Президент чаро хомӯш аст?

  • Home
  • -
  • Президент чаро хомӯш аст?

Президент чаро хомӯш аст?

Ростӣ, ки хеле дардовару ғамовар аст вақте тариқи расонаҳо мехонӣ, ки дар фалон ноҳияи кишвар милисаву ходимони амниятӣ ва ё мақомоти маҳаллӣ бидуни айбу гуноҳе узви фаъоли ҲНИТ-ро боздошт кардаанд ва ё манзили нафаре аз узви фаъоли ҳизбро мавриди кофтукоб қарор додаанд. Ва чунин хабарҳо қариб ки ҳар руз тариқи интернет ба нашр мерасанд ва аз чунин тасмимгириҳои масъулини кишвар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам хабардор аст.

Ҳар рӯз ҳуқуқи аъзои ин ҳизби дар асоси қавонини кишвар амалкунанда поймол мегардад. Аммо касеро парвое нест ва ин ҳама хушунаткориҳоро касе намебинад, агар бинад ҳам дар қиболи онҳо амалкардеро раво намебинад.

Худ қазоват кунед, дар тамоми нуқоти ҷумҳурӣ алайҳи ҲНИТ мубориза рафта истодааст. Бо ҳар гуна баҳонаҳои сохтаву аз ҷониби мақомот эҷодгашта аъзои ҲНИТ ба прокуратураву милисаву амният даъват шуда, бозпурсӣ мешаванд, ки асноди хонааш номукаммал аст ва ё тиҷораташ ғайриқонунист ва ғайраву ҳоказо. Баъдан дар анҷоми сӯҳбат пешорӯи даъватшудаҳо шарту талаб мегузоранд, ки агар аз ҲНИТ рӯ тобад, ҳамаи корҳояш сад мешаванд. Инро ҳатто афроди ғайриҳизбӣ аз навоҳии Шаҳритусу Қубодиёну Бешкенту дигар навоҳии вилояти Хатлон мегӯянд ва дар ҳайрат аз онанд, ки чаро ин ҳамаро ҳомиёни ҳуқуқи башар намебинанд? Чаро президенти кишвар, ки кафили сулҳу оштӣ дар кишвар аст, садди роҳи чунин афроди соҳибкурсии ғаразҷӯнамегардад? Шояд атрофиёну мансабдорон маълумоти дурусту воқеъӣ надиҳанд, магар президент аз расонаҳои интернетӣ, ки лаҳза ба лаҳза хабар нашр мекунанд, аз ин раванди душманҷӯӣ, барҳамзании Ваҳдати милливу суботу оромӣ огоҳ намешавад? Ин ҳама дар ҳолест, ки ҲНИТ ба идораҳои марбута нома ирсол карда аз қонуншиканиҳои масъулин факту далелҳо оварда буд. Ҳатто чунин номаи дод унвонии президенти кишвар Э. Раҳмон низ ирсол гашта буд. Аммо ҳамоно хомӯшист ва аҳвол бадтар гашту беҳтар не.

Шигифтангез он аст, ки ин ҳама тасмимгириҳои мақомот алайҳи ҲНИТ дар остонаи ҷашни Ваҳдат сурат гирифта истодааст ва касе аз курсинишинон намегӯяд, ки ба хотири пойдории сулҳу оромиши кишвар лаҳзае таваққуф бояд кард. Лаҳзае он рӯзҳои сахту вазнини миллат пеши назар бояд овард. Ҳар ду ҷониб ҳам пайи барқарории сулҳ ва ободии диёр чӣ заҳматҳое кашиданд. Аммо не, он рӯзҳои сахт фаромӯш гашт ва имрӯз, ки масъулини кишвар аз пушти сулҳи ба дастомада дар майдони кишвар асптозӣ доранд, маълум, ки ба қадри сулҳ намерасанд.

Чун аз боби сулҳу оштӣ сухан равад, масъулин он қадар атрофи сулҳу ба имзорасии созишномаи сулҳ бо дард ҳарф мезананд, ки кас гумон мекунад, ки воқеан ҳам ин теъдод аз масъул сулҳофаранд. Аммо ин ҳама гапу гуфтор танҳо ба хотири худнамоишдиҳӣ ва адои расмият асту бас. Дар асл бошад, кинатузиву бадбинӣ дар қалби ҳар яке лона гузошта, ки хостаҳои олуда бо ғарази худро мехоҳанд бори дигар бо шеваю усулҳои муносиб ба худ роҳандозӣ кунанд. Магар ҳамин аст ваҳдати миллӣ? Магар ҳамин аст сулҳи комил? Чаро аз чизи набуда ин теъдод чизе сохтанӣ мешаванд ва воқеияту ҳақиқатро хокпошӣ доранд?

Ин ҳафта ҳафтаи Ваҳдат аст ва набояд ҳар гуна хушунаткориҳову тавтиаи мақомот амалӣ гардад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар даҳаи раҳмати моҳи шарифи Рамазон қарор дорем ва набояд дилозурдагӣ кард, кинаву кудурат дар дил парварид ва мардумозорӣ намуд. Агар не, он гоҳ Худо моро нахоҳад бахшид, рӯҳи поки шермардони миллат, ки шаҳиди роҳи озодӣ шудаанд, нороҳат хоҳад гашт.

Аббос Раҳимов

Tags:

Share:

Leave Comment