнигор хоҳиш дорад бо консул мусоҳиба кунад. Медонед сафир чӣ мегӯяд? Ӯ ба ҷониби ин масъул баргашта мегӯяд: “чӣ шумо девонаед, чийед? Шумо дигар кор надоред?! Аслан ин кор шуданӣ нест, ҳарф заданатон имкон надорад”.
– Ба ҷуз асноди зарурӣ барои будубошу кор дар Русия сафорат ё консулгарӣ ҳам ҳуҷҷати дигаре медиҳанд? Оё метавонед, бигӯед, ки чӣ гуна аснод ба тиҷорат табдил ёфтаанд?
– Асосан ду санад, яке оид ба ҳолати иҷтимоии муҳоҷир (муҷаррад будан ё набудан), ки барои гирифтани мақоми шаҳрвандӣ дар ин кишвар лозим мешавад. Дуюм гувоҳномаи бозгашт (справка о возврашение) ба ватан аст. Аз ҳама бизнеси калон ва асосӣ ҳаминҳо ҳастанд. Сипас шиноснома ва раводид тиҷорат мешаванд. Сафорати Тоҷикистон визои хеле зиёд медиҳад, масалан барои шаҳрвандони Ӯзбекистон.
– Яъне имрӯз ниҳодҳои расмӣ ба сохтори тиҷоратӣ табдил шудаанд?
– Ҳама вақт, ҳамин тавр буд. Ин падидаи нанговар пеш ҳам вуҷуд дошт. Вале шояд ҳоло бештар шуда бошад, чунки дигар ҳама медонад, ки ҳар як ҳуҷҷат арзиши маълум ва муайян дорад.
– Омори мамнӯъулвурудҳоро дар ихтиёр надоред?
– Гумон мекунам, ки ин шумора аз 700 ҳазор бештар аст. Чунки ҳеҷ вақт омори расмиро ифшо намекунанд, чун шумора даҳшатнок аст.
– Омори тахминии атбои тоҷик, ки дар зиндон ё дар боздоштгоҳҳо бударо дар даст доред?
– Тахминӣ нест, масалан омори дар зиндон будаҳо 8560 нафар аст.
– Бештари онҳо барои қочоқи маводи мухаддир нишастаанд?
– Бале, бештар бо ин ҷурм зиндонӣ шудаанд, вале бовар кунед, ки бештари онҳо бо асноди ҷаълӣ (подделка) ё “подстава” шудаанд.
– Шумораи тоҷиконе, ки табаияти Русияро гирифтанд чӣ қадар аст?
– Дар ин маврид ҳам мо омори расмӣ дар даст надорем. Ин шумораро ҳам тахминӣ бархеҳо 200 ва бархеи дигар 500 ҳазор мегӯянд.
Тоҷикон мурдаҳояшонро аз русҳо мехаранд
– Овардани як ҷасад аз Русия чӣ қадар хароҷот дорад?
– Масрафи интиқоли ҷасадҳо вобаста ба минтақа ва маҳалле аст, ки дар мурдасаройҳо ё сардхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Масалан, худи Маскав ва вилояти Маскав аз ҳам фарқ мекунанд. Агар бихоҳед, як ҷасадро аз мурдасаро то фурӯдгоҳ бифиристед ва ё биоваред, харҷи зиёд мекунед. Ширкати “Тоҷик-эйр” ҷасадро ба Тоҷикистон ройгон меорад.
– “Сомонэйр” чӣ?
