Зиндагиномаи Муҳиддин Кабирӣ

  • Home
  • -
  • Зиндагиномаи Муҳиддин Кабирӣ

Зиндагиномаи Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ 20 июни соли 1965 дар деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро то синфи ҳаштум дар деҳаи Ҳайтак, мактаби рақами 15 хатм намудааст. Соли 1980, дар синни 15-солагӣ фаъолияти меҳнатии худро дар Совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод оғоз намуда, ҳамон сол бо роҳхати совхоз ба техникуми статистикии шаҳри Ваҳдат дохил мешавад. Соли 1983 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда, баъди чанд моҳи фаъолият дар совхоз ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мегардад.

 

Хидмати ҳарбиро дар давоми ду сол дар кишварҳои Гурҷистон, Украина, Арманистон, Озарбойҷон ва Русия анҷом додааст. Пас аз он дубора ба совхози «Октябр» баргашта, фаъолияти худро идома медиҳад.

 

Соли 1987 ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1991 бо дипломи аъло хатм мекунад. Ҳамон сол барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи шаҳри Санъои Яман рафта, забони арабиро сайқал медиҳад. Баъди бозгашт аз Яман ба Русия сафар намуда, дар шаҳри Маскав фаъолияти иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятии худро оғоз мекунад.

 

Соли 1993 ба Академияи дипломатии шаҳри Маскав шомил шуда, соли 1995 онро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм кардааст. Ҳамзамон дар солҳои таҳсил ва фаъолияти худ дар Маскав маркази фарҳангии «Сино»-ро таъсис дода, роҳбарии онро ба уҳда дошт ва дар баробари ин ба фаъолияти тиҷоратӣ низ машғул буд.

 

Солҳои 1995–1997 дар чандин даври музокироти сулҳи тоҷикон ба ҳайси коршинос ва кумакрасони Иттиҳоди неруҳои опозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) фаъолият карда, дар чандин музокирот  иштирок кардааст. Соли 1997 раиси Комиссияи оштии миллӣ, устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ӯро ба ҳайси ёвари худ ба Комиссия даъват кард. Аз аввали моҳи октябри соли 1997 то соли 1999 ба ҳайси ёвари раиси КОМ ва сипас чун узви КОМ дар зеркомиссияи сиёсӣ фаъолият дошт.

 

Ҳамон сол ба ҳайси узви Раёсати Олии ҲНИТ ва баъдан муовини раиси ҳизб интихоб гардид. Соли 2003 муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб шуд. Дар интихоботи соли 2005 аз ҳавзаи якмандатӣ вориди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва то соли 2015, ду даъват, дар тӯли 10 сол узви МН МО ҶТ буд.

 

Соли 2006, пас аз вафоти устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бо интихоботи дохилиҳизбӣ раиси ҲНИТ интихоб шуд. Дар интихоботҳои минбаъдаи дохилиҳизбӣ низ ду маротибаи дигар ба ин мақом такроран интихоб гардид.

 

Соли 2015, баъд аз интихоботи парлумонии тақаллубӣ, Муҳиддин Кабирӣ барои ширкат дар як конфпронси байналмилалӣ ба Малайзия сафар кард. Ҳангоми будубоши ӯ дар хориҷ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он тавассути сомонаи расмии ин ниҳод ва хабаргузории давлатии «Ховар» эълон шуд. Бо вуҷуди ин, пас аз чанд рӯз ин хабар аз ҳар ду сомона ҳазф гардид. Ба пурсишҳои такрории роҳбарияти ҲНИТ дар мавриди ҳақиқати боз шудани парванда мақомоти қудратӣ ҷавоби мушаххас надоданд. Аз ҳамин сабаб, моҳи майи соли 2015 Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифт, ки то замони муайян Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон барнагардад ва фаъолияти ҳизбро аз хориҷ роҳбарӣ кунад.

 

Моҳи сентябри соли 2015, баъд аз ҳодисаи марбут ба муовини вазири дифоъ, генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ки дар ҷараёни амалиёти мақомот кушта шуд, алайҳи ҲНИТ иттиҳомҳои сохтаи ҳамдастӣ эълон гардид. Фаъолияти ҳизб мамнӯъ эълон шуда, худи Муҳиддин Кабирӣ низ мутаҳам дониста шуд. Соли 2016 бо дархости Тоҷикистон ӯ ба рӯйхати байналмилалии ҷустуҷӯии Интерпол ворид гардид. Аммо Интерпол пас аз баррасии ҳамаҷониба эълон кард, ки иттиҳомҳои алайҳи Кабирӣ сирф сиёсӣ ва беасос буда, аз рӯйхат берун карда шуд. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, низ иттиҳомот алайҳи ҲНИТ ва роҳбарияти онро сиёсӣ ва беадолатона арзёбӣ карданд.

