Зиндагиномаи Қаландари Садриддин

  • Home
  • -
  • Зиндагиномаи Қаландари Садриддин

Зиндагиномаи Қаландари Садриддин

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин 27 декабри соли 1951 дар деҳаи Яхаки ноҳияи Дарбанд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, улуми ибтидоии исломиро низ дар ҳамон ҷо омӯхтааст.

Соли 1970, баъди даргузашти падару модар, ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) кӯчида, нахуст дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ ба ҳайси мудири мағоза ба кор шурӯъ намуд. Минбаъд то соли 1992 роҳбарии корхонаи зарфсозии ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-ро ба уҳда дошт. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи молия ва қарз ба таври ғоибона хатм кардааст.

Фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор меравад. 20 апрели соли 1973 нахустин маҷлиси муассисони созмони «Наҳзати ҷавонони исломӣ» (ки баъдан ҲНИТ ном гирифт) дар манзили ӯ баргузор шудааст. Дар он замон Қаландари Садриддин ҳамагӣ 22-сола буд.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, ӯ аз аввалин зиндониёни сиёсӣ бо иттиҳоми фаъолиятҳои исломӣ маҳсуб меёфт. Номи ӯ дар расонаҳои хориҷӣ низ садо дода, ҳамчун шахси таъқибшудаи сиёсӣ муаррифӣ мегардид.

Бо оғози ҷанги дохилӣ соли 1992 ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва то соли 1997 роҳбарии Раёсати умури муҳоҷиратро ба уҳда дошт. Як муддат  роҳбарии дафтари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро дар шаҳри Ҳироти Афғонистон ба ӯҳда дошт. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Тоҷикистон баргашт ва дар зеркомиссияи кор бо муҳоҷирини Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кард.

Қаландари Садриддин солҳои 2000-2010 роҳбари шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва аз соли 2010 узви Академияи исломии ҲНИТ ва узви раёсати олии ин ҳизб буд.

Ӯ аз худ китобҳои бо номи “Биҳишти нақд” ва “Аз сабзиш то лағжиш”  боқӣ гузошт. Дар моҳҳои охири зиндагиаш Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин машғули таълифи ду китоби дигаре бо номҳои “Шаҷараномаи хулафои рошидин” ва “Таърихи Бухоро аз асри 15 то кунун” будааст. Соҳиби 5 духтару 7 писар аст.

Фишор ва муҳоҷират

Баъди мамнуъ шудани фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015, мақомоти амниятии Тоҷикистон борҳо ӯро мавриди бозпурсӣ ва фишор қарор доданд. Ба гуфтаи наздиконаш, танҳо дар вилояти Хатлон ва Душанбе беш аз 100 маротиба ба идораҳои амниятӣ оварда шудааст.

Моҳи майи соли 2017 дар шуъбаи корҳои дохилӣ мавриди шиканҷа қарор гирифта, ба сактаи майна (инсулт) дучор шуд. Пас аз се моҳи табобат бо ҳолати сангин кишварро тарк намуда, моҳи сентябри соли 2017 ба Лаҳистон паноҳанда шуд.

Вафот

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин аз ҳамон вақт то поёни умр дар шаҳри Варшава зери муроқабати табибон қарор дошт. Баъди як давраи тӯлонии беморӣ даргузашт ва рӯзи 26 марти соли 2019  дар қабристони мусалмонони Варшава ба хок супорида шуд.