Зиндагиномаи Одинабеки Абдусалом

  • Home
  • -
  • Зиндагиномаи Одинабеки Абдусалом

Зиндагиномаи Одинабеки Абдусалом

Одинабеки Абдусалом 25 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пилдуни ноҳияи собиқ Ҷиргатол (ҳоло Лахш) таваллуд шудааст.

Солҳои 1970–1971 ӯ дар Олмон хидмати ҳарбиро дар сафи Артиши Шӯравӣ адо намудааст. Маълумоти ибтидоии динӣ ва маънавиро дар назди бобои худ гирифта, сипас соли 1972 барои такмили донишҳои исломӣ ба назди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ меравад ва муддате ба ӯ шогирдӣ мекунад. Ҳамчунин хатмкардаи донишкадаи ҳуқуқшиносӣ дар Русия мебошад.

Дар соли 1973, бо ҳамроҳии чанд тан аз ҷавонони ҳамфикр, дар ташкили созмони «Наҳзати ҷавонон» саҳми фаъол мегузорад ва ҳамин тавр яке аз муассисони ҲНИТ мебошад. Соли 1978 ӯ ба ҳайси масъули равобит аз ҷониби Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои собиқ Шӯравӣ сафар карда, барои эҷоди иртибот миёни ҷавонони бедор ва ҳушёри ин минтақаҳо талошҳои арзанда ба харҷ медиҳад.

Дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992–1997 Одинабеки Абдусалом маҷбур мешавад дар Афғонистон ба ҳайси муҳоҷир иқомат кунад.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳи тоҷикон, солҳои 1997–2000 ӯ узви зеркомиссияи низомии Комиссияи оштии миллӣ буда, дар раванди сулҳу суботи кишвар саҳм мегузорад. Соли 1999, дар Анҷумани таъсисии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ӯ ба ҳайси узви Раёсати Олии ҳизб интихоб мегардад.

Одинабеки Абдусалом оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд мебошад.