 

Соли 2018 Муҳиддин Кабирӣ ба намояндагӣ аз ҲНИТ дар таъсиси эътилофи неруҳои опозитсионии тоҷик бо номи Паймони миллии Тоҷикистон иштирок намуд ва аз ҳамон сол роҳбарии онро низ бар уҳда дорад. Ҳоло мақоми паноҳандагии сиёсиро дар яке аз кишварҳои аврупоӣ доро мебошад ва ҳамроҳи аҳли хонаводааш дар Аврупо зиндагӣ дорад.

 

Ба ҷуз аз фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ, ҳамеша ба кори илмӣ ва ҷамъиятӣ машғул аст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ буда, муассис ва сарпарасти Маркази таҳлилии «Диалог» мебошад, ки солҳои зиёд миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла динӣ ва дунявӣ, гуфтугӯ ва чорабиниҳои муштарак ташкил мекард.

 

Муҳиддин Кабирӣ муаллифи мақолаҳо ва мусоҳибаҳои сершумор буда, онҳо дар расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба нашр расидаанд. Ӯ дар донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Оксфорд, Колумбия, Вашингтон, Ексетер, Ҳумболдти Берлин, ҳамчунин дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ва шарқӣ суханронӣ намудааст. Дар баробари ин, ӯ ҳамчун коршинос ба конфронсҳои байналмилалӣ даъват шуда, дар онҳо суханронӣ кардааст.

 

Муҳиддин Кабирӣ ба рӯйхати ҷаҳонии 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон шомил гардида буд. Ӯ ҳамчунин аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои фаъолиятҳои худ дар Комиссияи оштии миллӣ бо нишону медалҳои фахрӣ сарфароз шудааст.

 

Дар таърихи сиёсат ва иқтисодиёти Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ аввалин сиёсатмадоре буд, ки қабл аз интихоб шуданаш ба ҳайси раиси ҲНИТ ва қабл аз вакилии парлумон тамоми моликият ва дороиҳои худро расман сабт намуда, ба мақомоти давлатӣ декларатсияи расмӣ пешниҳод кард. Ин иқдоми бесобиқа баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, зеро барои нахустин бор як сиёсатмадор дороиҳои худро ошкоро ба ҷомеа ва давлат эълон карда буд. Ин амр ба мақомот хуш наомад, чун нигаронӣ доштанд, ки чунин иқдом саволҳоеро дар бораи дороиҳои худи онҳо низ ба вуҷуд хоҳад овард.

 

Муҳиддин Кабирӣ барои нахустин бор дар таърихи парлумони Тоҷикистон, пас аз он ки дар суханрониаш буридани бебандуборонаи дарахтони сояафкан ва нобудсозии гулгаштҳои пойтахтро интиқод кард, ба додгоҳ кашида шуда буд.  Ӯ ин амалро хилофи фарҳанги шаҳрсозӣ ва меъёрҳои экологӣ унвон намуда буд. Дар пайи шикояти шаҳрдори вақти Душанбе, додгоҳ ӯро муваззаф сохт, ки аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ кунад, вагарна бо ҷазоҳои сахттар рӯбарӯ хоҳад шуд. Аммо Кабирӣ ошкоро изҳор намуд, ки ҳаргиз узр намепурсад, зеро суханронии худро комилан дар чорчӯби қонун ва манфиатҳои миллӣ мешуморад.

 

Ин мавқеъ ва чунин рафторҳои сиёсиву шаҳрвандӣ барои мақомоти кишвар як падидаи чолишбарангез буд ва яке аз омилҳои асосии фишор алайҳи ӯ гардид. Ин фишорҳо ниҳоятан ба мусодираи моликият ва дороиҳояш анҷомиданд, ки ҳукумат онро на танҳо зарбаи сиёсиву иқтисодӣ ва равонӣ ба шахсияти ӯ, балки ба ҲНИТ низ мешуморид, зеро бахши муҳими маблағгузории фаъолияти ҲНИТ аз ҳисоби фаъолияти иқтисодиву тиҷоратии худи Кабирӣ ва ҳамчунин аъзо ва ҷонибдорони ҳизб таъмин мегардид.