– Не, боқӣ тамоми ширкатҳо бо шумули “Сомон-эйр” мурдаҳоро бар ивази пул ба ватан таҳвил медиҳанд. Як нуктаро бояд зикр кард, ки мо ҷасадҳоро новобаста ба ин ки бо аҷали худ қазо кардааст ё кушта шудааст, бо нархи аз 25 то 100 ҳазор рубли русӣ аз мурдасароҳо мехарем. Ҳар нархе, ки “морг” муқаррар кард, маҷбуред онро бипардозед. Мушкили бисёр ҳам ҷиддӣ интиқоли ҷасад аз сардхона то фурӯдгоҳ аст. Агар мошин ҳам дошта бошед, ҷасадро ба шумо намедиҳанд. Ширкатҳои махсус (ритуалние услуги) бо мошинҳои худ аз сардхона то фурӯдгоҳ ҷасадҳоро бар ивази аз 30 то 35 ҳазор рубл интиқол медиҳанд. Ба ин тартиб фақат аз сардхона то фурӯдгоҳ овардани майит 1000 доллар, чизе камтар ва ё бештар сарф мешавад. Аз 40 то 45 ҳазор мурдахона барои нигоҳ доштану дору кардану ва ғайра мегирад, ки нархи тобут ҳам дар даруни ин нарх аст. Агар мурдасаро дар Маскав бошад арзонтар, аммо дар ҳудуди вилояти ҳамном бошад, гаронтар мешавад.
– Мо медонем, ки созмонҳои зиёди тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Русия фаъолият мекунанд. Оё онҳо ба ҳамватанони мо ёрӣ мерасонанд?
– Агар хоҳанд ба хеле аз корҳо ба муҳоҷирон кӯмак карда метавонанд. Масалан барои интиқоли ҷасад, ҷустуҷӯи касоне, ки нопадид шудаанд, масъалаи бо кор таъмин кардани муҳоҷирон, омӯзиши забони русӣ, ҳимояти ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳу додгоҳҳо мусоидат карда метавонанд.
– Ҳамкории байниҳамдигарии ин созмонҳо дар чӣ сатҳ аст?
– Ин созмонҳо ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд. Баъзеҳо бо ҳамдигар иртибот ва ҳамкорӣ доранд, баъзеи дигар не. Барои мисол, созмони мо ҳамчун ташкилоти расман сабтиномшуда бо “Ҷунбиши муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия”-и Каромат Шарифов ва созмони ғайридавлатии “Иттиҳоди тоҷикони Русия”-и устод Абдулло Давлатов ҳама вақт ҳамкорӣ доштем ва дорем. Вале бо сафорат ва консулӣ пештар ҳам ва имрӯз низ аслан ҳамкорӣ надоштем. Чунки онҳо майл пайдо накарданд, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд.
– Аммо ҳамкории шумо, метавонад то ҷое мушкили онҳоро ҳал ва сабук кунад. Ҳамин тавр не?
– Албатта, мо як қисме аз салоҳиятҳои онҳоро ба худ мегирем. Аз фонди худ аҷсоди ҳамватанонро ба ватан интиқол медиҳем, ё барои хариди дору ва тадовӣ ба муҳоҷирон кӯмаки молӣ мерасонем. Ҳамчунин касоне, ки барои бозгашт маблағ надоранд, барои онҳо билет таҳия мекунем. Ин гуна кӯмакрасониҳо аслан бояд дар салоҳияти идораи консулӣ ё сафоратамон бошад, вале мо анҷомашон медиҳем ва миннат ҳам гузоштанӣ нестем. Рости гап, ман худ ҷонибдори онам, ки зери контроли сафорату консулӣ қарор дошта бошем. Чаро, ки мавқеъҳое, пеш меояд, ки мо дар воқеъ ба кӯмаки сафорату консулгарӣ ниёз пайдо мекунем. Мо беш аз он пеш рафта наметавонем, салоҳият надорем ва пуштибонии расмӣ зарур мешавад. Барои мисол, дар масъалаи боздоштгоҳҳои вижа ё спетсприёмникҳо. Мутаассифона, мо дастраси ба он камтар дорем. Агар нафаре аз идораи консулӣ моро ҳамроҳӣ кунад, кор тамоман ранги дигар мегирад.
– Иттифоқоте, ки дар мавриди овардани аҷсод бисёр мутаассиркунанда бошад, дар ёдатон боқӣ мондааст?
