Себистони Данғара: Роҳбар бояд роҳро аз чоҳ фарқ кунад

  • Home
  • -
  • Себистони Данғара: Роҳбар бояд роҳро аз чоҳ фарқ кунад

Себистони Данғара: Роҳбар бояд роҳро аз чоҳ фарқ кунад

Дар остонаи ҷашни 18-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, мебоист масъулини мақомот каме ҳам бошад, мардуми бе ин ҳам гирифтори ҳазор ғаму андуҳро ба ҳоли худ мегузоштанд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ҳанӯз дар баъзе манотиқ масъулин ошкоро ва дастаҷамъона болои аъзои ҲНИТ аз фишор ва таъқиб кор мегиранд.

Шояд барои иддае аз масъулин Қонуни асосии кишвар саҳифае чанд беш арзиш надошта бошад, ки тайи моҳҳои ахир хилофи он кору фаъолият мекунанд. Аммо бо чунин ҳол, касе гуфта наметавонад, ки вақте кишвар бо қонунҳои нонавишта ё ба ибораи мардумӣ “қонуни ҷангал” идора карда мешавад, чӣ паёмадҳое ба дунбол хоҳад дошт. Вақте қонун эҳтиром ва риоя намешавад ва касоне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд, гӯё ҳомиёни қонунанд. Саволе ба миён меояд, ки вақте ҳомиёни қонун ба қонун ин гуна муносибат мекунанд, пас шаҳрвандони оддӣ чӣ кор кунанд? Чунин ба назар мерасад, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомот дар ин авохир иҷборан хориҷ кардани аъзои ҳизб аз сафи он бошад.

Сайдулло Мирзоев, узви ҲНИТ аз ноҳияи Данғара, 24 июни соли ҷорӣ ба “Наҳзат”иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз раиси ҷамоати Себистон Карим Саидов ҳамроҳ бо чанд нафар кормандони мақомоти қудратӣ вориди манзили истиқоматияш шуда, аз падар ва модараш бо эҷоди фазои тарсу ваҳшат талаб карданд, ки фарзандатро бифаҳмон, ки ҳарчи зудтар аз сафи ҲНИТ хориҷ шавад. Ин дар ҳоле сурат гирифт, ки худи С. Мирзоев дар манзил қарор надошт. Падараш баъдтар вазъиятро барои ӯ шарҳ дод.

Пас аз чанде Карим Саидов, ки рақами телефонамро аз хонаамон дарёфт карда, ба ман занг зада, қотеъона талаб кард, ки аризаи аз ҳизб хориҷ шуданро нависам, мегӯяд, С. Мирзоев.

Дар саволи ман, ки дар кадом асос шумо чунин талаб мекунед? Оё мо дар ягон ҳизби ғайриқонунӣ ва ё ғайрирасмӣ фаъолият дорем, ки аз он даст кашем, раис ҷамоат гуфт, дар сурати аз ҳизб хориҷ нашудан, хуб фикратонро кунед. Бори дигар вақте аз масъули ҷамоат ин талабро кардам, ки чаро бидуни содир кардани ягон намуди ҷиноят шумо ҳамроҳ бо теъдоде аз кормандони мақомоти қудратӣ вориди манзили мо мешавед, эшон дар посух гуфтанд, шумо сокини ҷамоати мо мебошед ва мо ин ҳақро дорем, таъкид мекунад, С. Мирзоев.

Шигифтовар аст, вақте худи роҳбар дар сатҳи як маҳал, ки мақомоти болои ӯро ба ҳайси намояндаи худ бармегузинанд, роҳро аз чоҳ фарқ намекунад. Вой бар ҳоли сокинони чунин маҳал бо чунин роҳбар.

Tags:

Share:

Leave Comment