Пояҳои демократия ва ё хусусиятҳои демократия, ки айни замон аксар кишварҳо худро тобеъ ва пайрав аз он медонанд, тайи чор соли ахир дар Тоҷикистон рӯ ба нобудӣ овардааст. Яъне демократияе, ки дар он озодӣ ва баробарҳуқуқӣ дида шавад, дар Тоҷикистон чунин демократия ба назар намерасад.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз “К – ниюз”, дар охирин гузориши Хонаи Озодӣ, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, низоми сиёсии Тоҷикистон дар рутбабандӣ мақоми 6.25 – ро дарёфт кардааст. Ҳамзамон Тоҷикистон дар баробари кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбакистон дар гурӯҳи режимҳои истибдодӣ ҷой гирифт.
Ин гузориш кишварҳои Арманистон, Қирғизистон ва Косоворо дар гурӯҳи режимҳои нисбатан демократӣ (миёна) қарор додааст.
Фишорҳои пай дар пай бар мухолифин, ноадолатиҳо дар системаи қазоии кишвар ва шароити номусоиди зиндонҳо боис шуда, ки Тоҷикистон чунин мақомро ба даст биёрад. Гузориши Хонаи Озодӣ ҳамаи ин ноадолатиҳо дар Тоҷикистонро ба назар гирифта, низоми демократӣ дар кишварро ғайри қобили қабул донист.
Бар асоси ин гузориш, кишварҳои Эстония, Ҷумҳурии Чек, Лаҳистон, Славакия ва чанд кишвари дигар дар гурӯҳи кишварҳои комилан демократӣ қарор доранд, ки тайи солҳои гузашта зулму таъқиб ва шиканҷае дар онҳо нисбати шаҳрвандон ва мухолифини ҳукуматҳо дида намешавад.