Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, сиёсатмадор аз сафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ ва дорандаи ордени «Дӯстӣ» (18.08.1998) буд.
Ӯ 3 январи соли 1959 дар ноҳияи Ховалинг собиқ вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш аз мардуми Вахё (Тавилдара) ва модараш зодаи Ховалинг будаанд.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад маъруф бо номи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ, яке аз камшумортарин олимони илми дин дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Ӯро метавон дар радифи бузургоне мисли Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Абдуллоҳи Нурӣ ва Мавлавӣ Қумсангирӣ ном бурд.
Илми динро дар назди яке аз олимони замони худ Қорӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ (Ҳиндустонӣ) гирифта дар илми фиқҳ, сарфу наҳв, тафсир ва ҳадис яке аз олимони замони мо шинохта мешавад.
Сентябри соли 2015 мақомоти қудратии кишвар ӯро, якҷо бо чанде аз роҳбарони ҲНИТ, боздошт карданд. Пас аз тафтишоти ғайриқонунӣ ва муҳокимаи пӯшидаву фармоишӣ, Додгоҳи олӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро ба 23 соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм намуд.
Дар айбномаҳо мақомоти айбдоркунӣ ӯро ҳамчун рӯҳонии шинохта дар ҲНИТ муаррифӣ карда, ба «тарбияи ғоявӣ», «таъмини силоҳ» ва ҳамоҳангии амалҳо пас аз берунравии раиси ҳизб аз кишвар нисбат додаанд. Дар кофтуков аз манзилаш гуё адабиёти динӣ, аз ҷумла китоби «Ваҳдат ва амнияти миллӣ дар партави вилоят» мусодира шудааст. Хулосаи ташхисҳои расмӣ ин китобро дорои «ақидаҳои мазҳабӣ ва барангезандаи кинаву адоват» номидааст. Бо вуҷуди ин, берун аз суханони умумӣ далели боэътимод пешниҳод нашуда, шоҳиди калидӣ ҳатто ӯро дар додгоҳ нашинохт ва санадҳои исботкунандаи ҷурми ӯ ба парванда ворид нагардид.
Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, ҳамроҳ бо Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Қиёмиддини Аваз, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Ғайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов боздошт шуда буд.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад пас аз 8 соли адои ҷазо, рӯзи ҷумъа, 26 июли соли 2025, баъд аз як ҳафта бистарӣ будан дар беморхонаи зиндони Ваҳдат, дар синни 65-солагӣ дар зиндони золимон даргузашт.