– Бале, се сол пеш як зане аз Исфара ба мо муроҷиат кард, ки фарзанди 17-солааш ҳангоми шиноварӣ дар канали ноҳияи Коломна ғарқ шудааст. Маълум шуд, ки ин навраси 17-соларо ҳангоми оббозӣ дар канал, чанд тан аз скинҳедҳо нагузоштанд, ки аз канал берун барояд. Бо санг ва ҳар чизи дигар ҳама каса ӯро заданд. Ин кор то ғарқ шудани наврас идома ёфтааст. Мо наҷотдиҳандаҳоро киро намудем ва маблағашро ҳам пардохтем ва баъди се рӯз ҷасадро се километр поинтар аз маҳалли оббозиаш, аз дохили як сеткаи симин пайдо карданд. Ҷасадро ба мурдасаро супориданд. Вақте сардхона омадем, модараш баробари дидани ҷасади ҷигарбандаш шах шуда, афтод. Дилаш аз кор монда буд. Як ҳафта дар бемористон дар ҳолати клиникӣ қарор дошт. Дар ин миён ҷасади фарзандашро бо ҳамроҳии як нафар ба Ватан равон кардем ва баъди як ҳафта ҷасади модарро ҳам ба ватан интиқол додем. Ин як ҳолати даҳшатноке буд, ки чанд рӯз ба худ омада натавонистам.
– Барои дафни ҷасад дар Русия низ маблағ даркор аст?
– Дар ҳудуди Маскав ва навоҳии атрофи он ҳудуди 200 ҳазор рубл лозим мешавад. Дар воқеъ баъзеҳо имкон надоранд, ки ҷасадро баранд ба ватан ва ё баъзе рӯҳониҳое ҳастанд, ки мегӯянд, мурдаро азоб надиҳед, ҳамин ҷо гӯронед. Мо дар Твер як хоҷагии калони тоҷикнишин, ки наздики 3 ҳазор хонавода ба сар мебаранд, дорем.
– Инҳо кай онҷоро маҳалли зист интихоб кардаанд?
– Давоми даҳ-понздаҳ соли ахир рафтагианд, ки асосан мардуми Ванҷу Дарвоз ва Язғулому Бадахшонанд. Онҳо дар он ҷо масҷид доранд, хонаҳои тоҷикӣ доранд ва табиист, ки қабристон низ доранд. Он ҷо бародаре бо исми Сайид ҳаст, ки муовини БДА-и шаҳри Твер аст. Се-чаҳор сол мешавад, ки бо ӯ ҳамкорӣ дорем. Вақте чунин мавриде, агар мурда соҳиб надошта бошад, ба ӯ занг мезанам. Ҳамаи заҳамоти гӯручӯбро ӯ ва ҳамватанони дар Твер буда анҷом медиҳанд.
– Мувофиқи омори расмӣ дар як сол 600-700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мефавтанд ё кушта мешаванд, ин омор то куҷо ҳақиқат дорад?
– Ин омор воқеъӣ нест, аз 3000 бештар аст. Бисёрии мурдаҳо дар Русия дафн мешаванд.
– Яке аз мавзӯъҳои баҳсомез дар масъалаи муҳоҷират ҳаҷми интиқоли пули онҳо аст. Оморе, ки шумо дар даст доред, дар ин бора чӣ рақамро нишон медиҳад?
– Чаҳоруним ё панҷ миллиард долларе, ки бонкҳои Русия ва Тоҷикистон эълон мекунанд, ҳанӯз воқеияти ин арқомро исбот намекунад. Бубинед, табодули молу коло байни Тоҷикистону Русия хеле болост, вале касе аз соҳибкорон пулҳояшонро аз тариқи бонкҳо равон намекунанд. Ин пулҳо аз тариқи системаи “ҳавола” равон карда мешавад.
– Ҳавола, яъне чӣ?
