Давлатов Абдуқаҳҳор Абдукаримович 5 августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷалолуддини Румии имрӯз) дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишкадаи забони арабӣ ба номи Имом Абӯҳанифа ва сипас факултаи журналистикаву тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дипломи «иқтисодиёти ҷаҳон»-ро аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарёфт намудааст. Яъне дорандаи се дипломи маълумоти олӣ мебошад. Пеш аз боздошт дар яке аз Донишгоҳҳои шаҳри Маскави Русия дар кушиши ҳимояи рисолаи номзади илм буд.
Фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ ва расонаияш паҳнои гуногун дошта, ӯ аз котиби дастгоҳ ва муовини раиси шуъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ дар ҲНИТ то сармуҳарририи ҳафтаномаи «Наҷот» фаъолият кардааст ва узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ буд. Дар баробари фаъолияти ҳизбӣ, ҳамчун ёвари директори хабаргузории «Мизон», сармутахассиси Маркази матбуоти Вазорати саноат, директори Маркази таҳлилии «Пресс-панорама» ва дигар сохторҳо низ кор кардааст. Забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабиро медонад. Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.
Дар миёнаҳои сентябри соли 2015 мақомоти КДАМ ӯро бо иттиҳоми «ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода» боздошт карданд. 9 феврали 2016 дар Додгоҳи олӣ муҳокимаи парвандаи гурӯҳи роҳбарони ҲНИТ, аз ҷумла Абдуқаҳҳори Давлат, оғоз ёфт ва 2 июни 2016 ӯ ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.
Созмонҳои байналмилалӣ ба қазияи ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Коммиссариати олии ҳуқуқи башари СММ боздошт ва ҳабси ӯро золимона ва беасос дониста, озодии бечунучарои ӯро аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст.