Саодатшо Адолатшоев

  • Home
  • -
  • Саодатшо Адолатшоев

Саодатшо Адолатшоев

Саодатшо Адолатшоев  фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсатмадори тоҷик, аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ӯ дар сохтори минтақавии ҳизб ҳамчун узви Шӯрои сиёсӣ, муовини роҳбар ва баъдан роҳбари бахши ҲНИТ дар ВМКБ фаъолият кардааст. Дар баробари сиёсат, Адолатшоев собиқаи омӯзгорӣ дошт ва солҳои фаъолияти ҷамъиятии ӯ бештар бо масоили иҷтимоӣ, вазъи сиёсӣ дар Бадахшон ва ҳимоя аз мавқеи ҳамҳизбиёнаш пайванд мехӯрд.

Саодатшо Адолатшоев соли 1974 дар хонаводаи омӯзгор, дар минтақаи Язгулом ба дунё омадааст. Ӯ соҳиби маълумоти олӣ буда пас аз хатми таҳсили олӣ муддате ҳамчун омӯзгор дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Адолатшоев ба чанд забон, аз ҷумла арабӣ ва русӣ ҳарф мезанад. Ӯ оиладор буда, соҳиби шаш фарзанд аст.

Фаъолияти сиёсӣ дар ҲНИТ

Саодатшо Адолатшоев дар дохили ҲНИТ ҳамчун яке аз фаъолони сиёсии минтақаи Бадахшон шинохта мешуд. Аз рӯи маълумоти пешниҳодшуда, соли 2012 ӯ ба узвияти Раёсати вилоятии ҲНИТ интихоб шуда, ҳамзамон роҳбарии сохтори ҳизб дар ВМКБ-ро ба уҳда гирифт.

Адолатшоев дар масъалаҳои сиёсӣ мавқеи ошкор дошт ва аз ҷумла дар суҳбат бо расонаҳо борҳо таъкид мекард, ки ба зӯроварӣ ва ҷанг мухолиф аст. Дар яке аз мусоҳибаҳои моҳи августи соли 2013 ӯ гуфта буд, ки ҳеҷ кас набояд барои ба даст овардани қудрат аз роҳи ҷанг истифода кунад ва худи ӯ ҳамеша ҷонибдори роҳҳои осоишта будааст.

Ҳамлаи 15 августи соли 2013

Шоми 15 августи соли 2013 гурӯҳи кории ҲНИТ, ки барои анҷоми сафари хизматӣ дар Бадахшон қарор дошт, дар роҳи аз ноҳияи Рӯшон ба тарафи Шуғнон мавриди таъқиб ва ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.

Ба гуфтаи Зарафо Раҳмонӣ, яке аз иштирокдорони сафар, аз замони тарки Рӯшон мошини «Тангем» аз паси онҳо ҳаракат мекард. Наздики Шуғнон афроди дохили он мошин поин шуда, ба гурӯҳи ҲНИТ ҳамла карданд.

Дар ин ҳодиса бештар Саодатшо Адолатшоев мавриди латукӯб қарор гирифт. Ҳамроҳонаш ӯро зуд ба мошини худ савор карда, ба тарафи Хоруғ бурданд. Таъқибгарон танҳо баъди расидани мошини гурӯҳ ба минтақаи серодами Хоруғ аз дунболашон гаштаанд.

Пас аз ҳодиса ҳайати ҲНИТ ба идораи пулиси шаҳри Хоруғ муроҷиат карда, расман ариза навишт. Худи Адолатшоев баъдан барои ташхис ба беморхона рафт.

Мусоҳибаи 16 августи соли 2013

Рӯзи 16 августи соли 2013, як рӯз баъд аз ҳамла, Саодатшо Адолатшоев дар мусоҳиба бо Хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки ҳамлагаронро намешиносад ва ба назари ӯ онҳо сокинони Бадахшон набуданд.

Ӯ иддао кард, ки тарзи таъқиб ва муносибати гурӯҳи ношинос ба фаъолиятҳои қаблии мақомоти амниятӣ шабоҳат дошт. Адолатшоев ҳамчунин гуфт, ки пештар ҳам худро таҳти фишор ва таъқиб эҳсос мекард. Ӯ як мисол овард ки ҳангоми даргириҳои Хоруғ, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки худаш бинобар бо ҷароҳат дар шуъбаи эҳёгарии беморхона қарор дошт, дар бораи пайвастанаш ба гурӯҳҳои мусаллаҳ хабар паҳн шуда буд. Вай ин иддаоро рад карда, таъкид кард, ки ҳамеша муқобили ҷанг будааст.

Дар ҳамон мусоҳиба ӯ аз мавридҳои фишор болои дигар аъзои ҲНИТ дар Бадахшон низ ёдовар шуд ва гуфт, ки бархе фаъолони маҳаллӣ маҷбур карда мешуданд алайҳи ҳизб изҳорот диҳанд.

Боздошт

 Саодатшо Адолатшоев рӯзи 2 сентябри соли 2013 аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид ва ба 5 солу 6 моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.