– Ҳавола, ин ки пулро ин ҷо медиҳанд ва аз он ҷо мегиранд. Яъне ширкатҳои махсуси ғайрирасмие ҳастанд, ин корро анҷом медиҳанд ва фоидаи худро мегиранд. Метавон гуфт, ки ҳудудан 5-6 миллиард доллари дигар аз тариқи ҳавола додугирифт мешавад. Аз ин сабаб, пули аз Русия воридшаванда аз 10 миллиард зиёд аст, ки кам нест.
– Барои беҳбуди вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ гуфтанӣ ҳастед?
– Чанд вақти пеш ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозгардонии маҳбусони тоҷик як муроҷиат карда будам. Воқеан ҳам шармандагист. Чаро? Вақте дар як конфаронс ширкат доштам, масъули шӯъбаи байналмилалии вазорати додгустарии (адлия) Русия Олга Николаевна зимни суханронии худ гуфт, ки мо чандин маротиба аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардем, ки атбои маҳкумшудаи худро аз маҳбасҳои Русия ба ватан бубаранд. Зеро мо имконияти нигоҳубини онҳоро надорем. Вале ҷониби Тоҷикистон фақат ҷавоби рад медиҳад.
Рости гап нангам омад ва аз тариқи сафҳаи фейсбукиам расман ба раиси ҷумҳур муроҷиат кардам, ки илтимос, ин масъаларо бубинед. Ҳадафи ба Тоҷикистон омаданам, ҳам ин аст ки бо ҷаноби Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мулоқот кунам ва ин масъаларо ба миён гузорам. Чунки танҳо ба ташкилоти мо сесад ариза ва дархост аз ҷониби пайвандони чунин афрод ё аз худи маҳбусон омадааст, ки илтимос, мо маблағи кофӣ дорем, моро барои идомаи иҷрои ҷазо ба ватан баред.
Рости гап, ман намефаҳмам, ки чаро масъулини давлат бо атбои мамлакати худ чунин муносибат мекунанд. Мушкили маблағ барои интиқоли вуҷуд надорад, хешовандони маҳбусин ҳама мегӯянд, ки мо омодаем маблағро пардозем. Аммо масъулини давлат инро нодида мегиранд. Рӯзи шанбе ба қабули Додситони кулл рафтам, мардуми зиёде барои қабули додситони кишвар омада буданд. Ҳудуди як соат мунтазир шудам. Гуфтанд, ки вай нест ва дар ҷойи ӯ сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ Манучеҳр Маҳмудов муроҷиинро қабул мекардааст. Хуб медонам, масъалае, ки матраҳ мекунам, дар сатҳи ӯ ҳалл намешавад. Барои ҳамин ба ҳузураш надаромадам.
–Муносибати шумо бо мақомоти расмии Маскав чӣ гуна аст?
-Барои танқидҳоямон дар мавқеи мухолифат қарор дорем. Баъзе аз масъулон бо оромӣ моро қабул мекунанд ва ваъдаи ислоҳ шудан ҳам медиҳанд. Шояд аз хабар дошта бошед, ки як навбат вақти ба “спетсприёмник” рафтан, худи маро ҳам латукӯб карда буданд. Палатаи ҷамъиятии Маскав роҷеъ ба ин ҳолат як нишасти изтирорӣ доир кард. Дар бораи ин нишаст ва мӯҳтавои он низ дар Фейсбук маълумоти мусаввар дарҷ карда будам. Андрей Бабушкин, узви ин палата, ин қадар дилаш ба ҳоли тоҷикон месӯзад, ки ҳатто як ҳамватани мо ба ин дараҷа аз ҳоли муҳоҷирин нороҳат намешавад. Ӯ сардори “спетсприёмник” ва сардори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Маскав (ФМС) даъват кард ва ба ибораи мардумӣ “рост” монда, саволу ҷавоб кард. Онҳоро водор кард, то аз ман маъзарат пурсанд. Эътироф карданд, ки иштибоҳ аз ҷониби онҳост, ки назорати дурустро ба роҳ намондаанд ва кормандеро, ки маро азият дода буд, аз мақоми хидматӣ поин оварданд ва як огоҳии қатъӣ (строгый выговор) доданд.