22 июни соли равон дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо ширкати хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар қисмати аввали ин нишаст, филми 20 дақиқаи оид ба фишору таъқибҳо болои аъзои ҲНИТ дар манотиқи мухталифи кишвар аз тарафи мақомот манзури ҳозирин гардид. Дар филми мазкур раисони бахшҳои ҳизбӣ ва аъзое, ки аз тарафи мақомоти қудратӣ ва ҳукуматӣ мавриди фишору таъқиб ва озор қарор гирифта буданд, намоиш дода шуд.
Дар қисмати баъдии ин нишаст муовини аввали раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ, дар робита ба вазъияти кунунии ҳизб, раванди интихоботҳои гузашта, марҳилаҳои фишор ва муносибати мақомот дар маҳалҳо болои аъзои ҲНИТ суҳбат кард.
Инчунин муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит низ оид ба эҷоди фазои носолим аз тарафи мақомоти қудратӣ ва нақзи рӯирости қонунҳои ҷории кишвар аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ ибрози андеша намуд.
Қисмати поёнии нишасти матбуотӣ иборат аз суолу ҷавоби рӯзноманигорон мебошад, ки тафсилоти бештари онро дар саҳифаҳои баъдӣ тақдими хонанда хоҳем кард.